Ин дар ҳолест, ки ахиран кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон дар як баррасии муштарак Вазорати кишоварзиро дар сирқати маблағи беш аз панҷ миллион сомонӣ ё муодили 1,5 миллион доллари амрикоӣ аз буҷа масъул донист.
Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз сешанбеи 19 январ таъкид кард, ки сухан дар бораи истифодаи маблағи буҷа дар заминаи муқобала алайҳи малах дар қаламрави кишвар меравад, ки на вазорат балки ширкатҳои дохилӣ масъули он ҳастанд.
Ҳарчанд нишасти матбуотии вазири кишоварзии Тоҷикистон ба натиҷаҳои фаъолияти арсаи кишоварзӣ дар соли 2009 ихтисос дошт, аммо истифодаи маблағҳои буҷа аз сӯи ин ниҳоди давлатӣ дар меҳвари ин нишаст қарор гирифт.
Зеро ахиран Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон зимни баррасии қисми хароҷоти буҷа аз истифодаи ғайриқонунии маблағи 60 миллион сомонӣ тавассути вазоратҳо ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ хабар дода буд.
Сафаралӣ Гулов, узви кумитаи буҷаи парлумон дар канори вазоратҳои энержӣ ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, корҳои дохилӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз вазорати кишоварзӣ низ ном бурд, ки дар сирқати маблағҳои буҷа масъул дониста мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, «дар зерсохторҳои вазорат барои хариди заҳрхимикатҳо, техникаи кишоварзӣ ва ғайра ҳодисаи тасарруфи маблағҳои буҷа ба мушоҳида расидааст. Дар маҷмӯъ маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ истифода шудааст, ки мояи нигаронист».
Аммо Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, бо он ки ин иддаоро рад мекунад, вале мегӯяд, сухан дар бораи истифодаи маблағ барои иҷрои тарҳи муқобала алайҳи ҳамлаи малах дар як соле қабл меравад, ки вазорати кишоварзӣ дар ин кор даст надорад.
Вазири кишоварзӣ аз он изхори тааҷҷуб кард, ки ҳарчанд оҷонси мубориза бо фасод чанд тан кормандони собиқи Корхонаи воҳиди давлатии мубориза алайҳи малах ва ширкати «Фавз», воридкунандаи аслии моддаҳои кимиёиро мавриди бозпурсӣ қарор дода буд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо боздошт ва муҷозот нашудааст.
Албатта вазири кишоварзии Тоҷикистон вуҷуди камбудиҳо дар ин ниҳодро таъид мекунад, аммо бар ин аст, ки ин қазия баҳонае нест, ки Оҷонси мубориза бо фасод вазорати кишоварзиро фасодзадатарин ниҳод хонад. Ва нигаронии вазорати кишоварзӣ, шахси вазири он Қосим Қосимов низ он аст, ки чаро ин мавзӯъ, яъне истифодаи маблағ барои муқобала бо ҳамлаи малах, ки аз сӯи муассисаҳои тобеи вазорат барои иҷрои ин тарҳ равона шудааст, мавриди забонҳост.
Қиёмиддин Ғаниев, раиси корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давалатии «Мубориза зидди малах», сабаби чунин вазъро дар он медонад, ки бисёриҳо намехоҳанд то тарҳи мубориза зидди малах аз маблағҳои буҷа сармоягузорӣ шавад.
Вай афзуд, «ба мо мегӯянд худатон маблағ пайдо кунед. Лекин вақте, ки малах дар талу теппа аст, вақте ки ин ҳашарот аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон меояд, мо маблағро аз кӣ гирем? Худмаблағгузор будани мо аз имкон берун аст».
Корхонаи мубориза зидди малах ҳанӯз дар соли 1932 дар даврони Шӯравӣ ва бо маблағгузории буҷа ташкил шудааст. Ҳарчанд ин корхона соли 2001 барҳам дода шуд, вале пас аз ҳамлаи густардаи малах ба қаламрави Тоҷикистон дар солҳои 2003 то 2006 ҳукумат иқдом ба таъсиси корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза зидди малах» кард. Ва танҳо соли 2007 аз буҷаи давлат барои муқобала бо ҳамлаи малах маблағи 4, 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ин корхона, ба иллати пешгирӣ нашудани ҳамлаи малах дар кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Афғонистон, доираи ҳамлаи ин навъи ҳашарот дар қаламрави Тоҷикистон ба 35 ноҳия расидааст.
Тибқи гузоришҳо, танҳо соли гузашта беш аз 62 ҳазор гектар замин, ки умдатан талу теппаҳо ва ҷарогоҳҳо буданд, мавриди ҳуҷуми малахи марокашӣ қарор гирифта буд. Аммо дар соли 2007 ҳаминҳои пахта ва гандум низ мавриди тӯъмаи малах қарор гирифт, ки дар гузашта собиқа надоштааст.
Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз сешанбеи 19 январ таъкид кард, ки сухан дар бораи истифодаи маблағи буҷа дар заминаи муқобала алайҳи малах дар қаламрави кишвар меравад, ки на вазорат балки ширкатҳои дохилӣ масъули он ҳастанд.
Дар зерсохторҳои вазорат (кишоварзӣ) барои хариди заҳрхимикатҳо техникаи кишоварзӣ ва ғайра ҳодисаи тасарруфи маблағҳои буҷа ба мушоҳида расидааст. Дар маҷмӯъ 5,2 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ истифода шудааст ...
Зеро ахиран Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон зимни баррасии қисми хароҷоти буҷа аз истифодаи ғайриқонунии маблағи 60 миллион сомонӣ тавассути вазоратҳо ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ хабар дода буд.
Сафаралӣ Гулов, узви кумитаи буҷаи парлумон дар канори вазоратҳои энержӣ ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, корҳои дохилӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз вазорати кишоварзӣ низ ном бурд, ки дар сирқати маблағҳои буҷа масъул дониста мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, «дар зерсохторҳои вазорат барои хариди заҳрхимикатҳо, техникаи кишоварзӣ ва ғайра ҳодисаи тасарруфи маблағҳои буҷа ба мушоҳида расидааст. Дар маҷмӯъ маблағи 5, 2 миллион сомонӣ ғайриқонунӣ истифода шудааст, ки мояи нигаронист».
Аммо Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, бо он ки ин иддаоро рад мекунад, вале мегӯяд, сухан дар бораи истифодаи маблағ барои иҷрои тарҳи муқобала алайҳи ҳамлаи малах дар як соле қабл меравад, ки вазорати кишоварзӣ дар ин кор даст надорад.
Вазири кишоварзӣ аз он изхори тааҷҷуб кард, ки ҳарчанд оҷонси мубориза бо фасод чанд тан кормандони собиқи Корхонаи воҳиди давлатии мубориза алайҳи малах ва ширкати «Фавз», воридкунандаи аслии моддаҳои кимиёиро мавриди бозпурсӣ қарор дода буд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо боздошт ва муҷозот нашудааст.
Албатта вазири кишоварзии Тоҷикистон вуҷуди камбудиҳо дар ин ниҳодро таъид мекунад, аммо бар ин аст, ки ин қазия баҳонае нест, ки Оҷонси мубориза бо фасод вазорати кишоварзиро фасодзадатарин ниҳод хонад. Ва нигаронии вазорати кишоварзӣ, шахси вазири он Қосим Қосимов низ он аст, ки чаро ин мавзӯъ, яъне истифодаи маблағ барои муқобала бо ҳамлаи малах, ки аз сӯи муассисаҳои тобеи вазорат барои иҷрои ин тарҳ равона шудааст, мавриди забонҳост.
Нигаронии вазорати кишоварзӣ, вазири он Қосим Қосимов низ он аст, ки чаро ин мавзӯъ, яъне истифодаи маблағ барои муқобала бо ҳамлаи малах, ки аз сӯи муассисаҳои тобеи вазорат барои иҷрои ин тарҳ равона шудааст, мавриди забонҳост ...