Пешвои миллат
Нурсултон Назарбоев ба ин мақом ба хотири «бунёди Қазоқистони нерӯманд дар бист соли сарварияш сазовор» дониста шудааст. Розақул Холмуродов, яке аз мубтакирони ин иқдом, мегӯяд, «ҳама пешрафти кишвар ба заҳмати раисҷумҳур бастагӣ дорад ва имрӯз Қазоқистон дар ҷомеаи ҷаҳон соҳиби обрӯву манзалат аст».
Ҳамакнун, мамониат ба фаъолияти қонунии нахустин раисҷумҳур, яъне пешвои миллат, осеб расонидан ба тасвири ӯ, таҳқири расмӣ ва паст задани шаъну обрӯи ӯ, таҳрифи тарҷумаи ҳоли ӯ низ ҷавобгарии ҷиноӣ хоҳад дошт. Ҳамзамон, бо назардошти «нақши муҳими сиёсии сарвари миллат барои давлат ва ҷомеа сӯиқасд ба ҷони ӯ чун амали террористӣ арзёбӣ шуда, муҷрим ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум ва ё маҳкум ба ҳабси абад мегардад».
Нахустин раисҷумҳури Қазоқистон, ҳамакнун, пешвои миллати қазоқ, барои ҳеҷ амалаш, чӣ дар даврони раёсатҷумҳурияш ва чӣ пас аз он, ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд. Қонуни нав ба Нурсултон Назарбоев ва хонаводаи ӯ кафолати масъунияти моликиятро низ медиҳад.
Тарс аз ҷазо?
Сиёсатшиносон мегӯянд, агар ин қонун аз ҷониби сенат ва худи Нурсултон Назарбоев пазируфта ва имзо шавад, сарвари давлат аз мақоми раисҷумҳур низ болотарро соҳиб хоҳад гардид.
Серикболсин Абдилдин, раиси собиқи Ҳизби коммунисти Қазоқистон, ки замоне раиси Маҷлиси кишвар низ буд, мегӯяд, ба миён гузошта шудани ин мавзӯъ, яъне, ба муҷозот кашида нашудани сарвари давлат баёнгари ин аст, ки «ӯ шахси чандон тоза нест ва ба бисёр амалҳо олуда аст».
Амирҷон Косанов, дабири кулли Ҳизби демократи озод, мегӯяд, сабаби ин иқдом таъсири воқеаҳои Қирғизистон мебошад. Як сабаби дигараш «ҳадяи атрофиёни раисҷумҳур дар 70-солагии президент Назарбоев» номида мешавад.
Ҳамсояҳо, ибрат гиред?
Сиёсатшинос Досим Сатпаев таъкид мекунад, ки ин қадами Қазоқистон ба дигар кишварҳои минтақа низ таъсир хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, мушкили ҳамсон – яъне, чӣ гуна нигоҳ доштани ҳокимият ба ҳамаи раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ хос аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ҳамсоягон низ аз Қазоқистони рушдкарда ва сарвари давраии САҲА ибрат бигиранд.