Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Милоди Масеҳ дар кишварҳои православӣ


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар маросими Милоди Масеҳ ширкат кард
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар маросими Милоди Масеҳ ширкат кард

Патриарх Кирилл барои нахустин бор дар мақоми Усқуфи аъзами Русия ибодати арафаи ид дар калисои Масеҳи Наҷотбахши Маскавро раҳбарӣ кард.

Милоди Масеҳ дар Русия…

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҳамроҳ бо ҳамсараш ва тахминан чор ҳазор ибодаткунандаи дигар дар ин маросим ширкат варзиданд. Хонум Тамара дар бораи аҳамияти иди Милоди Масеҳ чунин гуфт: "Милоди Масеҳ барои насрониҳои православ ҷашни муҳим аст. Он таҷассуми навоварӣ, хубӣ, зебоӣ ва умед ба оянда аст".

Баъд аз ибодати идона раиси ҷумҳури Русия ба патриарх Кирилл як дастхати муосири Аҳди Навро тақдим намуд ва пешвои калисои православи Русия бошад, ба Медведев чор ҷилд аз эҷодиёти адибони рус дар асрҳои 14 ва 20-умро ҳадя кард. Дар солҳои Шӯравӣ даҳҳо калисои насронӣ тахриб шудааст. Аз ҷумла калисои Масеҳи Наҷотбахш, ки ибодати идона дар он доир гашт, ҳамагӣ чанд сол пеш дубора дар маркази Маскав бунёд гардидааст.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Милоди Масеҳ ид эълон шуда, дар ин рӯз мардуми Русия кор намекунанд. Хабаргузории Интерфакс бо ишора ба нақли патриарх Кирилл овардааст, ки дар саросари олам тахминан 30 ҳазор калисои ортодокс вуҷуд дорад, ки солшумориро бар пояи тақвими юлианӣ раҳандозӣ намуда, Милоди Масеҳро 7-уми январ таҷлил мекунанд. Ҷои ёдоварист, ки калисоҳои мамолики ғарбӣ бар пояи тақвими грегорианӣ фаъолият пеш мебаранд ва милоди Масеҳро дар таърихи 25-уми декабр ҷашн мегиранд. Аслан солшумории дунявӣ ҳам бар пояи ҳамин тақивим мебошад.

Раисиҷумҳури Сербияи православӣ Борис Тадич Милоди Масеҳро бо роҳибони Косово ҷашн гирифт
…дар Сербия

Президенти Сербия Борис Тадич Милоди Масеҳро бо роҳибони ортодокс дар Косово, ки ду сол пеш истиқлолияташ аз Сербияро эълон кардааст, таҷлил кард. Тадич ба роҳибон ваъда дод, ки ҳар сол ба нишони ваҳдат ӯ Милоди Масеҳро дар калисои Косово ҷашн хоҳад гирифт. Аммо тахминан 100 сокини албанитабори Косово бо парчамҳои ин кишвар раҳпаймоӣ барпо намуда, озими калисои асри 14-и Косово шуданд.

Сарбозони НАТО ба албанитаборон имкон надоданд, ки ба калисо наздик шаванд. Аз зиёрати Тадич ҳукумати Косово ҳам хушҳол нест. Ба қавли мансабдорони Косово чунин сафарҳо ба рафъи ташаннуҷи миёни Сербияву Косово кумак намекунанд. Дар ҳамин ҳол президенти Сербия мегӯяд, ки ҳадафи боздиди Косово маҳз даъват ба сулҳ дар нимҷазираи Балкан аст: "Ман ба ҳайси раисҷумҳури Сербия, имрӯз дар дайри Сивоки Дечани қарор дошта, ба аҳли олам дар ҳар ҷое, ки ҳастанд, паёми сулҳ мефиристам. Ман аз номи аз номи худам, аз номи шаҳрвандони Сербия ва аз номи кишвари Сербия ҳам ҳарф мезанам.Мехоҳам гӯям, ки аҳолии олам беш аз ҳар чизи дигар ба сулҳ эҳтиёҷ дорад. Сулҳ ба тамоми кишварҳо ва мардуме, ки дар нимҷазираи Балкан барин манотиқ сарнавишти муштарак доранд, зарур мебошад".

Ҷашни Милоди Масеҳ дар Мисрро ҳалокати якчанд нафар аз коптҳои насронии ин кишвар халалдор кардааст
…дар Миср

Дар соҳили ғарбии рӯди Урдун, ки зодгоҳи Исои Масеҳ мебошад, ибодати Милоди Масеҳро пешвои калисои ортодкси юнонӣ-патриархи Байтулмуқаддас Теофилоси 3 раҳбарӣ намуд. Издиҳоми насронӣ зери ҳимояти полиси фаластинӣ аз макони таваллуди Исои Масеҳ зиёрат кард. Дар баробари он издиҳоми фаластиниён ҳам ҷамъ шуда буд, ки Теофилосро бо фурӯши замин ба исроилиҳо айбдор мекарданд.

Дар Миср силоҳбадастони номаълум ба сӯи издиҳоми насрониҳо оташ кушода, ҷашни милоди Масеҳ миёни коптҳои насронии ин кишварро халалдор карданд. Тибқи ахбори расида, шоми ҷашнвора дар Миср шаш копти насронӣ ва як афсари полис ба ҳалокат расиданд. Ба қавли мақомоти мисрӣ дар ин кишвар 10 дар сад пайрави дини насронӣ мебошанд, вале насрониҳои мисрӣ бар ин назаранд, ки шумори онҳо бештар аст.

…ва дар Тоҷикистон

Рӯзи Милоди Масеҳро дар Тоҷикистон насрониҳои парвослав ва баптист ҳам таҷлил карданд. Онҳо субҳи рӯзи 7-уми январ ба калисоҳои православӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа омада маросими ибодатро ба ҷо овардаанд. Дар як тамоси телефонӣ аз калисои православӣ дар Душанбе ба мо гуфтанд, ки пешвои православҳои Тоҷикистон Отец Сергей бо паёме ба пайравони мазҳаби парвославӣ Милоди Масеҳро шодбош гуфта ва таъкид кардааст, ки ҳарчанд тӯли чанд соли ахир пайравони онҳо дар Тоҷикистон афзоиш наёфтааст, аммо фаъолияти онҳо ба низом даромадааст.

Дар Тоҷикистон ҳоло 6 калисои православӣ амал мекунад ва пайравони ин мазҳаби масеҳият ҳудуди 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ба қавли рӯҳониёни калисои масеҳӣ, бештари пайравони онҳо дар замони даргириҳои солҳои навадум аз Тоҷикистон ба хориҷ рафта ва дигар барнагаштаанд. Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон масеҳият, бахусус, шохаи провославии он аз умдатарин мазҳаби ғайриисломӣ ба ҳисоб меояд.




XS
SM
MD
LG