Дар ин ҷашнвора кӯдакону навҷавонони синни аз 3 то 16-сола ширкат доранд, ки сӯҳбатҳо ва мулоқотҳо бо шоирону нависандагони адабиёти кӯдак дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо, намоиши китобҳои кӯдакона ва озмуни «Беҳтарин китобхонаи кӯдакона» дар барномаҳои ин тадбири муҳими фарҳангӣ қарор дорад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва китобхонаи кӯдаконаи ба номи Мирсаиди Миршакар ҳадафи аслии ин ҷашвораро тарғибу ташвиқи кӯдакон ба хондани китоб ва китобхона, ҷалби ҳар чи бештари насли наврас ба илму дониш ва боло бурдани маҳорату малакаи хурдсолон ва навҷавонон арзёбӣ кардаанд.
Ин ҷашнвора ҳар сол дар гӯшаву канори Тоҷикистон баргузор мешавад, ки омили пайвандсозии нависанда бо насли навраси китобхон низ ҳаст.
Аммо суоли матраҳ низ ин аст, ки ин ҷашнвора, ки дар сол танҳо як маротиба ва он ҳам барои як ҳафта сурат мегирад, оё метавон завқу шавқи кӯдаконро ба китобу китобхонӣ бештар кунад?
Ба ин хотир сӯҳбате оростем бо Камол Насрулло, адиби тоҷик ва муовини раиси Итиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ки нахуст ба ин суол посух гуфт:
«Ин ки дар як сол як бор мешавад, ҳеҷ набошад, таконе медиҳад. Як бори дигар гулхани маърифатомӯзиро дар дили наврасон аланга мезанад. Албатта дар сол як бор ташкил кардани фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон» агар гумон кунед, ки ҳама кӯдакон китобхон мешаванд, ин чандон дуруст нест, лекин ба ҳар ҳол ин ҳам хуб аст, ки ҳамин гунн фестивал ҳаст ва кӯдаконро сафарбарӣ мекунад, таконе медиҳад. Баъдан он нақшаҳое, ки ин фестивал дорад, кӯдакон ва он китобхонаҳое, ки дар саросари ҷумҳӯрӣ ҳастанд, мустақилона кор мекунанд. Ҳамчунин дигар гуна ҷамъомадҳо ташкил мекунад, ки дили кӯдаконро ба китобу китобхона гарм месозад.
Суол: -Ин дар ҳолест, ки имрӯз кӯдакону навҷавонон бештар на ба китоб, балки бозиҳои компютерӣ ва дигар амалҳо завқу ҳавас доранд?
Камол Насрулло: -Дуруст, аст, ки дар ин замони компютерӣ кӯдакону шогирдони мактабҳо то андозае аз хондани китоб, аз мутолиаи нашрияҳои бачагона дур ҳам шудаанд. Ба ин далел мақсади фестивал низ тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии хониш дар байни наврасон, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи онҳо ба китоб ва китобхона ҳамчун манбаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ташаккули маҳорату малакаи хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон аст. Он чизе, ки кӯдак аз хондан мегирад, донишҳои компютерӣ дода наметавонад. Зеро вақте инсон китоб мехонад, фикр кардан, эҷод карданро ёд мегирад.
Суол: -Аммо вазъи адабиёти кӯдаконаро чи гуна метавон арзёбӣ кард?
Камол Насрулло: -Мо адабиёти хуби кӯдакона дорем, ки дорои собиқаи хубе ҳаст. Бисёр намояндагони дурахшони ин адабиётро дорем, ки асарҳояшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ низ шӯҳрат доранд ва соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Имрӯз ҳам насли нав ин адабиётро идома медиҳанд. Вале гап сари он аст, ки бо сабабҳои маълуме, ки дар давраи гузариш аз замони Шӯравӣ ба истиқлолият буд нашри китобҳои кӯдакона андак коҳиш ёфтаанд. Гуфта наметавонем, ки кӯдакони мо китобхон нестанд, балки китоб дастраси онҳо камтар буд ва китобҳо ба гушаҳои дурдаст, мактабҳои Тоҷикистон камтар мерасид. Имрӯз як вазифаи муҳим ин аст, ки теъдоди китобҳоро бояд зиёд кунем, то ки китобҳо ба дасти кӯдакон бирасанд.
Суол: -Оё ин тавонро дорем ё хайр?
Камол Насрулло: -Ин кор шудан дорад. Мисли ин ки нисбат ба чанд соли пеш ҳозир теъдоди китобҳо афзуда истодааст. Агар чӣ дар сатҳи даврони шӯравӣ 20 ё 30 ҳазор набошад ҳам, аммо теъдоди онҳо ба ҳазорҳо расидан дорад ва гумон мекунам, ки сол то сол мо ин холигоҳро пур мекунем.
Суол: -Хуб, вақте, ки мехоҳем теъдоди китобҳои кӯдакона зиёд шавад, пас ниёзе ба интишорот ё нашриёти чопи адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон нест?
Камол Насрулло: -Бад намебуд агар ки як чунин нашриёт дар Тоҷикистон вуҷуд медошт. Ҳарчанд шӯъбаҳое дар назди нашриётҳо ҳаст, ки ба чопи китобҳои бачагона машғул ҳастанд. Лекин ман гумон мекунам, ҳозир гап сари ин нест. Чунки мо нашриётҳои зиёде дорем ва пайдо шудаанд, ки онҳо ҳозир ҳастанд ҳама гуна китобро, аз ҷумла китоби кӯдаконаро чоп кунанд. Гап дар он аст, ки мол маблағҳо ёбем, то ин китобҳо чоп шаванд.
Суол: -Яъне мушкилоти молӣ садди ин роҳ аст, бале?
Камол Насрулло: -Оре, мушкилоти молӣ ҳаст ва барои давлати навбунёди мо, ки аз бисёре аз холигиҳо шурӯъ кард, ин чиз вуҷуд дорад. Лекин ман бори дигар таъкид мекунам, ки нисбат ба чанд соли пеш ҳоло корҳо хеле пеш рафтааст ва хеле дастовардҳое ҳам дар ин соҳа вуҷуд дорад.
Суол: -Чун аз сӯҳбат аз ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» аст, шодравон Наримон Бақозода, аз ташаббускорони ин тадбир буданд ва аз беҳтарин шоирони адабиёти кӯдакона маҳсуб мешуданд. Ҷои ӯ дар миёни мо холист ва ёдашон ба хайр. Аммо имрӯз таваҷҷӯҳи адибони ҷавон ба адабиёти кӯдак чи гӯна аст?
Камол Насрулло: -Воқеан Наримон Бақозода яке аз мубтакирони ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби кӯдакон» буданд ва шоирони дигаре дар амалишавии ин тадбири муҳим, аз ҷумла Ҷура Ҳошимӣ он касро ҳамроҳӣ мекарданд. Чорабинишғҳои идонаи ин ҷашнвора бо ширкати шоирону нависандагони адабиёти кӯдак ҷараён мегирифт. Имрӯз ҳам адибони тоҷик дар ин ҷашнвора ҳастанд ва баҳри таблиғу ташвиқи китобу китобхонӣ дар миёни кӯдакону наврасон саҳм мегузоранд. Таваҷҷӯҳи адибони ҷавон, ҳам шоирону ҳам нависандагон ба адабиёти кӯдак зиёд аст ва метавон аз чандин нафар ном бурд. Адибони хубе дорем, масалан Азизи Азиз, ки насрнавис аст ва асарҳое, ки ӯ менависад барои ҳам насли наврас ва ҳам калонсол беҳтарин аст ва мешавад онҳоро ба забонҳои дигар тарҷума кард. Зеро дар навишти вай ва дигар адибон тозакориҳо дида мешавад.