Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии аҳзоб аз таъхир дар сабти номзадҳо


Бархе аз аҳзоби сиёсӣ таъхир дар раванди сабтиноми номзадҳои интихоботӣ аз сӯи Кумиссиюни марказии интихоботро нақзи муқарароти қонун арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Кумиссиюни марказии интихоб ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи сешанбе номзадҳои интихобот бар асоси феҳрасти ҳизбӣ ҷиҳати ширкат дар интихоботро таъид кард. Аммо ба гуфтаи масъулони Кумиссиюн, баррасии асноди номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ тоза шурӯъ шуда ва то 8 феврал идома хоҳад ёфт.

КОҲИШИ ШУМОРАИ НОМЗАДҲО

Тасдиқи расмии феҳрасти номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ аз сӯи Кумиссиюни марказии интихобот дар ҳоле сурат гирифтааст, ки шумораи номзадҳо дар рӯйхати бархе аз аҳзоб коҳиш ёфтааст. Танҳо ҳизбе, ки бар асоси рӯйхат тавонистааст 22 номзадро сабти ном кунад, ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои Кумиссиюни марказии интихобот, аз ҳизби наҳзат – 20 номзад, коммунист – 9 номзад, состиал–демократ - 7 номзад, аграрӣ - 6, состсиалист - 3 ва демократ - 2 номзад тасдиқ шудааст.

Ҳарчанд қаблан бештари аҳзоби сиёсӣ номгӯи 20 то 22 номзадро аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ пешниҳод карда буданд, аммо масъулони Кумиссиюни марказии интихобот мушкили пардохти маблағи гаравпулиро аз сабаби аслии коҳиш ёфтани теъдоди номзадҳои аҳзоби сиёсӣ донистанд.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал–демократии Тоҷикистон, низ ин нуктаро таъид кард, вале сабаби дигареро низ зикр намуд. Вай гуфт, «албатта гарави интихоботӣ мушкили аслист, аммо бархеҳо, аз ҷумла ман нахостам, ки ҳам аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ ва ҳам аз ҳавзаи якмандатӣ номзад бошам. Ба ин далел аз рӯйхати ҳизбӣ берун шудам ва ҳамакнун аз ҳавзаи инфиродӣ номзадиамро пешниҳод кардам. Чун интихобот дигар хароҷотҳоеро низ дорад».

НОМЗАДҲОИ БЕ ШАҲОДАТНОМА


Ҳамакнун, ки рӯйхати номзадҳо бар асоси феҳрасти ҳизбӣ тасдиқ шудааст, аммо нигаронии бархе аз аҳзоби сиёсӣ ин аст, ки то ҳол Кумиссиюни марказии интихобот санади расмиро ба ин номзадҳо ироа накардааст.

Ҳикматуллои Сайфуллозода, чунин амалкарди Кумиссиюни марказии интихоботро як навъ кашолкорӣ мехонад ва мегӯяд, «ҳизби мо 20 декабр анҷуман баргузор кард ва ҳамакнун як моҳ мегузарад, аммо то ҳол номзадҳои ҳизб ҳуҷҷати расмии сабти номи номзадҳоро дарёфт накардаанд. Ин ба он маънӣ аст, ки масъулони кумиссиюни интихоботӣ мехоҳанд маҳдудияте дар замони таблиғоти интихоботӣ барои ҳизбҳо ва номзадҳо эҷод кунанд».

Ин дар ҳолест, ки Алишер Сафаров, масъули ҳуқуқии Кумиссиюни марказии интихобот, ин иддаоро рад мекунад. Вай мегӯяд, «тибқи моддаи 35-и қонуни интихоботи Маҷлиси олӣ, шаҳодатномаи номзад ба интихобот дар муддати се рӯз пас аз бақайдгирӣ дода мешавад».

ВАЪДАИ ШАФФОФИЯТИ ИНТИХОБОТ ВА ВОҚЕИЯТ

Аз сӯи дигар Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ, ба раванди сабти номи номзадҳо ва баррасии асноди онҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ ё инфиродӣ низ эътироз кард ва гуфт, «мутаассифона, бо вуҷуди ваъдаҳо дар мавриди шаффофияти интихобот, мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шаффофияти баргузории интихобот таъмин нест. Зеро нахуст ин ки бо вуҷуди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, то ҳол ҳавзаҳои интихоботӣ асноди номзадҳоро, ки чандон мушкиле надорад, сабти ном накардаанд».

Ба навбати худ масъулони Кумиссиюни марказии интихобот мегӯянд, то ҳол ҳеҷ шикояте ба ин ниҳоди интихоботӣ нарасидааст ва замони ниҳоии марҳалаи баррасии аснод ва сабти номи номзадҳо таърихи 8-уми феврал, яъне 20 рӯз қабл аз рӯзи интихобот, муқаррар шудааст.

ШИКОЯТИ АҲЗОБ БА НОЗИРОНИ ХОРИҶӢ

Ин мавзӯъ, яъне арзу шикояти аҳзоб ва номзадҳо бо ҳайати нозирони интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ матраҳ шуд. Аммо масъулони миссияи нозирони интихоботии САҲА низ гуфтаанд, ки ҳарчанд ин ҳайат фаъолияти худро тоза шурӯъ кардааст, вале ҳеҷ як аҳзоби сиёсӣ ва афроди алоҳида дар мавриди қонуншиканиҳо дар раванди баргузории интихобот ба онҳо муроҷиат накардааст.

Бад ин тартиб, тибқи гузориши Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ исми 73 нафар номзади аҳзоби сиёсӣ тасдиқ шудааст. Дар ҳоле, ки дар анҷуманҳои аҳзоби сиёсӣ номи 127 нафар аз номзадҳои ин ҳизбҳо барои ширкат дар интихоботи 28 феврал эълом шуда буд.

Аммо ҳамакнун, дар 41 ҳавзаи инфиродӣ 146 номзади аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои мустақил муаррифӣ шудааст. Пас суоле, ки бештар мавриди таваҷҷӯҳи соҳибназарон низ аст, ин аст, ки оё ҳамаи ин номзадҳо аз сӯи ҳавзаҳои интихоботӣ сабти ном хоҳанд шуд ё хайр? Ба бовари бештари соҳибназарон, теъдоди номзадҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ ба мисли феҳрасти ҳизбӣ коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG