«Кадомеро напурсем, «надидам» мегўяд, ҷигар реш мешавад. Он рўз ман дар хона набудам. Мадина мактаб меравам гуфта, аз хона баромадаасту дигар ба хона барнагашт. Ба духтари дигарам, ки дар хона буд, гуфтааст, ки ба назди дугонаам мераваму якҷо мактаб хоҳем рафт. Хона омадам, гуфтанд, ки Мадина мактаб рафт. Мунтазир шудем то шом, наомад. Мактабро суроғ кардам, ки гуфтанд, имрўз вай наомадааст…»
Мадина чаро рафту бар нагашт?
Хонум Мўъминова акнун худашро нафрин мехонад, ки як рўзи қабл аз нопадид шудани Мадина, ӯро иҷро накардани кадом кори хона сарзаниш карда буд ва шояд иллати аз хона рафтани Мадина ҳам ҳамин бошад.
Ӯ ҳамчунин бим дорад, ки Мадинаи ноболиғ тўъмаи гурўҳҳои қочоқбару ҷинояткор гардида ва ё ба дасти афроде афтодааст, ки ба хариду фурўши узвҳои инсонӣ сарукор доранд.
Мадина Мўъминоваи гумшуда муҳассили яке аз макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Қўрғонтеппа буда, шашумин ноболиғи бенишонгардида дар соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Мушкили иҷтимоӣ - сабаби фирор?
Офоқ Қодириён, сухангўи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегўяд, дар аксари маворид камбизоативу мушкилоти иҷтимоӣ сабаби фирори ноболиғону ҷавонон аз хона ва канори пайвандонашон мешудааст:
«Дарёфти пули нақд, осон ба даст овардани дороиҳо, зиндагии шоиставу бидуни мушкилу камбудӣ… Ин орзуҳо дар сари бисёре аз ҷавондухтарону ноболиғон андешаи тарки манзили волидонро вуҷуд меорад. Мутаассифона, бисёре аз бонувони рўзгордида ҳам ба мушкилоти зиндагӣ тоб наоварда, худашон ба қочоқи инсон даст мезананд, яъне фарзандони хурдсоли худро бар ивази маблағ ба фурўш гузошта, тамсили гум шудани тифлашонро мекунанд…»
Агар Мадина тарияи исломӣ медошт, гум намешуд?
Хайриннисо Саидова, масъули бахши кор бо занони созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, мегўяд, рўҳу равони заиф, дар рўҳияи таҳаммулнопазирӣ камол ёфтани ноболиғон ва аз маърифати исломӣ бебаҳра будани ҷавондухтарон, сабаби аслии кўтоҳандешиву ломакон шудани духтарони ноболиғ мебошад.
Бархе коршиносони дигар ҳам серфарзандии модаронро як далели дигари пеш омадани чунин ҳолатҳо медонанд. Зеро серфарзандӣ ба болои мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба модарон имкон ва фурсати расидангӣ ба масъалаҳи фарзандон ва тарияи дурусти онҳоро намедиҳад.
"Зуд ба милиса хабар диҳед"
Абдуҷалол Пиров, корманди масъули идораи кофтукови ҷиноии милисаи шаҳри Қўрғонтеппа, бо таваҷҷўҳ ба афзоиши мавориди бедарак шудани ноболиғону ҷавонон, мегўяд, волидонро зарур аст, дар сурати нопадид шудани фарзандони ҷавон ё ноболиғашон ба таҳқиқи худсарона напардохта, ба зудтарин фурсат аз милисаи маҳаллӣ кўмак бихоҳанд:
«Гумшудаҳоеро, ки бо мушкил пайдо мекунем, ё ҳоло пайдо нашудаанд, асосан дар бораи бедарак шуданашон дер хабар додаанд. Бо ин ҳол, корҳои оперативӣ бурда наметавонем, изи гумшудаҳо ё изи ҷиноят гум мешавад. Бисёр вақт пайвандони нафарони бенишоншуда саривақт ба милиса муроҷиат намекунанд, ки боиси таассуф аст…»
Милисаи маҳаллӣ дар қазияи гум шудани Мадинаи 13-сола якчанд фарзияро баррасӣ дорад. Ба гуфтаи як мақоми милиса, ки нахост номаш зикр шавад, Мадинаи ноболиғ ба гумони ғолиб, дар пайи муноқишаҳои оилавӣ аз хона бадар рафта, ба дасти гурўҳои номуайяни ҷинояткор афтодааст, ки аҳдофашон хариду фурўши узвҳои бадан ё ҷалби вай ба танфурўшӣ будааст.
Фарзия ва овозаҳо
Хабари гум шудани Мадинаи ноболиғ дар миёни аҳолии Қўрғонтеппа сарусадоҳои мухталиф, гумону шубҳаву ҳадсзаданҳоро дар бораи гўё қасдан рабуда шудани вай ба миён овардааст.
Сокинони шаҳри Қўрғонтеппа мегўянд, ҳамакнун овозаи қочоқи духтарони ноболиғ, таҳқир ва бадрафторӣ нисбат ба онҳо дар минтақа зиёд ба гўш мерасад.
Ба иттилои раёсати умури дохилии вилояти Хатлон, дар семоҳаи аввали соли 2010 дар қаламрави вилоят 6 сокини ҷавон ва 6 ноболиғ аз маҳалли сукунати доимии худ ғайб задаанд. То ҳол ҷустуҷўи чанде аз онҳо идома дорад.
Аммо мақомоти милиса мегўянд, ҳеҷ шикояти расмие оид ба мавориди қочоқи барқасдона ва бадрафторию таҳқири ҷавондухтарон, ба монанди сартарошии онҳо, ба шўъбаҳои умури дохилӣ ворид нашудааст.
Арзишҳо ва суннатҳои шикастаи хонавода
Дар замони Шӯравӣ хонавода воҳиди ибтидоии давлат унвон шуда ва аз ҳар ҷиҳат мавриди таваҷҷӯҳи ҳам ҷомеа ва ҳам худи давлат қарор дошт.
Аммо акнун коршиносон як сабаби дигари гирифтории хоноводаҳо ва мушкили тарбияи фарзандонро дар шикастани суннатҳои хонавода мебинанд.
Хонаводаҳо дар ҷомеаи суннатии тоҷик ҳамеша бар асоси арзишҳо ва суннатҳои миллӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоии хоси худ устувор буданд.
Аммо тағйири низоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки дар пайи худ тағйири биниш ба зиндагии ҷоеаро ба вуҷуд овард, боиси ранг бохтани хеле аз ин арзишҳо шуд.
Арзишҳое, ки камтаъсир шуда, аммо ҳанӯз ҷои худро ба арзишҳои дигаре, ки битавонад пояи суботи фиркӣ ва тарбия дар хонаводаҳо бошад, надодааст.