Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии Суғд гуфт, аз 8 нафари боздоштшудаҳо ҷарима ситонида, сипас ба кишварашон истирдод карданд. Аммо нисбат ба 2 сокини ноҳияи Бекободи Узбакистон, ҳаммарз бо ноҳияи Спитамени Тоҷикистон, бо айби «убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ» парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтиши онро идораи амният пеш мебарад.
Аз рӯи муқаррарароти байнидавлатӣ сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Узбакистон ҳаққи барои то 5 шабонарӯз ворид шудан ба қаламравҳои ҳамдигар ва ба дурии то 30-километр доранд. Аммо мақомоти интизомии Суғд гуфтанд, ки сар аз соли нав ин муқаррарот аз ҷониби Узбакистон риоя намешавад ва гузаргоҳҳои марзии ин кишвар ба сӯи Тоҷикистон якҷониба баста аст.
Генерал Юсупов гуфт, аммо Тоҷикистон дарвозаҳои марзии худро барои равуои озодонаи шаҳрвандони хориҷӣ боз гузоштааст ва мақомоти интизомӣ бо санҷишу тафтиши 5 шабонарӯзӣ ба хотири то кадом андоза риоят шудани тартибу муқаррароти равуо ва будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Узбакистон буд.