Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чарогоҳҳо ба қонун ниёз доранд


Масъулини ширкатҳои шикории ноҳияи Мурғоб аз танг шудани шароити зисти барраи нодири Марко Поло бар асари афзоиши ҳайвоноти хонагӣ, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Тибқи иттилоъ дар Мурғоб дар дасти аҳолӣ наздик ба 50 ҳазор моли майда ва 25 ҳазор сар қутос мавҷуд буда, ин саршумори чорво тобистону зимистон дар чарогоҳҳои минтақа мечарад.

Ба гуфтаи мутахассиси ширкати шикории «Мурғоб» Атобек Муродов, бинобар мушоҳидаҳо дар ҷараёни баҳисобгирии саршумори Марко Поло, ки чанде қабл сурат гирифт, ҳайвоноти ваҳшӣ дар кӯҳу дараҳое, ки ҳайвоноти хонагӣ онҳоро аллакай аз маводи хӯрока холӣ кардаанд, ғизои даркорӣ пайдо накарда, маҷбур мешаванд, ки барои ҷустуҷуи он ба ҷойҳои дуртар раванд.

Ба гуфтаи ин мутахассис, танқисӣ аз маводи ғизо боис мешавад, ки ин ҳайвоноти нодир равғани даркориро дар бадан захира намекунад ва дар моҳҳои сахттарини марту апрел заиф шуда, мемиранд ва ё тӯъмаи гургон мегарданд.

Тибқи баҳисобгирии ахир, бо эъломи моратория ба шикор ва амалӣ шудани чораҳои ҳифзи ин ҳайвони нодир саршумори барраи нодири Марко Поло дар Помири Шарқӣ ду маротиба афзоиш ёфта, ба 24 ҳазор сар расидааст.

Аммо ба фикри мудири шӯъбаи гуногуннамудии олами рустаниҳо ва ҳайвоноти Пажӯҳишгоҳи биологии Помир Худодод Ақназаров, барои танзими мушкилоти танг шудани ғунҷоиши чарогоҳҳо аз афзоиши саршумори ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ таҳия ва қабули қонун дар бораи чарогоҳҳо зарур буда, чунин қонун метавонад аз рақобат байни ин намуди ҳайвонот ва нобудшавии онҳо ҷилавгирӣ кунад.

Ба гуфтаи мудири шӯъба, дар ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон чунин қонун истифодаи самараноки чарогоҳҳоро таъмин ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардааст ва барои кишвари мо низ чунин қонун, ки наҳваи муносибат ба чарогоҳҳоро метавонад дар ҳар манотиқи дигари ҷумҳурӣ танзим кунад, лозим аст.

Дар солҳои қаблӣ ба минтақаи чорвопарварии Мурғоб миқдори зиёди хӯрокаи омехтаи чорво ворид мешуд ва ҳайвоноти хонагӣ бештари вақт дар назди манзилҳо парво меёфтанд.Алҳол, ҳамчунин бар асари маҳрум шудан аз чарогоҳҳои водии Алайи Қирғизистон ва аз даст додани имконоти кӯчи мавсимии ҳайвонот ба он ҷо дашту саҳроҳои Мурғоб ба майдони асосии пайдо намудани ғизо барои ҳайвоноти хонагӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG