800 $ БАРОИ «00»?
Мирзомурод Шарифов, муовини аввали сардори Бозрасии давлатии автомобилӣ, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин музояда 100 адад рақами «номдор», сар карда аз «0011» то «0099», ба фурўш гузошта шуд.
Ҷаноби Шарифов аз зикри ҳаҷми маблағи ғуншуда аз фурўши рақамҳои якхелаи мошинҳо худдорӣ карда, гуфт, шарти аслии музояда ин аст, ки он пушти дарҳои баста сурат гирифта, ҳаҷми маблағи рақами фурўхташуда ва ҳувияти нафари харидор махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ва аммо қимати аввалияи рақамҳои якхела ё «номдор» дар музояда 225 сомонӣ, муодили чизе беш аз 51 доллари амрикоӣ, муқаррар гардида, бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, яке аз рақамҳои «00» (ду сифр-дор) бар ивази 800 доллар фурўхта шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле ки рақамҳои маъмулии қайди давлатии мошинҳо баробари қариб 70 сомонӣ, муодили 15 доллари амрикоӣ арзиш дорад.
ТАНҲО 10 ПУЛДОРИ РАҚАМДӮСТДОР?
Бозрасии давлатии автомобилии Хатлон мегўяд, шумори рақамҳои фурўхташуда метавонист бештар аз 10-то бошад, агар музоядаи мазкур ба таври густарда таблиғ мегардид, аммо танҳо 10 нафар хостори ширкат дар нахустин музоядаи рақамҳои «номдор» шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Мирзомурод Шарифов, муовини сардори Бозрасӣ мегўяд, шартҳои иштирок дар музояда бисёр сода аст:
«Дар низомномаи музояда таъкид шудааст, ки ба ғайр аз одаме, ки ариза пешниҳод мекунад барои иштирок ва аъзои комиссия, даромадани нафарони дигар ба музояда ва эълони натоиҷи он манъ аст. Аммо дар чунин музоядаҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, ки болиғ аз 18-солаанд, дорои сабукрави шахсӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда мебошанд, бо пардохти гаравпулӣ метавонанд ширкат варзанд…»
«7777» ва «8888» АЗ КИСТ?
Дар Тоҷикистон рақамҳои якхела ё ёдмон, ба мисли «7777» ё «8888» аз «маҳбубият»-и хос бархурдоранд, аммо бисёре аз соҳибони сабукравҳо мегўянд, ба даст овардани чунин рақамҳо осон нест ва дар сурати иртиботи қавӣ надоштан бо мансабдорони калон, ҳатто ғайримумкин аст. Аммо чунин ҳам қабул шудааст, ки онҳое, ки рақами мошинашон «00» (ду сифр) дорад, низ аз афроди дорову соҳибмавқеъ дониста мешаванд.
Ва аммо афроди дорову наздик ба мансабдорон ғолибан моил ҳастанд, рад бикунанд, ки соҳиби мошинҳо бо рақами якхела ҳастанд. Ба унвони мисол, соҳибкори маъруф дар доираҳои тиҷории Хатлон, ки дорои се сабукрави мудерн бо рақами якхелаи «0001» аст, мегўяд:
«Ман пиёдаам, моли ман нестанд ин мошинҳо. Аслан бароям фарқ надорад, ки мошини ман чӣ рақам дорад. Нисбати ин хел рақамҳои «счастливий» ҷавонон ҳаваси бисёр доранд. Ҳар касе пул, ки дошта бошад, бигзор бихарад рақами маъқулашро…»
Корманди мақомоти милисаи маҳаллӣ, ки рақами мошинаш «0101» аст, низ мегўяд, рақами қайди давлатии сабукравашро махсус интихоб накардааст:
«Ҳама рақам зебо аст, номер номер аст, мошин мошин аст, ном ном аст...!»
УСУЛ ДАР ДАСТИ НАҚОРАЧӢ?
Ба гуфтаи коршиносон, дар миёни онҳое, ки соҳиби рақамҳои ёдмон ё «номдор» дар мошинашон ҳастанд, кормандони мақомоти интизомии Хатлон низ зиёданд. Онҳо асосан бо сўиистифода аз мақому иртибототашон ба чунин рақамҳо даст ёфтаанд. Ба иддаои коршинос Орзуи Карим,
«умуман, дар Хатлон чунин андешаи носолим ҳоким аст, ки агар мизони тавонмандию соҳибмавқеъ будан дар ҷомеа аввал аз рўйи тамғаи сабукрав «муайян» шавад, сипас, рақамҳои «номдор»-у ба истилоҳ «хушбахт» доштанро ҳам муҳим меҳисобанд».
БОЗОРИ СИЁҲ КАСОД ШУД?
Гуфта мешавад, то замони аз роҳи музояда ба фурўш гузошта шудани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, рақамҳои ёдмону якхела асосан аз роҳи ришвату додани изофапулӣ ва ҳам бакорандозии робитаҳои хешутаборию шиносӣ ба даст меомадаанд. Ҳамоно рақамҳои «хуб», фаразан «0101» бар ивази аз 500 то 1000 доллари амрикоӣ фурўхта мешуд.
Вале ҳамакнун эълони музоядаи расмӣ «бозори сиёҳ»-и фурўши рақамҳои якхелаву ёдмонро касод кард. Ба гуфтаи масъулони Бозрасии давлатии автомобили Хатлон, ингуна музоядаҳо минбаъд моҳе як маротиба баргузор гардида, маблағҳои ғуншуда дар он барои сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Роғун» равона хоҳад шуд.
Моҳи гузашта як чунин музояда дар БДА-и ҷумҳурӣ дар Душанбе баргузор гардида, дар он 144 рақами "тиллоӣ" ба фурӯш гузошта шуда буд, ки аз он миён танҳо 35 рақам харидор пайдо кард. Гуфта мешавад, дар музоядаи мазкур рақами "0100" бар ивази 40 ҳазор сомонӣ, баробари беш аз 9 ҳазор доллар, рақами "0707" бар ивази 6500 сомонӣ ва рақамҳои "0202" ва "0808" ба қимати 3600 сомонӣ харидорӣ шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар музоядаи мазкур ҳаҷми маблағ аз фурӯши рақамҳо аз марзи 80 ҳазор сомонӣ гузаштааст, дар ҳоле ки қиммати аввалияи рақамҳо 75 сомонӣ таъин шуда будааст.