Ба гуфтаи иштирокчиёни ин намоиш, вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Қирғизистон ба бумбасти ҷиддӣ рӯбарӯст. Таъкид гардид, ки Бан Ки-Мун, дабири кулли СММ, ки барои анҷоми мулоқотҳо бо мақомоти расмии Қирғизистон вориди Бишкек шудааст, ба сурати ҳатмӣ бояд бо вакилони интихобии онҳо низ дидору гуфтугӯ кунад ва бо вазъи ҳақиқии кишвар ошно шавад.
Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шами» ё «Шамъи аср», гуфт, қонунҳое, ки дар кишвараш ба тасвиб расидаанд, хилофи ҳуқуқи башаранд, аз ин лиҳоз онҳо маҷбур шуданд, ки даст ба намоиши эътирозӣ зананд.
Ҷилдиз Мӯсобекова, муовини сардабири нашрияи «Форум», мегӯяд, фишор болои демократия, ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишвараш авҷ гирифтааст. Ба гуфтаи Ҷилдиз Мӯсобекова, ҳукумат талош дорад, ки нашрияҳои онҳоро бандад ва фишор ба озодии баёнро тавсеа диҳад.
Як иштирокчии тазоҳурот гуфт, гувоҳӣ медиҳад, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ борҳо даст ба чунин намоишҳои эътирозӣ задаанд. Ба гуфтаи ин зан, дар Қирғизистон дар маҷмӯъ авзоъ хуб нест ва зимни ташрифи дабири кулли СММ ба Бишкек, як гурӯҳ журналистон аз ҳуқуқи касбии худ дифоъ мекунанд, ки вай онро хеле бамаврид мешуморад.
Тухтаойим Уметалиева, як дидбони ҳуқуқи башари қирғиз, мегӯяд, беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён маҳз аз мавзӯъ ва масълаҳое маҳсуб мешавад, ки ба СММ мутааллиқ аст. Вай афзуд, дар ҳарос аст, ки чунин ҳол авзои кишварашро дар маҷмӯъ боз ҳам ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард.
Турсунбек Ахун, раиси Омбудсмени Қирғизистон, гуфт, ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи журналистон ва басташавии як қатор нашрияҳо мунҷар ба он шудааст, ки мардум даст ба намоишҳои эътирозӣ занад.
Дар Бишкек дабири кулли СММ бо президент Қурмонбек Боқиев вохӯрд. Ҳамчунин, оқои Мун бо нахуствазири ин кишвар Дониёр Усенов ва вазири хориҷаи он Қодирбек Сарбаев дидору мулоқотҳо анҷом дод. Бан Ки-Мун дар мулоқот бо оқои Сарбаев гуфт, ки аз таъқиби журналистон нигарон аст.
Дониёр Усенов, нахуствазири қирғиз, иброз дошт, ки кишвараш ҳамаи ӯҳдадориҳои худ дар назди кишварҳои фаромарзиро комилан иҷро мекунад. Ба таъкиди ӯ, вале овозаҳо дар мавриди он ки Қирғизистон бо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба давлатҳои фаромарзӣ зарад ворид хоҳад кард, бепояву асосанд.
Дабири кулли СММ тайи нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқотҳо бо мақомоти Қирғизистон вай масъалаи риояи ҳуқуқи башар дар ин кишварро дар меҳвари ин гуфтугузорҳо қарор дод. Оқои Мун афзуд, аз мақомоти ин кишвар тақозо кард, ки Қирғизистон ӯҳдадориҳояш дар масъалаи ҳуқуқи башар ва озодии баёнро бояд иҷро кунад. Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки фақат гуфтугӯи миёни раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақа мусоидат хоҳад кард. Шоми имрӯз дабири кулли СММ бо депутатҳои парлумони Қирғизистон мулоқот кард.