Вай дар ин бора рӯзи 22-юми феврал дар нишасти хабарие дар қароргоҳи ҳизби сотсиал-демократ иттилоъ дод.
Оқои Зойиров гуфт, дар авҷи маъракаи пешазинтихоботӣ “Минбари халқ” ва “Ҷумҳурият” матолиби бӯҳтономезеро нашр кардаанд, ки шаъну шарафи ӯро ба унвони шаҳрванд ва раҳбари як ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон паст зада, барои таблиғоти номзадияш ба вакилии Маҷлиси Намояндагон халал ворид намудааст.
Вай афзуд, “ҳафтанома ва муаллифи мақола маро дар даъвоҳои беасос ва ба хотири қасос муттаҳам менамоянд ва бояд исбот кунанд, ки кадом даъвоҳои ман беасос ва ба хотири қасосанд. Яъне, исбот кунанд, ки ба хотири кадом қасос ва нисбати кӣ? Ин маҳз тӯҳмат ва таҳқири ман ба унвони шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.”
МАТЛАБИ "МИНБАРИ ХАЛҚ"
“Даъвоҳои беасос ба хотири қасос ё Раҳматулло Зойиров аз халқу миллати тоҷик чӣ мехоҳад?” сарлавҳаи як мақола дар “Минбари халқ” аст, ки рӯзи чоруми феврал чоп шудааст. Муаллифи ин матлаб худро Фаридун Сайидзода, сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, Зойировро ба дасисабозӣ, иддаоҳои беасос ва мардумро ба иштибоҳ андохтан муттаҳам хондааст.
Раҳматулло Зойиров мегӯяд, дар Душанбе бо чунин ном нафареро пайдо накардаанд ва ба гуфтаи ӯ ин матлаб бо дасти нафарони маълуму манфиатдор, вале бо имзои мустаор навишта шудааст. Вай мегӯяд, дар аризаи шикоятии худ аз додгоҳ хостаст, ки “Минбари халқ” дар навбати аввал шахсияти Фаридун Сайидзода, муаллифи мақоларо ошкор кунад.
Рӯзномаи “Минбари халқ” бо теъдоди бештар аз сӣ ҳазор нусха нашр мешавад. Аксари хонандагон ва обуначиёни он афроде ҳастанд, ки ё аз ин ҳизб пайравӣ мекунанд ва ё дар идораҳои давлатӣ соҳиби коранд.
НАЗАРИ САРДАБИР
Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири “Минбари халқ”, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ҳадаф аз чопи ин мақола таҳқири шахсияти Зойиров дар назди интихобкунандагон нест: “Маводе, ки дар нашрияи мо аз номи як шаҳрванди Душанбе нашр шуд, таҳқиромез набуд. Илова ба ин, нисбат ба масъалаи маводи нашрия додгоҳ то ҳанӯз ба мо муроҷиат накардааст”.
Аммо ин дар ҳолест, ки нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” низ дар санаи 13-уми феврал зери сарлавҳаи “Шумо ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зойиров?!” матлаберо чоп кардааст. Муаллифи ин матлаб худро Парвизи Ализода, як сокини Душанбе, муаррифӣ карда, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ бо давлати ҳамсояи Узбакистон муттаҳам намудааст.
Вай навиштааст, “аҷиб, изтироби ҷаноби Зойиров дар иртибот ба сохтмони Роғун ба изтироби сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ки дар номааш ба Оқил Оқилов баён доштааст, ҳамоҳанг мебошад. Бо вуҷуди ин донистан мехоҳам: Зойиров ба ғайр аз раисии ҳизби сотсиал-демократ боз чӣ вазифа дошта бошад, ки аз ҳама гапу кори Узбакистон бохабар аст? Шумо ба осиёби кӣ об мерезед, ҷаноби Зойиров?”
НИГАРОНИИ ЗОЙИРОВ
Раҳматулло Зойиров ин матлабро ҳам тӯҳмате дар баробари фаъолиятҳои сиёсии худ донист ва гуфт, аз болои ин матлаби “Ҷумҳрият” баъд аз анҷоми интихоботи парлумонӣ ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард. Вай гуфт, ин матолиб давоми силсиламақолаҳое ҳастанд, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла оҷонси иттилоии “Ховар” ва “Ҷумҳурият”-у “Минбари халқ” алайҳи ӯ навишта шудаанд ва теъдодашон низ тақрибан ба 30 адад мерасад.
Чопи мақолаҳои баҳсбарангез дар бораи афроди мухолифи ҳукумат дар расонаҳои давлатӣ аксаран бо имзоҳои мустаор рӯйи чоп меоянд. Нашрияҳои давлатӣ то ин муддат кӯшидаанд, ки аз болои афроди шинохтае чун Хоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Қувват Султон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Раҳматулло Зойиров дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ матолиб нашр кунад. Аммо Зойиров мегӯяд, ин дафъа бо истифода аз қонун ба ин бигӯмагӯҳо нуқта хоҳад гузошт.