Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои Роғун ба фурӯши такрорӣ мебарояд


Вазорати молияи Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро барои нахустин бор ба бозори фурӯши такрорӣ мебарорад. Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, фурӯши саҳмияҳо дар оянда аз тариқи бозори молиявӣ ё саҳҳом сурат хоҳад гирифт.

Оқои Наҷмиддинов мегӯяд: “Дар фонди биржавӣ бозори озод мешавад. Он ҷо низ саҳмияҳоро ба муомилот мебарорем. Ин маъракаи яквақта нест, балки маъракаест, ки то сохтмони нерӯгоҳ давом дорад, идома хоҳад ёфт”.

Мақомоти вазорати молия мегӯянд, агар танҳо дар моҳи январи соли 2010 сокинон ба бештар аз 700 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ карда бошанд, дар се моҳи баъдӣ ин рақам фақат ба 180 миллион сомонӣ баробар будааст.

Ҷамшед Шерматов, раиси бахши коғазҳои қимматноки вазорати молия, мегӯяд, дар бозори саҳҳом ё бозори молиявӣ афроди алоҳида ширкат накарда, ширкатҳои саҳҳомӣ ва афроди ҳуқуқӣ метавонанд, ки танҳо аз тариқи миёнаравҳо дар ин муомила ширкат намоянд: “Баробари муайян шудани миёнарав аз тарафи ҷамъияти саҳҳомии “Роғун”, ҳар як саҳмдор ва он саҳмияҳое, ки то имрӯз фурӯхта нашудаанд, тавассути биржа озодона хариду фурӯш мешаванд. Моҳияти биржаи фондӣ ҳам дар он аст, ки ҳамон маблағҳои озоде, ки дар иқтисодиёт аст, сарҷамъ мешаванд ва ба самте, ки бояд аз фурӯши саҳмия ба даст оварда шавад, ба ҳамон самт истифода мегардад”.

Баҳром Шарифов, коршинос дар умури бонкӣ, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, хариду фурӯши саҳмияҳои Роғун дар бозори саҳҳом тибқи “қонунҳои ин бозор” сурат хоҳанд гирифт ва арзиши саҳмияро низ бозор муайян хоҳад кард. Яъне, ба гуфтаи ӯ, агар талабот зиёдтар бошад, саҳмияҳо ба нархи гаронтар ва агар талабот камтар бошад, ба нархи арзонтар харида ё фурӯхта мешаванд.

Ӯ афзуд: “Он шахсоне бурд мекунанд, ки панҷ - шаш сол ё то ба итмом расидани сохтмон ё ҳадди ақал то гирифтани фоидаи аввал саҳмияро нигаҳдорӣ кунанд. Чунки одамон метавонанд ба ҳар гуна овозаҳо бовар карда, саҳмияро фурӯшанд ва бой диҳанд. Барои ҳамин тавсия медодам, ки агар ин гуна саҳмияро барои ҳамчун маблағгузории дарозмуддат истифода баранд, баъд ба мақсад мерасанд”.

Таблиғ ва фурӯши нахустин саҳмияҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ оғоз ёфт. Ин саҳмияҳо дар маҷмӯъ ба миқдори 6 миллиард сомонӣ таҳия шудааст. Қарор аст, ки давлати Тоҷикистон ба миқдори 4,5 миллиард сомонӣ саҳмияҳои Роғунро худаш харидорӣ карда, саҳмияҳои боқимондаро ба шаҳрвандони тоҷик бифурӯшад.

Мақомот мегӯянд, то ҳол саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба маблағи бештар аз 800 миллион сомонӣ фурӯхта шудааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки аз маблағҳои ҷамъоваришуда аз фурӯши
саҳмияҳои Роғун то кунун чӣ миқдори он сарф шудааст, чунин посух дод: “Аз ҳисоби маблағҳои мардумӣ то имрӯз ба маблағи 76 миллион сомонӣ барои ду агрегати нерӯгоҳи Роғун аз ширкати Турбоатоми Украина таҷҳизот харидорӣ шудааст. Дигар маблағи боқимонда аз 814 миллион сомоние, ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омад, дар хазинаи вазорати молия ва ҳамчунин дар хазинаи бонкҳои тиҷоратӣ маҳфуз аст. Мувофиқи тартиби муайяншуда бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон бидуни иҷозаи вазорати молия ба харҷи ин маблағҳо ҳақ надоранд”.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон, қатъи маъракаи таблиғотии Роғун дар кишварро рад кард ва гуфт, ки “танҳо аз таблиғоти серхароҷот ва аммо камтаъсир худдорӣ шудааст”.

"Вазоратҳо маблағро ғайримақсад истифода кардаанд"

Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз харҷи ноҳадафмандона ё ғайримақсади маблағҳои буҷа дар баъзе аз вазорату корхонаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тибқи аудит ё бозрасии ин вазорат, бештар аз 1 миллион сомонӣ дар вазоратхонаҳо маблағ “гум” шудааст ё ғайримақсад истифода гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ахири Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, ин рақам ҳудудан ба 10 миллион сомонӣ мерасад.

Вазири молия дар сирқати маблағҳои буҷа вазоратҳои кишоварзӣ, энержӣ ва саноат, обу обёрӣ, меҳнат ва фарҳангро масъул донист.

Вай афзуд: “Аз он ҷумла дар вазорати кишоварзӣ 266 ҳазор сомонӣ ғайримақсаднок истифода шуда, камбуди дигар воситаҳои пулӣ дар ин вазорат ба 5 миллион сомонӣ мерасад. Ҳамчунин, дар вазорати обу обёрӣ 1 миллион сомонӣ, вазорати меҳнат 33 ҳазор сомонӣ, вазорати тандурустӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ , вазорати нақлиёт 300 ҳазор сомонӣ, вазорати фарҳанг 1,9 миллион сомонӣ, вазорати энергетика 1,3 миллион сомонӣ камомади маблағ сабт шудааст”.

Вазири молия ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки ё масъулони ин камомадҳои маблағ ва ё ба истилоҳи дигар масъулони “гумшавии” маблағҳо то ҳоло муҷозот шудаанд, ё не, гуфт: “Инҳо ҳатман муҷозот мешаванд, муҳокима мешаванд. Дар вазорати молия муҳокима мекунем, дар бораашон ба ҳукумат менависем. Дар вазорати молия барои камомадҳо ду мудири ноҳияи Панҷ ва Зафарободро аз кор барканор кардем. Ва ҳамчунин ду корманди шӯъбаи аудити ин ду ноҳияро низ ба ҷазои маъмурӣ кашидем. Ин доим таҳти назорати мо аст”.

Мушкили қарзҳои хориҷӣ

Аммо муҳимтарин мушкиле, ки дар рӯ ба рӯи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад, дарёфти қарз аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷист. То ҳоло қарзи давлатии Тоҷикистон ба бештар аз 1 миллиарду 700 миллион доллар мерасад, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 34,9 дар сад мебошад.

Сафаралӣ Наҷмудинов, вазири молия мегӯяд, лимити Тоҷикистон барои дарёфти қаорзҳои хориҷӣ 40 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохили будааст, ки ҳоло Тоҷикистон аз ин ҳисоб ҳамагӣ каме бешар аз 5 дарсадро дар ихтиёр дорад. Гуфта мешавад, бахши аслии ин маблағҳо ба бахшҳои энержӣ, коммуникатсия ва амнияти ғизоии кишвар сарф шудааст.
XS
SM
MD
LG