Ин ҳамоиш бо ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии мардуми Қазоқистон доир гардид ва дар он вазирон ё муовинони вазири 12 кишвар ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат доштанд.
Тавре Гулшара Абдухолиқова --вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон гуфт, дар ҳамоиш масъалаи бозори кор, шуғли аҳолӣ,мубориза алайҳи бекорӣ , ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи бӯҳрон ва ба таври ҳамвор ба давраи баъди бӯҳрон гузаштан аз мавзӯъҳои калидӣ аст.
Ба гуфтаи вазир, бӯҳрони иқтисодӣ ба иқтисоди ҳама кишварҳо-- чи пешрафтаву чӣ дар ҳоли рушд таъсири бад гузошт , вале он кишварҳое, ки маблағ доштанду сандуқи вижа алайҳи бӯҳрон ташкил карданд, камтар осеб диданд ва бараъкс кишварҳои бидуни сандуқи молӣ дучори мушкилот гардиданд.
Хонум Абдухолиқова изҳор кард, ҳукумати Қазоқистон барои камосеб гардонидани бӯҳрон тадобири гуногун андешид ва бо ин мақсад маблағҳои ҳангуфте тавзеъ намуд, ки он маблағҳо барои фаъолияти бонкҳову риштаҳои кишоварзӣ ва рушди соҳибкорӣ дар кишвар масраф гардиданд ва соли оянда низ Қазоқистон анқариб 140 миллиард танга , ки он наздик баробари 1 миллард доллари амрикоӣ аст, тавзеъ хоҳад кард.
Вале тавре Эмин Сангинов --муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамоиш гуфт, ба Тоҷикистон бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ замоне расид, ки аллакай таи 15 сол кишвар дар натиҷаи афзоиши аҳоливу мушкилоти марбут ба шуғли аҳолӣ худ дучори мушкилот буд.
Оқои Сангинов мегӯяд, «аҳолии Тоҷикистон агар анқариб 7,5 миллион нафар бошад, аз он қариб 4 миллиону 200 ҳазор нафараш захираи меҳнатӣ аст ва аз ин миқдор ҳамагӣ нимашон шуғле доранд. Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки дар 15 соли охир дар ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши аҳолӣ 26 дарсадро ташкил кунад, афзоиши захоири меҳнатӣ 47 дарсад, вале шуғлнокӣ ё бо кор таъмин кардани аҳолӣ ҳамагӣ 7 дарсад афзудаасту бас. Аз ин хотир бидуни таъсири бӯҳрони иқтисодии байналмилалӣ вазъи дохилии бозори ҷумҳурии Тоҷикистон худ тақозо мекард, ки мо ягон чорае биандешем».
Вале бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ вазъро, ба гуфтаи муовини вазир, боз ҳам сангин сохт, зеро ба асари ин бӯҳрон талабот ба пахтаву алюмин, ки содироти асосии кишварро ташкил медод, коҳиш ёфт ва ин ба буҷаи кишвар ва вазъи иҷтимоии мардум низ таъсир кард. Оқои Сангинов афзуд, «вобаста ба таъсири бӯҳрони молиявии иқтисодӣ талабот ба баъзе намуди амвол мисли пахтаву алюмин, ки молҳои содиротии Тоҷикистон аст, кам шуд ва нархи онон поин гардид, аз ин хотир истеҳсоли онҳоро мо як давраи муайян кам кардем ва бо ин сабаб шуморае аз одамон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд ва вазъи иҷрои даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҷумла бахши буҷаи андози иҷтимоӣ муваққатан бадтар шуд».
Аз сӯи дигар, тавре муовини вазир гуфт, ба бозори дохилии кишвар омилҳои беруна низ асар гузоштанд. Зеро тибқи иттилои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар ин кишваор беш аз 1миллион муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва дар Қазоқистон низ, ба гуфтаи муовини вазир, шумораи муҳоҷирони тоҷик болиғ аз 250 ҳазор нафар аст ва дар натиҷаи бозгашти ағлаби он муҳоҷирон ба Тоҷикистон воридоти маблағ ба кишвар коҳиш ёфт.
Яке аз сабабҳои бозгаши муҳоҷиронро оқои Сангинов марбут ба адами дониши маслакии муҳоҷирон медонад ва алъон тавре ӯ гуфт, ҳукумат барои омӯзиши муҳоҷироне, ки ба Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба кор мераванд, курсҳои омӯзиши маслакӣ ташкил кардааст. Аз сӯи дигар имсол дар худи Тоҷикистон дар назар буд, ки барои 180 ҳазор кас ҷои кор омода намоянд ва таи 9 моҳ анқариб 135 ҳазор ҷои кор ташкил гардид, вале ҳамоно масъалаи шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон , тавре дар ҳамоиши Алмаато низ таъкид гардид, яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб мегардад.
Дар ҳамоиш ширкатдорон иброз доштанд ки яке аз роҳҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони иқтисодӣ рушди соҳибкории хурду миёна дар кишварҳо ва сармоягузории бештар ба кишоварзиву корхонаҳои хурду миёна аст. Эмин Сангинов, муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар ин робита гуфт, ки алъон назар ба солҳои қаблӣ таваҷҷӯҳ ба соҳибкорӣ дар кишвар бештар шудааст ва аз ин хотир аз тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик, ки дар Қазоқистон ва дигар кишварҳо кору фаъолият мекунанд, даъват кард, ки ба Тоҷикистон омада корхонаҳои хурду миёна ташкил намоянд ва ё бахшҳои кишоварзиро рушд бахшанд ва барои беҳтар кардани вазъи иқтисодии худашону кишварашон --Тоҷикистон саҳм бигиранд.
Дар баёнияе, ки дар хатми ҳамоиши байналмилалии Алмаато бахшида ба таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба вазъи иҷтимоии мардуми Аврупои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Туркия қабул гардид, низ ба рушди соҳибкориву бозаргонӣ ва кишоварзӣ, тавлиди бештари маводи ғизоӣ ва ҳамкории густурда ва табодули таҷриба байни кишварҳо ҷиҳати коҳиш додани бӯҳрони иқтисодӣ таъкид шудааст.
Тавре Гулшара Абдухолиқова --вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон гуфт, дар ҳамоиш масъалаи бозори кор, шуғли аҳолӣ,
Вобаста ба таъсири бӯҳрони молиявии иқтисодӣ талабот ба баъзе намуди амвол мисли пахтаву алюмин, ки молҳои содиротии Тоҷикистон аст, кам шуд ва нархи онон поин гардид, аз ин хотир истеҳсоли онҳоро мо як давраи муайян кам кардем ва бо ин сабаб шуморае аз одамон ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд ва вазъи иҷрои даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҷумла бахши буҷаи андози иҷтимоӣ муваққатан бадтар шуд...