Ин ҳама чорабиниҳо дар доираи ҳафта ва ё даҳаи ҷавонон то 23-юми май доир мегардад, зеро, ин сана расман дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад. Имсол, низ бо мусоидати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ, дар саросари кишвар як силсила барномаҳои фарҳангиву варзишӣ дар назар гирифта шудааст. Масъулини ин кумита, аз ҷумла Абдураҳмон Хонов мегӯяд, ин чорабиниҳо бо як ҳадаф - боло бурдани маърифату маънавиёт ва ҳисси миллӣ созмон дода мешавад.
Абдураҳмон Хонов гуфт, дар доираи имконият ин кумита ва ҳукумати кишвар пайи рафъи мушкилоти мавҷудаи кишвар талош мекунанд. Аммо, аксари мусоҳибони ҷавони мо мегӯянд, ҳатто дар ҳамин ҳафтаи вижаи ҷавонон барои беҳбудии ҳаёти ҷавонони кишвар амалан иқдоме намешавад. Рӯзи бисёре аз ҷавонони тоҷик ё дар бозору сохтмонҳои Русия ё Тоҷикистон ба хотири дарёфти қути лоямут шаб мешавад ва мушкилоти фаровон бисёре ҷавононро аз имкони таҳсил ва зиндагӣ бо аҳли оила маҳрум сохтааст. Абдураҳмон ном мусоҳиби мо мегӯяд, аз ин ки ҳукумати кишвар дар давоми як ҳафта барои гузаронидани барномаҳои ҳунариву нишастҳо маблағҳои зиёдеро масраф мекунанд, беҳтар аст, яке аз мушкилоти аслии онҳоро баратараф кунад.
Бино ба оморҳои расмӣ, наздики 63 дарсади аҳолии ҳафтмиллионнафарии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ва ҳамин гуна беш аз 60 дарсади бекорон намояндагони ҳамин қишр будаанд.
Ҳанифа, як мусоҳиби ҷавони ман, мегӯяд, дуруст аст, ки гузаронидани чорабиниҳои мухталиф барои муттаҳидии насли ҷавон мусоидат мекунад, аммо ҳоло ҷавонони боистеъдоди кишвар бештар ба кӯмаки моддии ҳукумати кишвар ниёз доранд. Ба ҳангоми сӯҳбат Ҳанифа ҳамчунин ба варзишкорон ва муҳасиллини тоҷик ишора карда, гуфт, нафароне ҳам, ки хориҷ аз кишвар дар сабқатҳои зеҳниву варзишӣ ширкат карда, бо ғолибият ба Тоҷикистон бармегарданд, наметавонанд ба дастгирии ҳукумат умед банданд.
Дар ҳамин радиф, Орзу, як ҷавони тоҷик, бар ин аст, ки дар ин ҳафта ҷавонон на ба консерту барномаҳои ҳунарӣ, балки ба минбаре кор доранд, ки битавонанд ҳарфи дили худро бигӯянд.
Дар Тоҷикистон ҳафтаи ҷавонон барои 13-ум бор аст, ки баргузор мешавад ва аз назари бисёр ҳамсолонамон дар ин муддат вазъ хеле кам тағйир кардааст ва он хама талошҳое, ки хукумати кишвар барои ҷавонон иқдом мекунад, нокифоя хаст. Яъне, имрӯз ҳам бекорӣ, муҳоҷирати корӣ, шароити номусоид барои таҳсил, бехонагӣ ва садҳо дарди сари дигар домангири ҷавонони Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ҳукуматро мебояд бештари ҳаракотро дар самти ҳалли ҳамин мушкилоти онҳо равона кунад.