Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча...


Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тақрибан ҳар ҳафта дар барномаи вижаи телевизионии худ аз бенишон шудани теъдоде аз сокинони Тоҷикистон хабар медиҳад. Бештари бенишоншудагон низ ноболиғон ва атфоли поин аз синни мактаб ҳастанд.

Омори расмии Вазорати дохилаи Тоҷикистон низ ҳокӣ аз афзоиши шумори бенишон шудани ноболиғон аст. Сабабҳои бенишон шудани ба хусус кӯдакон дар Тоҷикистонро мушкилоти иҷтимоӣ, адами фарҳанги комили тарбият ва бетаваҷҷӯҳии волидайн меноманд.

Боз чӣ сабабу омилҳо боиси бенишон шудани атфол дар Тоҷикистон мегардад? Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар ин шумора ҳамин мавзӯъро ба таҳқиқ кашидааст:

Атфоли гумшуда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG