Ҳарчанд дар ин паём ҷонибдории Тоҷикистон барои сулҳу осоиштагӣ ва рушду пешрафти Афғонистон таъкид шудааст, аммо президент Раҳмон, ба ҳам овардани ҳамаи неруҳои ватанпарвар, таҳкими рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва дар ин замина таъмини зиндагии осоишта ва осудаву ободи мардуми афғонро на танҳо аз орзуҳои деринаи халқи Афғонистон, балки аз ормонҳои сидқии мардуми Тоҷикистон дар ин марҳалаи ҳассоси тақдирсоз донистааст.
Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Ҳомид Карзай пас аз як рӯзи эъломи пирӯзии дубораи Ҳомиди Карзай дар интихоботи президентии Афғонистон ирсол шуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин рӯйдодро барои густариши бештари муносиботи бародаронаву дӯстона бо Афғонистон муҳим арзёбӣ кардааст. Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «ҳамкориҳо бо Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва равобити мо бо ин кишвари ҳамсоя густариш хоҳад ёфт. Зеро дар даври қаблии президентии Карзай ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар тавсеъа пайдо кард. Гумон дорам, дар марҳалаи ҷадид муносиботи мо ва он нияту нақшаҳое, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дорад, амалӣ хоҳанд шуд».
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, низ бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи Ҳомид Карзай, мутмаин аст, ки ҳамкориҳои ин кишвар бо Афғонистон ба марҳалаи ҷадиде ворид хоҳад шуд, «Карзай як шахсияти санҷидашуда аст дар сиёсат ва ба назари ман дар муносиботи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳеҷ гуна мушкил вуҷуд нахоҳад дошт. Зеро Карзай нияти нек ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дорад».
Гузоришҳои расмӣ низ аз рӯ ба густариш ёфтани равобит ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон бо Афғонистон дорад. Хоса, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бузургтарин пул миёни Тоҷикистон ва Афғонистон бар фарози дарёи Панҷ дар тобистони соли 2007 мизони табодули коло байни ду кишвари ҳамсоя ба маротиб афзуда, ва танҳо дар як соли ахир маблағи беш аз аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соле қабл се маротиба афзудааст. Ҳамакнун, тибқи тавофуқоти дуҷониба ва бисёрҷониба барномаҳои ҷадиде, назири эҳдоси пулу роҳҳои мошингард ва хатҳои интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ва аз тариқи ин кишвар ба Эрону Покистон дар ҳоли татбиқ аст.
Аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки танҳо беҳбуди вазъи амниятӣ метавонад ба иҷрои ин лоиҳаҳои ҳаётан муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон сабаб гардад. Маҳмадазимов мегӯяд,«маҳз ноустувории амниятӣ монеъи иҷрои тарҳҳои муҳим ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа аст».
Ин дар ҳолест, ки рақиби асосии Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо ишора ба фасоди фарогир дар Афғонистон мегӯяд, ҳукумати зери раҳбарии президент Карзай қудрати эҳёи назму суботро нахоҳад дошт. Абдуллоҳ қарори комиссияи интихоботии ин кишварро, ки Карзайро довталаби пирӯз эълон кардааст, "ғайришаръӣ" хонд. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул гуфт, «ин файсала мабнои қонунӣ надорад. Ва ҳукумате, ки бар асоси як файсалаи ғайриқонунӣ тавассути як марҷаи беэътибор, ки эътибори худро худаш хадчадор сохтаааст, ба миён меояд, наметавонад, ки қонуният биорад дар мамлакат, наметавонад, ки бо фасоди идорӣ мубориза кунад».
Ҳафтаи гузашта баъди худдории Абдуллоҳ аз ширкат дар даври ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурӣ ниҳоди мустақили нозири интихобот дар Афғонистон Ҳомиди Карзайро эълон кард. Даври аввали интихоботи президентии Афғонистон 20-уми август доир шуд. Ба қавли нозирони маҳалливу байналмилалӣ, овоздиҳӣ саршор аз тақаллуб буд. Баъди арзёбии шикоятҳо ниҳоди нозири интихобот пешниҳод карда буд, ки Карзай ва Абдуллоҳ дар таърихи 7-уми ноябр дар даври ниҳоии сабқати президентӣ ширкат варзанд.
Ҳафтаи равон Карзай изҳор намуд, ки дар паи ташкили ҳукумати ба истилоҳ қоидаи васеъ хоҳад шуд, вале Абдуллоҳ мегӯяд, ки ӯ дар чунин ҳукумат саҳм нахоҳад гирифт.