Ин гузориш мегӯяд, мусалмонҳо ҳоло дар ҳама нуқоти ҷаҳон ба сар мебаранд, вале маҳалли таҷаммӯъи бештари онҳо дар Осиё мушоҳида мешавад. Ҳисоб шудааст, ки 60 дарсади мусалмонҳо ҳоло дар кишварҳои осиёӣ ва 20 фоизашон дар Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ба сар мебаранд. Дар айни замон, дар ин ду минтақаи ахир кишварҳои мусалмоннишини калонтарин ҷойгир шудаанд, яъне 95 дарсади онҳое, ки дар минтақаи Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ба сар мебаранд, пайрави дини Ислом будаанд.
Гузориши маркази таҳқиқотии Pew бар асоси омор ва маълумоти қобили дастраси 232 кишвари ҷаҳон таҳия шудааст. Барои таҳияи ин гузориш, ин ниҳод ҳудудан 50 мутахассиси соҳаи демография, донишмандони улуми иҷтимоӣ дар донишгоҳҳову марказҳои таҳқиқотии саросари ҷаҳонро ҷалб карда, бо садҳо манбаи иттилоотӣ, маълумоти омориву гузоришҳо кор кардааст.
Дар қаламравҳои дигар бошад, беш аз 300 миллион мусалмон, яъне аз ҳар панҷ кас як нафарашон дар манотиқе ба сар мебаранд, ки дини Ислом дар ин қаламрав мақоми асосиро касб намекунад. Масалан, дар Ҳинд 30 дарсади ҷамъияти мусалмонони ҷаҳон ба сар мебаранд. Чин назар ба Сурия ва Русия дар муқоиса бо Урдуну Либия мусалмони бештар доштааст.
Аз лиҳози мазҳабӣ ҳисоб шудааст, ки дар ҷаҳон феълан 10-13 дарсади мусалмонон пайрави мазҳаби шиа ва 87-90 дар сад суннимазҳаб будаанд. Аксар шиаён танҳо дар чаҳор кишвар ба сар мебурдаанд, яъне дар Эрону Покистону Ҳинду Ироқ.
Таҳқиқоти мазкур ҳисобҳои қаблан анҷомшударо рад мекунад, ки 1,8 миллиард сокини сайёраро мусалмонон ташкил медиҳанд.