Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби лӯлиҳо ба сафи артиши Тоҷикистон


Барои нахустин бор таи 20 соли ахир 40 нафар ҷавони лӯлии муқими ноҳияи Восеъ ба хидмати сарбозӣ даъват шудаанд. Барои гусели онҳо даҳҳо сокини лӯлитабор пушти дари комиссариати ҳарбӣ гирди ҳам омаданд

Зубайдулло Абдуллоев, комиссари ҳарбии ноҳияи мазкур мегӯяд, барои ҷалби лӯлиён таи чанд рӯзи ахир дар деҳи онҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ шуғл дошта, муҳимияти хидмат ба Ватанро ба онҳо фаҳмонидааст.

Ҷаноби Абдуллоев гуфт: “Чунин корҳои тағиботӣ буд, ки аксари лӯлиҳо фарзандонашонро гирифта, худ ба назди комиссариат омаданд. Аммо мушкил дар ин аст, ки аксари онҳо бо худ на шаҳодатнома доранду на шиноснома. Ҷавон оиладор шудаанд, вале оиладориву кӯдакдории онҳо расмӣ нест. Ин ҳангоми ҷалб мушкил ба бор овардааст.”

Дар ҳамин ҳол, Насрулло Шоназаров, як ҷавони лулӣ мегӯяд, онҳо танҳо ба он шарт барои рафтан ба хидмат розӣ шудаанд, ки онҳоро ба қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе баранд.

Насрулло мегӯяд: “Мо аз дигар ҷавонҳои кишвар фарқ надорем. Тоҷикистон ҳам ватани мо ҳаст, лекин илтимос мекунем, ки моро бигузоранд, дар шаҳри Душанбе хизмат кунем.”

Изатулло Қудратов, раиси маҳаллаи Навобод мегӯяд, замони шӯравӣ бархе аз ҷавонони лулӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешуданд, вале пас аз истиқлолият бинобар нохуб будани вазъи кишвар онҳо аз хидмат сарпечӣ мекарданд. Вай мегӯяд, ҳамакнун бо пурра ором шудани вазъи кишвар ва хуб шудани шароити хидмат дар артиш падару модари лулиён барои хидмати ҳарбии фарзандонашон розӣ шудаанд.

Наздикони худро ба сафи артиш гусел мекунанд
Бибиҳоҷимоҳ, як зани дигари лӯлӣ мегӯяд, ҳарчанд барои онҳо ҷалби фарзандонашон ба хидмати ҳарбӣ хуш наояд ҳам, аммо барои Ватан ва ватандорӣ ба ин кор розӣ ҳастанд.

Бахтулло Мирзоев, директори мактаби вижа барои лӯлиёни деҳаи Навобод мегӯяд, аслан ҷалби лулиҳо ба хидмати ҳарбӣ кори саҳл набудааст. Ба гуфтаи ӯ, солҳои қабл лулиён бо нишони эътироз аз хидматӣ ҳарбӣ сарпечӣ мекарданд. Аммо вай мегӯяд, бо мушкилоти зиёд ҳоли ҳозир лӯлиён ба хидмат ҷалб шудаанд.

Ӯ мегӯяд, “ҳадафи ҷалби он ҳо ин аст, ки бигзор онҳо низ дарк кунанд, ки сокини ҳамин ватан ҳастанд ва барои ин ватан бояд хидмат кард. Аз лиҳози дигар шояд бо ҳамин роҳ лӯлиёнро ба ҳайёти мулкӣ баргардонд ва онҳо аз шуғли бобиашон даст кашанд.”

Мардуми лӯлӣ аз шумули он қабилае ҳаст, ки гадоиро шуғл барои зиндагии хеш қарор додааст. Феълан, дар ду ҷамоаи деҳоти ноҳияи Восеъ беш аз ҳазор хонаводаи лулӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG