Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар орзуи дидори модар


Ҳар чаҳор аз панҷ кӯдаке, ки дар ятимхонаҳои дунё ба сар мебарад, ё падар ё модари зинда дорад.

Ин хулосаи гузориши Save the Children, як созмони бонуфузи хайрия, мебошад. Ин гузориш мегӯяд, миллионҳо кӯдак дар дунё ба сабаби дурӣ аз муроқибати волидон таҷовуз мешаванд, харида ва фурӯхта мешаванд ва ба азобҳои ҷисмониву равонӣ гирифторанд. Ин созмон мегӯяд, бояд маблағҳоро ба тарҳҳое рехт, ки бино бар он метавон волидонро ёрӣ дод, то худашон муроқиби фарзандонашон бошанд. Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, ятимхонаҳо дар баъзе кишварҳо ба тиҷорате бадал шудааст ва аз рӯи он ятимхонаҳо маблағҳои калоне аз ҳукуматҳо ва созмонҳои ёрирасон ба ҷайби бегонаҳо меравад.

Save the Children мегӯяд, расман тақрибан 8 миллион кӯдак дар саросари дунё дар ятимхонаҳо ба сар мебарад, вале дар асл ин шумор ба маротиб бештар аст.

Дар ин иртибот сомонаи Озодӣ бори дигар гузориши видеоии худро аз як кӯдакистони Душанбе пешкаши хонандагон мекунад. Ин яке аз нахустин гузоришҳои видеоии Озодӣ буд.

Дар орзуи модар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
XS
SM
MD
LG