Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурези мутахассисони ҷавон аз Тоҷикистон


Бештари ҷавонони тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, баъд аз хатми донишгоҳ кору фаъолият дар хориҷаро аз зиндагӣ дар Тоҷикистон афзал мешуморанд.

Комил Раҷабов, ҷавони 26-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кор ва дар риштаи тарабхонадорӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, кӯшиш дорад, то баъди таҳсил дар ин шаҳр бимонад.

Комил баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон кори мувофиқ ба ихтисосаш пайдо накардааст ва чун садҳо ҳамсолонаш нахуст рӯ ба муҳоҷират оварда, баъдан ба як донишгоҳи хусусии Санк-Петербург шомил шудааст.

Вай мегӯяд, «ман хуб медонистам, ки дар Тоҷикистон ояндаи хуб надорам ва рӯ ба Русия овардам». Ба андешаи Комил, таҳсил дар хориҷа барои бисёре аз ҷавонон як шонси хуби ёфтани кори мувофиқ ва беҳтар кардани шароити зиндагист.

Комил мегӯяд, аксаран ҳамсолони ӯ, ки дар Русия таҳсил мекунанд, пас аз хатми мактаби олӣ ба ватан барнамегарданд. Ва бештари онҳое, ки ба Тоҷикистон бозпас мегарданд, фарзандони хонаводаҳои доро ва соҳибмансабанд.

Камбуди кор ва моҳонаи ночиз

Аммо баъзе аз муттахассисони ҷавони дар хориҷа таҳсилкарда шикоят мекунанд, ки баъди бозгашт ба ватан ба мушкили пайдо кардани ҷойи кор рӯбарӯ шудаанд.

Валиҷон Каримов, ҳамсӯҳбати дигари мо, хатмкардаи донишгоҳи Колумбияи Ню Йорк аст. Вай мегӯяд, яке аз иллатҳои дар ватан ояндаи худро насохтани ҷавонони таҳсилдида ин аст, ки низоми кории Тоҷикистон аз кишварҳои Ғарб фарқ мекунад ва ҷавонон пас аз бозгашт ба ватан наметавонанд, донишҳои андухтаашонро истифода баранд.

Аз сӯи дигар маоши нокофие, ки дар корхонаҳои давлатӣ медиҳанд, онҳоро наметавонад дилгарм созад. Танҳо як бахши хурди ҷавонон, ки дар созмонҳои байнулмилалӣ ва ё сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон кори меёбанд, ҳақмузди кофӣ мегиранд.

Валиҷон мегӯяд, «ман дар Амрико дар риштаи иҷтимоӣ таҳсил кардаам. Аммо дар Тоҷикистон аз рӯи ин ихтисос кор пайдо кардан хеле душвор аст. Дар дар бештари дигар соҳаҳо низ вазъ ҳамин аст, чунки низоми корӣ дар ин ҷо комилан фарқ мекунад».

Фирори ақлҳо ва ояндаи Тоҷикистон

Ҷомеъашинос Муслимаи Абдулло мегӯяд, фирори ақлҳо аз кишвар ҷомеаро дар ояндаи наздик ба мушкилоти фаровони иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳатто сиёсӣ мувоҷеҳ мекунад. Ба гуфти вай, давлат бояд барои ҷавонон шароити моддиву маънавиро фароҳам оварад ва мушкилоти сунъии бюрократиро то ҳади аксар коҳиш бидиҳад.

Вай афзуд, «нуқсонҳое ба мисоли хешутаборбозӣ аз байн мерафт ва мутахасисонро дар асоси озмунҳои шаффоф ба кор ҷалб мекарданд, он вақт сифати мутахассисон дигар ва дили ҷавонон гармтар мешуд.»

Муслимаи Абдулло мегӯяд, дар баробари ин ҳама шурӯъ аз кӯдакистон то мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бояд барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон барномаҳои муассири омӯзиши роҳандозӣ шавад.
XS
SM
MD
LG