Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бетафовутии муҳоҷирони корӣ ба интихобот


Агарчи то интихоботи парлумонии Тоҷикистон як ҳафта боқӣ мондааст, вале дар байни муҳоҷирони кории тоҷики муқими Қазоқистон фазои интихоботӣ эҳсос намешавад.

Инро мо ҳангоми сӯҳбат ва пурсишу посух бо тоҷирони тоҷик, ки дар ду бозори бузурги шаҳри Алмаато - Барахолка ва Сабзбозор кору фаъолият доранд, ба истилоҳ, ба чашми сар дидем.

Ҷавобҳои онҳо ба суоли мо дар мавриди рӯзи баргузории интихобот чунин буд:

  • “Намедонам, рости гап...”
  • ”Интихобот... моҳи ноябр мешавад, ба фикрам...”
  • ”Аз телевизор фаҳмидем, ки дар Тоҷикистон интихобот мешавад, аммо аниқашро намедонем, ки кай...”
  • ”Охир намедонам, ман гап зада наметавонам, ана бо ин гап зан...”
  • “Интихобот...чум... намедонам. Ман аз паи кору бори дигар, аз паи кори ботинкасавдо ҳастам, намедонам рости гап...”
  • ”Хайр, мебинем, дигарон ки рафтанд, мо ҳам меравем, чӣ кор ҳам мекунем”

ХАЛОИ ИТТИЛООТӢ


Муҳоҷирони тоҷик сабаби ноогоҳии хешро ба он марбут медонанд, ки онҳо ба барномаҳои телевизионӣ ва дигар манбаъҳои иттилоъ, аз қабили рӯзномаву маҷаллаҳо ва интернет дастрасӣ надоранд.

Аз сӯи дигар, баъзеашон ба ҳамаи ин ҷанги дохилиро, ки онҳоро аз мактабу маориф ва сиёсат дур андохта буд, сабабгор медонанд. Дар байни муҳоҷирон шумораи онҳое, ки донистани интихоботро умуман намехоҳанд, низ кам набуд.

”Интихоботро аз куҷо донам? Ягон чизи мусулмонӣ бигӯ, намозу рӯза бигӯ, онҳоро медонам, интихоботро намедонам”, -мегӯяд як ҷавон.

БЕТАФОВУТӢ НИСБАТИ МУҲОҶИРОН

Беиттилоӣ ва адами таваҷҷӯҳи аҳзоби сиёсӣ ба муҳоҷирон боиси бетафовутии онҳо ҳам гаштааст ва аз ин хотир, ба гуфтаи коршиносон корзори интихоботӣ дар хориҷи кишвар бесоҳиб мондааст.

Вале, тавре Раҳматулло Одинаев, бозаргони тоҷик, мегӯяд, то ҳол ягон номзади интихоботӣ бо муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар мулоқот накардааст. Вай меафзояд, “агар номзадҳо меомаданд, бо мо вомехӯрданд, аз наздик шинос мешудем ва тарафдорони онҳо ҳам зиёд мешуд”.

Ин дар ҳолест, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати дигари мо, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, ҳангоми интихоботҳои Қирғизистон намояндагони аҳзоби сиёсии ин кишвар борҳо ба Қазоқистон омада, дар байни муҳоҷирони қирғиз таблиғот бурдаанд.

БОХТИ АҲЗОБИ МУХОЛИФ

Солеҳ Яҳёзода, коршиноси мустақили тоҷики муқими Қазоқистон, бар ин аст, ки чунин вазъ бар зарари аҳзоби сиёсии мухолиф аст. Зеро дар ин кишварҳо заминаҳо барои доир кардани интихоботи шаффофу демократӣ ба вуҷуд оварда нашудаанд, аз ин хотир имкон дорад, ҳизби ҳоким чунин номзадҳоро бар суди худ истифода намояд.

Оқои Яҳёзода таъкид мекунад, ки як бахши бузурги аҳолии Тоҷикистон дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд. Аз ин хотир сифати кори аҳзоб ва номзадҳо бо ин бахши мардум сахт бастагӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар аҳзоб ва номзадҳо дар чунин кишварҳо кор набаранд, дар интихобот натиҷаҳои хуб ба даст нахоҳанд овард.
XS
SM
MD
LG