Гулнур Худойбергенова-- корманди идораи корҳои дохилии вилояти Қарағанда дар сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ сешанбеи 15 декабр гуфт, ки ин ҳодиса соатҳои 6-и субҳи якшанбеи 13 декабр дар роҳи мошингарди Алмаато-- Екатаринбург дар наздикии шаҳраки Акжали ноҳияи Шет рух додаст.
Автобуси «КАВЗ», ки аз Русия бо 3 мусофир озими Тоҷикистон буд, ба автобуси «Сетра», ки дар канори роҳ меистод , бармехӯрад. Ба гуфтаи корманди идораи корҳои дохилии вилояти Қарағанда, дар натиҷаи ин фалокат муҳоҷири 46 солаи тоҷик ҷони хешро аз даст медиҳад ва муҳоҷири дигар бо ҷароҳати шикастани устухони тарафи рост ба бемористони шаҳри Балхаш, ки аз ҷои воқиа 100 километр дуртар воқеъ гардидааст, интиқол дода мешавад.
Ронандаи автобус --шаҳрванди 43 солаи Тоҷикистон сабук ҷароҳат мебардорад ва вай ба табиб муроҷиат намекунад. Дар сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ Мақсад Нуртазин --мудири бахши шикастабандиии бемористони шаҳри Балхаш гуфт, ки бемор ба асари ин фалокат ҷароҳатҳои гуногуни сар ва қафаси сина бардоштааст, вале дар натиҷаи табобат ҳоло вазъи вай дар ҳоли рӯ ба беҳбудӣ овардан аст.
Оқои Нуртазин афзуд, ки вазъи бемор ҳоло миёна , яъне чандон сангин нест ва метавон баъди се -чаҳор рӯз ӯро ба Тоҷикистон фиристод.
Сарвари бахши шикастабандии бемористони шаҳри Балхаш афзуд, ки вақти ба бемористон овардан бемор бештар аз дарди сар шикоят мекард ва имрӯз дарди сари ӯ шифо ёфтааст. Тавре хонум Худойбергенова гуфт, мусофири ҳалокшуда ва ронандаву мусофири ҷароҳатбардошта ҳама аз аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, онҳо аз шаҳри Тюмени Русия бармегаштаанд.
Дар робитаи ин фалокат идораи корҳои дохилии ноҳияи Шети вилояти Қарағанда парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва рӯзҳои наздик сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум хоҳад шуд.