Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораҳо ва аҳдофи давлат


Таҷлили бузургдошти Соли Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир ба ибтикори президент Раҳмон, солрӯзи шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар пайи касби истиқлоли Тоҷикистон дар аввали даҳаи 1990 милодӣ, таҷлил ва бузургдошти давлатдорон ва шахсиятҳои фарҳангӣ ва сиёсии ин кишвар ба ҳукми анъана даромада, ва ба ин тартиб, таҷлили 1100-солагии давлатдории Сомониён, 3000-солагии фарҳанги Зардуштӣ, 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150 – умин солрӯзи Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамакнун 1310-солрӯзи Имоми Аъзам Абуҳанифа, пешвои мазҳаби Ҳанафӣ баргузор шудааст.

Мақомоти давлатӣ борҳо таъкид кардаанд, ки ба иллати вуҷуди маҳдудият ва монеаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар муддати беш аз 70 соли даврони Шӯравӣ миллати тоҷик ба фарҳангу адаби хеш ва гузаштагони бузаргаш ниёз дорад. Ҳатто Қурбон Восеъ, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҷлил ва бузургдошти фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро зарурати бақои ин миллат медонад, «аслан барои як миллатро миллат сохтан ва давлатро давлат сохтан, миллати огоҳ , бедордил ва худшинос лозим аст. Ба ин далел фармони раиси ҷумҳур дар мавриди таҷлили шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ содир шудааст».

Қурбон Восеъ мӯътақид ба он аст, ки дар шароити пас аз фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ, миллати тоҷик ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ бештар ниёз дошт. Зеро, ба гуфтаи оқои Восеъ, бо даст ёфтан ба истиқлол кишвар вориди як ҷанги панҷсолаи дохилӣ гардид, ки дар ниҳоят ба бесарусомонӣ ва парокандагии ҷомеъа оварда расонд. Дар чунин вазъият, оқои Восеъ мегӯяд, руҷӯъ кардан ба фарҳангу тамаддуни кӯҳани хеш ва сабақ гирифтан аз таълимоти оламгири шахсиятҳои фарҳехтаи миллат ба манзури наҷоти мардуми тоҷик омили муҳиме дониста шуд.

Аммо суоли матраҳ низ ин аст, ки президент Раҳмон ва давлати Тоҷикистон аз тариқи таҷлил ва бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии тоҷик ба аҳдофи хеш муваффақ шудааст?

Абдулло Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон, маҳз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва ваҳдати ақидатӣ будааст, ки ҷомеъаро ҳифз кардааст. Раҳнамо дар мавриди бузургдошти арзишҳои таърихӣ ва миллӣ тавассути давлати Тоҷикистон гуфт, «ҳар як ҷашнвора як қадами мусбате дар ваҳдати миллӣ ва худшиносӣ будааст. Сол аз сол мебинем, ки ҳамин иқдомот самимитар мешавад ва Соли Имоми Аъзам нисбати солҳои пеш истиқболи васеъи мардумӣ ёфт. Дар сатҳи давлат таҷлил шудан, боис шудааст, ки давлатро бо мардум хеле наздиктар кардааст. Ба ин далел натиҷаи аввалин онро метавон гуфт, ки мардум бо давлат хеле ва хеле пайванд шудаанд».

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки давлат ба ҳангоми таҷлили Соли тамаддуни ориёӣ, ба аҳдофи худ нарасид. Зеро, ба гуфтаи Кабирӣ, мақомот дарк карданд, ки ин арзишҳо танҳо дар доираи ҳукумат ва бархе аз зиёиён маҳдуд аст ва бо поёни ин сол, сӯҳбатҳо дар ин замина аз байн рафт. Дар муқобил, Кабирӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзамро калидӣ медонад ва мегӯяд, мақомот дарк карданд, ки танҳо аз тариқи мазҳаб метавон ба худшиносии комили миллӣ расид. Бо ин ҳам нигаронии Муҳиддин Кабирӣ аз он аст, ки дар гуфтор ва рафтори давлат дар заминаи бузургдошти Соли Имоми Аъзам таноқуз ба чашм мехӯрад, «зеро дар рафтори бархе аз масъулон мушоҳида мешавад, ки маҳдудиятҳоеро барои мусалмонон, назири сатр барои духтарон ва дигар аъмол эҷод мекунанд. Дер ё зуд ин масъулон ба ин мерасанд, ки бояд рафторашонро бо гуфторашон наздик кунанд. Дар акси ҳол, ин амр гиребонгири онҳо хоҳад шуд».

Ҳарчанд, Кабирӣ зиддият дар гуфтору рафтори мақомоти давлатиро муваққатӣ медонад, аммо мегӯяд, чунин амалкард дар нисбат ба мусалмонон пайомади номатлуберо хоҳад дошт, ки дар ниҳоят ба коста шудани обрӯ ва эътибори давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мунҷар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, соли 2010–ро соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом карда ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини сифати таълим ва рушди тафаккури техники ҷамъияти Тоҷикистонро аз аҳдофи ин амр унвон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки вуҷуди мушкилоти мухталиф дар арсаи маориф, ҳамеша мояи нигаронии мақомоти давлати Тоҷикистон будааст. Пас расидан ба аҳдофи давлат дар ин заминаро танҳо вақт собит хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG