Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии донишҷӯёни Хуҷанд дар додгоҳ


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баъд аз бозбинии семоҳа даъвои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷандро қонеъ карда, ҳаққи таҳсили онҳоро аз 200 то 100 доллари амрикоӣ поин бурд.

Донишҷӯён шикоят доштанд маъмурияти донишгоҳашон ҳаққи таҳсили онҳоро имсол беасос боло бурда, ба 900 доллар расонидааст.

Дар сурати нерӯи қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ баъд аз 1 моҳ нархи хониши донишҷӯёни соли аввали факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур аз 900 ба 700 доллар, бахшҳои дигар аз 800 ба 700 доллар, ҳамин тавр, солҳои дигар низ 100 доллар поин хоҳад рафт. Ҳамчунин, маъмурияти ин донишгоҳ муваззаф мегардад, маблағи зиёдиро ба донишҷӯён бозпас гардонад.

Додраси додгоҳи Хуҷанд Иноятулло Ғуломов, раиси бозбинии қазияи мазкур, гуфт, додгоҳ қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи, ҳуқуқ тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009, ки ҳаққи таҳсилро 100 доллари амрикоӣ (440 сомонӣ) баланд карда буд, мухолиф ба қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳисобида, бекор намуд. Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур аз ин қарори додгоҳ бо хушнудӣ истиқбол кардаанд. Онҳо мегӯянд, зиёдатии маблағи пардохтаи худро ба соли ояндаи таҳсил мегузаронанд. Зимнан, ин барои бори аввал дар пайи шикояти донишҷӯён як донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маблағи таҳсилро коҳиш хоҳад дод.

Аммо ҳуқуқшиноси ин донишгоҳ Гадойбой Аҳмадов ба Озодӣ гуфт, ки ба ин қарори додгоҳ розӣ шуда наметавонад, зеро тасмими маъмурияти донишгоҳ мутобиқи қонун буд. Вай афзуд, ин масъала ба зудтарин фурсат аз ҷониби маъмурияти донишгоҳаш мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар сурати тасмими шӯро қарори додгоҳро мавриди шикояти кассатсионӣ қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG