Мулоқоти дабири кулли СММ бо Ислом Каримов дар ҳоле сурат мегирад, ки ду ҳафта пеш Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар гузориши вижаи худ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон интиқод кард ва гуфт, бояд ба саркӯбии бераҳмонаи тазоҳуроти соли 2005-и Андиҷон расидагии комил анҷом бигирад. Мухолифони давлат ва гурӯҳҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, дар ин саркӯбҳо садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд. Вале мақомоти расмӣ ин суханонро қабул надоранд.
Ислом Каримов, ки аз соли 1991 ва баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дорад, ҳамеша ба мухолифони сисёсии худ фишор овардааст ва ҳуқуқи башарро нодида гирифтааст. Вай то ҳол куштори садҳо нафарро дар тазоҳуроти соли 2005-и Андиҷон қабул надорад. Ҳанӯз рӯшан нест, ки вай дар ин бора ба дабири кулли СММ чӣ хоҳад гуфт. Оё дар мулоқоти имрӯзи Каримов ва Бан Ки Мун ба ин масъала нуқта гузошта мешавад ва барои иҷрои дархостҳои кишварҳои аврупоиву маҳофили байналмилалӣ дар бораи расидагии комил ба ин ҳодисаҳо роҳ боз хоҳад шуд?
Ин масъалаест, ки мо дар давоми рӯз баъд аз мулоқоти Каримов ва Бан Ки Мун посух хоҳем ёфт. Вале мусаллам аст, ки Каримов дар ин мулоқот ҳатман масъалаи оби Осиёи Марказӣ ва сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ хоҳад кард, ба хусус сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистонро.
Ин мавзӯи дӯстдоштаи Ислом Каримов аст ва моҳҳои ахир вай дар мулоқоташ бо ҳар ҳайате, ки вориди Тошканд мешавад, ин масъаларо матраҳ кардааст. Мулоқотҳо бо Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия, бо Сергей Иванов, вазири корҳои хориҷаи Русия, бо Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ва ахиран ҳам 31-уми март бо Сергей Иванов, муовини нахуствазири Русия далели ин гуфтаҳост.
Аз он ки дирӯз Бан Ки Мун аз Арал боздид кард ва онро яке аз фоҷеъаҳои такондиҳандаи муҳити зист дар сайёра арзёбӣ кард, рӯшан аст, ки масъалаи об ва таъмину тақсими он масъалаи калидии мулоқоти Тошканд хоҳад буд.
Вале ҳамеша таҳлилгарону коршиносон таъкид кардаанд, ки фоҷеаи Арал ба Тоҷикистону Қиризистон иртибот надоштааст. Оби рӯдхонаҳои онҳо ҳамеша ҷорӣ буд ва ҷорӣ хоҳад шуд. Онҳо обро дар ҷое нигоҳ надоштаанд. Таъкидҳо ҳамеша ин буд, ки дар Ӯзбакистон мазореъи пахта пайваста вусъат ёфтааст, тақсими об дар чунин мазореъи бепаҳно низом надоштааст ва боиси талафи беш аз мизон шудааст.
Ба ин сабаб Арал, чаҳорумин баҳри бузурги дунё, имрӯз ба маротиб хурдтар шудааст ва дар баъзе ҷойҳо аз соҳилҳои пешини худ то сад километр дур рафтааст.
Вале дар кишваре мисли Ӯзбакистон, ки тақрибан манобеъи обӣ надорад ва аслан аз биёбон иборат аст, вусъат додани кишти зироате мисли пахта, худ ба худ гувоҳи он аст, ки Арал "ташналаб" хоҳад монд, то мазореъи пахтаи Ӯзбакистон шодоб шавад.