Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муқаррароти "тиҷорати озод" бояд риоя шавад"


Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул
Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул

Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул, пас аз дидораш бо раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз гуфт, СБП ҷиҳати ҳалли мушкили борҳои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон талоши мусоидат хоҳад кард.

Раҳбари намояндагии СБП, ки дар ду моҳи ахир барои бори дуввум ба Душанбе меояд, ба хабарнигорон гуфт, масъулони ин ниҳод бо мақомоти Узбакистон мулоқот хоҳанд кард ва мавзӯъи вагонҳои Тоҷикистонро дар миён хоҳанд гузошт.

Дидори Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари ҳайати намояндагии СБП бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи арзёбии вазъи иқтисоди rишвар, тавассути ин ҳайат сурат гирифт.

Нигаронии раҳбари ҳайати СБП аз он аст, ки иқдомоти ахири Узбакистон, дар робита ба монеъа гузоштан ба ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон, хатаре барои тавсеъаи иқтисодии ин кишвар хоҳад дошт.

Муқаррароти "тиҷорати озод" бояд риоя шавад

Аксел Шиммелпфенниг ҳимояти СБП дар ҳалли қазияи боздошти вогунҳои Тоҷикистонро баён кард: «Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон узви СБП мебошанд. Ин кишварҳо ба ҳангоми ворид шудан ба ин созмон тааҳҳуд кардаанд, ки талаботҳои мавҷуд дар СБП, аз ҷумла пуштибонӣ аз «тиҷорати озод» - ро риоят мекунанд. Президент Раҳмон ва ҳам давлати Тоҷикистон нигаронии худро дар заминаи нақзи ҳаракати қаторҳо, ба хусус боздошти вогунҳои ин кишвар дар қаламрави Узбакистон дар миён гузоштанд. Ба ин далел, ба зудӣ ин мавзӯъро дар мулоқот бо мақомоти Узбакистон мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва барои риояти муқарароти «тиҷорати озод» мусоидат хоҳем кард. Бояд барои рияоти муқарароти «тиҷорати озод» миёни кишварҳо ҳеҷ гуна маҳдудияте вуҷуд надошта бошад».

Ҳимояти раҳбари ҳайати СБП аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи арзёбии ин созмон, ин кишвар тавонистааст, пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиро пушти сар кунад ва муддати моҳи авали соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ даст ёбад. Аз ҷумла ба таъкиди Аксел Шиммелпфенниг мизони интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 14 дар сад ва ҳаҷми содироти коло ба 45 дар сад афзоиш ёфтааст.

Аз сӯи дигар ҷаноби Шиммелпфенниг дурнамои бахши энержиии Тоҷикистон ва тавсеъаи иқтисодии кишварро муассир хонд, ва гуфт, дар муддати чанд моҳи ахир барои аввалин бор суръати афзоиши тавлидоти саноъатӣ ба мушоҳида расидааст.

Аммо нигаронии ин мақоми СБП роҷеъ ба қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дар ҳолест, ки ин мавзӯъ дар ҷараёни дидори Бан Ки Мун, дабири кули СММ, дар ҳафтае пеш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус дар дидору мулоқот бо мақомоти Узбакистон матраҳ шуда буд.

Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик мӯътақид аст, ки СБП метавонад аз тариқи фишор болои Узбакистон ба қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикистон таъсир расонад ва онро ҳал кунад: «МВФ ё Сандуқи Байналмилалии Пул, институти моли байналмилалӣ аст ва таъсисри он ба ҳамаи кишварҳо аст. Узбакистон низ аз ин созмон пул мегирад. Дар сурати иҷро накардан СБП метавонад, санксияи умумиҷаҳонӣ алайҳи Узбакистон қабул кунад».

"Ин масъала хориҷ аз тавони СБП аст"

Аммо Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон дар ин масъала назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд: «Наметавонад ин корро ҳал кунад. Ин кор бисёр ҷиддӣ аст. Ин масъала, ки дар бораи роҳи оҳан, интиқоли барқ ва сохтмони Роғун – ин корҳоест, ки дар салоҳияти СБП нест. Балки кишварҳои СНГ бояд барои халли ин кор талош кунанд».

Тибқи иттилоъи расмии Тоҷикистон, 2 ҳазор вагон, марзи Узбакистонро убур карда наметавонанд.

Ҳарчанд ҷониби Узбакистон иллати ин қазияро фаннӣ меномад, аммо Тоҷикистон ангезаи онро сиёсӣ ва дар сатҳи расмӣ «муҳосираи иқтисодӣ» номидааст.

Дар ҳар сурат рӯшан аст, ки чунин амалкарди ҷониби Узбакистон дар мухолифат ба сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.
Дар мулоқоти Аксел Шиммелпфенниг бо президенти Тоҷикистон маблағгузории тарҳи «Роғун» низ матраҳ шудааст.

Ҷаноби Шиммелпфенниг аз созиши ахири миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ имзошуда, ҷиҳати арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи «Роғун» истиқбол кард ва гуфт, ин имкон хоҳад дод, то пас аз анҷоми он давлати Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати ташкили консорсиуми байналмилалӣ ва ҷалби сармоя дархост кунад.

Як ҳафта то баррасии Бонки ҷаҳонӣ аз Роғун

Дар ҳамин ҳол Киара Бронки, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ки дар мулоқоти ҳайати СБП бо президенти Тоҷикистон низ ширкат дошт, иттилоъ дод, ки ба зӯдӣ гурӯҳе аз коршиносони ин Бонк вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Ӯ гуфт: «Гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба таърихи 20 апрел вориди Душанбе мешаванд. Ҳадафи ин гурӯҳ арзёбии амнияти платина ё сади неругоҳи «Роғун» хоҳад буд. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард».

Мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ эълом карда буданд, ки моҳи апрел гурӯҳе аз коршиносони ин бонк ба манзури арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитиии неругоҳи «Роғун» ба Тоҷикистон меоянд.
XS
SM
MD
LG