Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулҷаҳон Бобосодиқова дар бораи маориф


Маорифи Тоҷикистон тайи солиёни истиқлолият ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шудааст. Солҳои ахир дар ин мавзӯъ нишастҳову мизи гирдҳои зиёде баргузор мешаванд, то роҳи ҳалли мушкилоти маориф пайдо шавад.

Ахиран, бо пуштибонии Иттиҳоди Аврупо, Институти ҷанг ва сулҳи Бритониё, Вазорати маорифи Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва Бунёди Сорос дар Душанбе як нишасти минтақавӣ бо ширкати мақомот, мутахассисони соҳа ва коршиносон дар мавзӯъи «Дастрасӣ ба маълумот дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор шуд. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки сатҳи саводандӯзӣ ва саводдиҳии хонандагон дар минтақа ба ҷуз Қазоқистон поин рафтааст.

Масалан, теъдоди хонандагоне, ки бояд ба мактаб раванд, аммо намераванд, дар Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбакистон аз марзи ҳазорҳо убур кардааст. Мушкили умда ҳам ин будааст, ки хонандагон ба ҷои таҳсил маҷбуранд, то барои бароварда кардани эҳтиёҷоти оилаашон ба кӯча бароянд.

Аммо маорифи минтақа, бахусус Тоҷикистон мушкилоти бунёдие дорад, ки дар ин мавзӯъ мо бо яке аз собиқадарони ҳукумати Тоҷикистон, ҳоло сарвари Анҷумани занҳои донишгоҳии Тоҷикистон Гулҷаҳон Бобосодиқова сӯҳбат кардем.

XS
SM
MD
LG