Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 16 зан аз ғуломӣ дар шаҳри Алмаато


Кормандони идораи корҳои дохилии Алмаато 16 нафар занро аз бардагӣ ва танфурӯшии иҷборӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои ин шаҳр озод кардаанд.

Кубейхон Нураҳмад, корманди масъули идораи корҳои дохилии вилояти Алмаато, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин духтарони ба дасти ғуломдорон афтодаро кормандони идораи мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Алмаато дар меҳмонхонаи «Жибек жолӣ», воқеъ дар бозори Олтин Орда, ки чун фоҳишахона хидмат мекард, озод кардаанд.

Оқои Нураҳмад изҳор кард, ки ҳангоми пиёдасозии амалиёти фаврии ҷустуҷӯӣ ошкор гардид, ки ин меҳмонхона чун занҷири дарози қочоқ аз Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба шаҳрҳои Қазоқистон - Алмаато, Тароз, Чимканд, Қизилорда ва имкон дорад, ба ҳудуди Русия низ хидмат мекард.

Аз ҷумлаи духтарони аз фоҳишахона раҳокардашуда 8 нафар шаҳрванди Ӯзбакистон, ду нафар аз Қирғизистон, як тан аз Тоҷикистон ва боқӣ ҳама шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд ...
Вале ба гуфтаи оқои Нураҳмад, аз ҷумлаи духтарони аз фоҳишахона раҳокардашуда 8 нафар шаҳрванди Ӯзбакистон, ду нафар аз Қирғизистон, як тан аз Тоҷикистон ва боқӣ ҳама шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.. Корманди масъули идораи корҳои дохилии вилояти Алмаато гуфт, «духтари тоҷикистонӣ 22 сол дошта, зодаи вилояти Суғд аст».

Корманди масъули идораи корҳои дохилии вилояти Алмаато афзуд, ки ин фоҳишахона аз ҷониби марди маҳаллии 29-сола ташкил карда шуда, дар он вай духтаронро ба таври иҷборӣ ба танфурӯшӣ маҷбур мекардааст. Ҳамчунин ба ӯ се шаҳрванди дигари Қазоқистон, ки аз 19 то 38-сола ҳастанд, дар кори роҳандозии ин шабакаи қочоқи инсон ва ба танфурӯшӣ ҷалб кардани духтарон ҳамдастӣ мекардаанд ва ҳамаи онҳо боздошт карда шуда, алъон дар маҳбас ҳастанд.

Оқои Нураҳмад иброз дошт, алъон идораи корҳои дохилии вилояти Алмаато таҳқиқи ин ҳодисаро шурӯъ карда, аз рӯи бандҳои марбут ба маҳрумияти ғайриқонунӣ аз озодӣ, сарпарастии фоҳишахона ва танфурӯшон ва водоркунии шахсони зиёд ба фоҳишагӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре аз таҳқиқоти муқаддамотӣ ошкор гардид, ағлаби духтаронро ташкилкунандагони фоҳишахона ба ин амали нораво маҷбуран истифода кардаанд. Аз ин хотир духтарони раҳошуда тибқи қарори идораи корҳои дохилаи ноҳияи Қарасайи вилояти Алмаато аз ҷониби кормандони интизомӣ зери ҳимояи қонун гирифта шудаанд.

Соли равон дар Қазоқистон чанд амалиёт алайҳи қочоқбарони инсон пиёда шуда, дар натиҷаи онҳо чандин духтарони ба танфурӯшӣ машғулбуда аз кишварҳои Ӯзбакистону Қирғизистон ва худи Қазоқистон раҳо карда шуда буданд ва ин бори нахуст дар ин сол шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти қочоқбарон ва даллаҳо озод карда шуд.
XS
SM
MD
LG