Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон барои аввалин бор мутахассисони бахши идораи умури мудирият омода карда мешаванд.

Ин хабарро Назира Ғаффорова, раиси Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 6 октябр, дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард. Ба гуфтаи хонум Ғаффорова, ин иқдом дар чорчӯби консепсияи давлатии сиёсати кадрии Тоҷикистон ва ба ҳадафи шафофият дар умури мудирият дар кишвар сурат мегирад.

Вай гуфт, «ҳамакнун дар донишкада магистуратура ташкил шуда ва беш аз 200 нафар довталаб ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд, ки имтиҳони қабул фардо дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон сурат хоҳад гирифт, ки 60 нафар интихоб хоҳад шуд».

Ин дар ҳолест, ки хонум Ғаффорова мегӯяд, то кунун Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бештар ба бозомӯзии кормандони давлатӣ дар кишвар машғул буда ва сиёсати кадрии кишварро афроди касбу кори гуногун, ба хусус омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Ба таъкиди масъулони раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, 90 дарсади кадрҳои идоракунии давлатӣ дар ин кишвар мутахассисони бо таҷрибаи даврони истиқлол буда ва танҳо 10 дарсади онҳо аз замони Шӯравии пешин ҳастанд ...
Ҷумъахон Давлатов, раиси Раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон низ ин нукта таъид кард ва гуфт, «омӯзгорон потенсиали ҷидди идораи давлатӣ аст. Дар баъзе мантақаҳо то 46 дарсади хизматчиёни давлатиро омӯзгорон ташкил медиҳад ва дар оянда низ аз ҳузури омӯзгорон истифода хоҳем кард».

Бо ин ҳам Давлатов сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистонро посухгӯи ниёзҳои ҷомеъа медонад. Ҳамакнун ба таъкиди масъулони раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, 90 дарсади кадрҳои идоракунии давлатӣ дар ин кишвар мутахассисони бо таҷрибаи даврони истиқлол буда ва танҳо 10 дарсади он аз замони Шӯравии пешин ҳастанд.

Ин масъулон мегӯянд, Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ модели хоси худро дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон сиёсати кадрии Тоҷикистонро давомдиҳандаи сиёсати даврони Шӯравӣ медонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба чунин вазъ ин соҳибназарон ба муваффақ будани сиёсати кадрии ҳукумати кишвар шакк доранд ва мӯътақид бар онанд, ки бештари кадрҳо чун замони Шӯравӣ хоси як минтақа ва ё аз наздикони раиси ҷумҳур ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон борҳо дар матбуоти ин кишвар мавриди интиқод қарор гирифта ва нигаронии ҷомеа ин аст, ки бархе аз вазирон дар курсии мансаб солҳо боз нишастаанд.

Аммо назари Ҷумъахон Давлатов, раиси раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар ин бора дигар аст. Вай мегӯяд, «ин масъалаҳо таҳлил ва баҳогузорӣ карда мешавад ва баъд вазир ба мӯҳлати дуюм пазируфта мешавад. Масалан, вазири молия, танҳо пас аз рафтани ин шахс мумкин аст, Тоҷикистон орзуи чунин шахсеро дар мансаби вазири молия кунад. Ҳарчанд Сафаралӣ Наҷмиддинов мавриди танқиди ҷиддӣ қарор мегирад, аммо ҳеҷ гоҳ дар бораи ба камбудиҳо роҳ додани вай ё ба коррупсия роҳ доданаш дар матбуот навишта нашудааст. Ба ин далел пазируфта шудани Сафаралӣ Наҷмиддинов ба вазири молия дуруст аст ва идомаи фаъолияти вай дар ин мансаб дуруст баҳогузорӣ шудааст».

Бо ин ҳам ба таъкиди ҷаноби Давлатов танзими сиёсати кадрии вазирон, ба хусус аъзои ҳукумат, ваколати раёсати хизмати давлатӣ набуда ва салоҳияти мушовири давлатӣ дар умури сиёсати кадрҳои дастгоҳи президенти Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Давлатов, раёсати хизмати давлатӣ лоиҳаи нави тағийроту иловаҳо ба қонуни хизмати давлатӣ дар Тоҷикистонро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки фаъолият дар ниҳоди давлатӣ ба ҷузъ аз вазирон, барои дилхоҳ хизматчии давлатӣ, 5 сол муқарар шудааст.

Аммо коршиносон ба таври воқеӣ дар амал иҷро шудани ин муқарраротро зери суол мебаранд. Зеро ба гуфтаи ин коршинсон, то замоне, ки мавориди ришвахорӣ ва маҳалгароӣ дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дорад, роҳ ёфтани афроди ботаҷриба ва соҳибтахассус ба сатҳҳои баланди давлатӣ имконнопазир аст.
XS
SM
MD
LG