Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Тоҷикистон дар Созмони конфронси исломӣ


Фардо, рӯзи 18-уми май, дар шаҳри Душанбе нишасти 37–уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ ифтитоҳ мешавад.

Масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, дар кори ин нишаст, ки барои бори нахуст дар пойтахти кишвар сурат мегирад, намояндагони 100 кишвари ҷаҳон ширкат ва тамоми масоили кишварҳои исломӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

«Маркази тасмимгириҳои ҷаҳонӣ»


Тоҷикистон бо он ки дар соли 1992 ба узвияти СКИ пайвастааст, аммо танҳо дар чанд соли ахир тавонистааст, бо муҳимтарин кишварҳои аъзои ин созмон, ба хусус кишварҳои арабӣ равобиту ҳамкориҳоеро ба роҳ монад.

Абдулло Юлдошев, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СКИ-ро дар Душанбе натиҷаи талоши чандинсолаи дипломатияи тоҷик унвон кард ва гуфт, ин баёнгари он аст, ки Тоҷикистон ба маркази тасмимгириҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил мешавад.

Зоҳири Давлат, коршиноси масоили кишварҳои исломӣ, бар ин бовар аст, ки нишасти Душанбе фурсати хубе барои ошноии ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон ва муаррифии он барои ҷаҳониён аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти Душанбе тамоми масоил ва мушкилоти кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, масъалаи Фаластин, Афғонистон ва дигар манотиқи доғи мусалмоннишин матраҳ ва тасмимоте низ гирифта хоҳад шуд. Дуруст аст, ки Тоҷикистон аз вазъи ноороми Афғонистон, ки марзи муштараки 1400 километрӣ дорад, хеле нигарон аст ва нисбат ба дигар ҳамсояҳо бештарин мусибатро хоҳад кашид.

Ҷалби сармояҳои нафтӣ

Аксари соҳибназарон бар ин ҳастанд, ки дар шароити феълии пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ барои Тоҷикистон густариши равобиту ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои берунӣ, ба хусус кишварҳои узви СКИ заруртар аст. Зеро, аз назари Сафари Абдулаҳад, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ, 75 дарсади захоири нафти олам дар дасти кишварҳои исломӣ аст ва кишварҳои исломӣ бидуни шак метавонанд дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми муносибе гузоранд.

Нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои хориҷаи СКИ низ дар шаҳри Душанбе дар шароите сурат мегирад, ки дар ин авохир иқтисоди Тоҷикистон бар асари ҳаводиси табиӣ хисороти ҷиддиеро мутаҳаммил шудааст. Дар маҷмӯъ, пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва ҳамчунин офати табии имсола ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи ҳудуди як миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид кардааст, ки ин кишвар дар танҳоӣ тавони рафъи ин ҳама мушкилотро надорад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, мӯътақид аст, ки эҷоди шароити мусоиди сармоягузорӣ омили ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон хоҳад шуд, вале, феълан, мегӯяд ӯ, фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон он қадар мувофиқ нест, онҳо меоянду тамошо мекунанду мераванд.

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, маҳз фароҳам будани заминаҳои хуби сармоягузорӣ кишварҳои исломиро вориди иқтисоди Қазоқистон кардааст.

Пойтахти фарҳанги исломӣ

Фарҳангу дини муштарак дар муддати чанд соли ахир ва аз сӯи дигар то ҷое дар увлавият қарор гирифтани арзишҳои исломӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон, ки ҷанбаи дунявиро пеш гирифтааст, омили густариши равобиту муносиботи кишварҳои исломӣ бо Тоҷикистон гардидааст.

Дар ин росто таҷлили 1310-солагии зодрӯзи Имоми Аъзам бо ҳузури 500 нафар аз 50 кишвари исломӣ дар соли гузашта, 1200–солагии Имом ал–Бухорӣ ва ба унвони пойтахти фарҳанги исломӣ пазируфта шудани Душанбе вирди забонҳост.

Аммо Ҳикматуллои Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог», бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро лозим аст, то аз зоҳирпарастӣ даст бардорад ва воқеъияти 97 дарсади мусалмонии мардуми кишварро барои СКИ матраҳ кунад, ки ба суди ин кишвар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки рӯ ба кишварҳои исломӣ, ба хусус кишварҳои арабӣ овардани Тоҷикистон ба хотири дарёфти шарикони боэътимоди роҳбурдӣ аст. Зеро, ба таъкиди онҳо, Тоҷикистон, дар муддати 20 соли ахири пас аз фурупошии Шӯравӣ, бештар вобастаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия будааст, ки натавонистааст, иқтисоди хешро тавсеъаи бештаре бубахшад.
XS
SM
MD
LG