Тибқи иттилоъи дафтари ҲХД дар Қӯрғонтеппа, дар интихоботи рӯзи гузашта ба ҷонибдории хонум Амиршоева беш аз 50 ҳазор раъйдиҳанда аз шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва як қисм деҳоти ноҳияи Бохтар овоз додаанд, ки 78,9%-ро ташкил медиҳад.
Саодат Амиршоева ягона зан дар Тоҷикистон аст, ки рутбаи олии низомии генерал-майор дорад. Вай то ин замон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд. То соли 2008, дар муддати 16 сол раёсати идораи адлияи вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт. Ҳамчунин барандаи унвони «Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Ба ҷонибдории номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Қиёмудин Авазов дар ҳавзаи Қӯрғонтеппа-26 чизе беш аз 9 дарсади мардум овоз доданд. Саидамир Гулов, номзади саввум, ки аз роҳи худпешбарӣ довталаби курсии парлумон шуда буд, бо касби 7,9%-и оро дар мақоми саввум қарор гирифт.
Бар асоси иттилоъи муқаддамотӣ, дар аксари кулли 14 ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ баранда шудаанд.
Дар ҳавзаи Вахш-32 номзади ҲХДТ Абдуҷалол Салимов бо касби 58,8 дарсади раъйи мардум пирӯз эълон шуд. Рақиби аслии вай – домодаш Сайвалӣ Нуров, ки даъвоҳо ва сарусадоҳо нисбаташ дар рӯзи интихобот дар рӯзи интихобот зиёд паҳн шуда буд, дар муборизаҳои интихоботӣ ҷойи саввумро касб кард. Ба ҷонибдории вай 16,2 фоизи интихобкунандаҳо раъй доданд. Соҳибкори маъруф Низомуддин Толибов дар ин сабқат аз Сайвалӣ Нуров, вакили парлумони солҳои 2005-2010 пеш гузашт, чун аз ӯ 17,1%-и интихобкунандаҳо пуштибонӣ карданд.
Ҳамин гуна номзади ҲХДТ Маҳмадамин Ҳисориев, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон бо касби 79,68%-и раъйи мардум дар ҳавзаи Ҷомӣ-28 бар рақибонаш пирӯз шуд.
Номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ Сайфулло Гиёев дар ҳавзаи Фархор-34 (88,67%), Маҳмадраҳим Каримов дар ҳавзаи Данғара-36 (81%), Амирбек Маҳмадалиев дар ҳавзаи Бохтар-27 (80,6%) ва Амирхон Сафаров дар ҳавзаи Кӯлоб-37 (78,8%) барандаи интихобот гардидаанд.