Вай дар посух ба саволи ин ки чаро ҳоло дидгоҳи мақомоти Амрико ба нақши ҷангсолорон дар суботи Афғонистон ба гунае дигар шуда ва ҳоло Вашингтон низ тарафдори пешбурди музокираҳои сулҳ бо Толибон мебошад, чунин посух дод:
“Мо мехоҳем, ки дар ин ҳукумат шахстиятҳоеро бубинем, ки сарсупурдаи мардуми кишвар ҳастанд. Нафароне, ки тавонанд зиндагии онҳоро беҳтар кунанд. Дар робита ба савол дар бораи имкони ҳалли сиёсии мушкили Толибон - ин аз мардуми Афғонистон вобаста аст. Аммо, ба назари ман, бисёр муҳим аст мутмаин шавем, ки ҳар он шахсе, ки дубора ба ҷомеа даъват мешавад, бояд аз хушунат даст кашад. Бояд ба фаъолияти ҳар намуди гурӯҳҳои мусаллаҳ берун аз чаҳорчӯби сохторҳои артиш ва ё полис хотима дода шавад. Танҳо бо ҳамин шарт Амрико розӣ шуд ба ташкили артиш ва полиси ҳирфаӣ ва бонизом мусоидат кунад.”
Аз хонум Клинтон пурсида шуд, ки оё дар сурати ба кабинаи нави Карзай роҳ ёфтани намояндагони зиёд аз миёни ҷангсолорон Амрико ироаи кумакашро ба ҳукумати нави Афғонистон идома хоҳад дод? Вай гуфт, миёни ҷангсолорон фарқ аст. Вай афзуд, баъзе аз ин ҷангиён алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, Ал-Қоида, Толибон ва ҳампаймононашон ҷангидаанд. Баъзеҳо бошад дар даврони ҷанг ҳуқуқи мардумро поймол ва онҳоро азобу шиканҷа медоданд.
Ва ба ҳамин хотир, гуфт ӯ, беҳтар аст дар ҳукумат ашхоси ҳирфаӣ ва мутахассисони собиқадор шомил шаванд ва чунин ашхос метавонанд аз иҷрои вазифаҳояшон баромада метавонанд. Хонум Клинтон гуфт, ки Ҳомиди Карзай инро мефаҳмад ва аз сӯҳбатҳо бо раҳбари Афғонистон дарк кардааст, ки нияти вай ҳам аз ташкили ҳукумати нав маҳз ҳамин аст.
Яке аз масъалаҳои мавриди нигаронӣ ва баъдан норизоиятҳои ошкорои худи Карзай ин шумори зиёди талафот дар миёни мардуми осоишта дар паи амалиёти нирӯҳои низомии Амрико дар Афғонистон будааст. Дар суоли хабарнигори бахши афғонии радоии Озодӣ оид ба ин нигарониҳо дар ҳукумати Афғонистон Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Амрико низ аз шумораи зиёди кушташудагон ва зарардидагон миёни аҳолии мулкӣ дар ташвиш аст ва мехоҳад барои пешгирӣ аз талафот миёни аҳолии осоишта тадбирҳои навро биандешад.
Вай гуфт, ки генерал Стенли Маккристал аллакай дар ин маврид баъзе муқаррароти навро ҷорӣ кард ва моҳҳои охир таҳти фармондеҳии Макристал коҳиши чашмраси талафот миёни аҳолии мулкӣ ба мушоҳида мерасад.
Саволи дигар марбут ба масъалаи мавриди таниши аслӣ дар равобити миёни Карзай ва қудратҳои ғарбӣ буд, ки моҳҳои охир пайваста садо медиҳад. Президенти Амрико Барак Обама ба Ҳомиди Карзай мӯҳлат дод, ки дар тӯли шаш моҳ фасоду ришватро дар решакан кунад, аммо аксари таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки иҷрои ин шарт барои Карзай кори осон нахоҳад буд. Ва агар Карзай аз уҳдаи ин кор набарояд Амрико чи вокунише нишон хоҳад дод?
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ин замина гуфт, “ман хушҳол шудам, вақте ки президент Карзай дар маросими савганд дар мавриди фасод сӯҳбат кард ва ҳангоме, ки вай фасоду беҷазоиро шадидан маҳкум намуда, баъзе гомҳои мушаххасро муаррифӣ кард, ҳозирин инро бо кафкубӣ истиқбол намуданд. Вай ба вижа гуфт, ки мақомдорони ҳукуматӣ бояд рӯйхати дороиашонро пешкаш кунанд, додгоҳи олии фасод ташкил хоҳад шуд ва комиссияи зидди фасод тақвият дода мешавад. Инҳо ҳама иқдомот мусбат аст ва ҳусни нияти Карзайро намоиш медиҳад. Вай ин корҳоро анҷом доданист ва президент Обама маҳз ҳаминро аз вай мунтазир аст”.
Пурсиши дигар марбут ба чолишҳои амниятиву идомаёбии амалиёти густардаи зидди Толибон дар минтақаи қабиланишини Вазиристон, воқеъ дар марзи Покистону Афғонистон, аз ҷониби нирӯҳои амрикоӣ ва артиши Покистон буд. Ҳиллари Клинтон гуфт, ки артиши Покистон дар Вазиристони Ҷанубӣ кори бисёр сангинро анҷом медиҳад ва онҳо дар мавриди истифодаи манобеъ ва нерӯҳо худашон тасмим мегиранд. Аммо вай афзуд, ки Амрико ба фишораш болои Покистон идома хоҳад дод, то ки муборизаи зидди ифротгароён заъиф нашавад. “Дар асл, - афзуд Клинтон, - ифротгароӣ дар Покистон бояд решакан шавад”.
Вақтҳои охир дар матбуот чунин сару садо мешавад, ки гӯё мақомоти Амрико зимни музокирот бо ҳамтоёнашон дар Покистону Афғонистон мехоҳанд ҷадвали замонии фарохонии артиши байнулмилалиро аз Афғонистон таъин кунад. Клинтон гуфт, ки аз нигоҳи вай инро намешавад ҳамчун зарбулаҷал арзёбӣ кард. Ба ақидаи вай, ҷонибҳо зимни музокирот мехоҳанд дараҷаи пешравии худро дар ин ҷанги зидди шӯришиён муайян кунанд.
Клинтон дар ниҳояти сӯҳбат гуфт, ки Вошингтон мехоҳад ба Афғонистон дар ташкили артиши ҳирфаӣ ва бахши иҷтимоӣ мусоидат кунад. Бо ин ҳадаф дар ин охирҳо дар Афғонистон шумори мутахассисони мулкии амрикоӣ се баробар афзоиш дода шуд.
“Мо мехоҳем, ки дар ин ҳукумат шахстиятҳоеро бубинем, ки сарсупурдаи мардуми кишвар ҳастанд. Нафароне, ки тавонанд зиндагии онҳоро беҳтар кунанд. Дар робита ба савол дар бораи имкони ҳалли сиёсии мушкили Толибон - ин аз мардуми Афғонистон вобаста аст. Аммо, ба назари ман, бисёр муҳим аст мутмаин шавем, ки ҳар он шахсе, ки дубора ба ҷомеа даъват мешавад, бояд аз хушунат даст кашад. Бояд ба фаъолияти ҳар намуди гурӯҳҳои мусаллаҳ берун аз чаҳорчӯби сохторҳои артиш ва ё полис хотима дода шавад. Танҳо бо ҳамин шарт Амрико розӣ шуд ба ташкили артиш ва полиси ҳирфаӣ ва бонизом мусоидат кунад.”
Мо мехоҳем, ки дар ин ҳукумат (Афғонистон) шахсиятҳоеро бубинем, ки сарсупурдаи мардуми кишвар ҳастанд. Нафаронеро, ки тавонанд знндагии онҳоро беҳтар кунанд ...