Қаблан парлумони Қазоқистон ин қонунро бо аксарияти оро ба тасвиб расонд. Нурсултон Назарбоев аз вакилони қазоқ сипосгузорӣ намуд, вале онро имзо накард. Аммо ба ин қонун вето ва ё дубора ба маҷлис барнагардонд. Тибқи қонуни Қазоқистон, дар сурати бозпас ба парлумон фиристода нашудани тарҳи қонун аз сӯи раисиҷумҳур, чунин тарҳ имзошуда маҳсуб мешавад.
Булот Абилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал- демократии «Озод», чунин мешуморад, ки ҳарчанд Назарбоев ба ин қонун муқобил баромад, ин бархурди зоҳирии ӯ буд ва дар асл ҳама ин тарҳҳо бо маслиҳат ва раҳнамоии вай сурат гирифтааст ва албатта, онҳо ба чунин тасмим комилан муқобиланд.
Оқои Абилов мегӯяд, «ин кори дуруст нест. Ба мо пешвои миллат не, балки демократия зарур аст. Ҳоло мо сарвари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гардидем ва хуб нест, ки як поямон дар Аврупо бошаду пои дигарамон дар Осиё».
Масъулиятҳои «Пешвои миллат»
Тибқи қонуни нав, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз ҳама гуна масъулиятҳо ҳангоми фаъолият дар мақоми раисиҷумҳур ва баъди анҷоми давраи сарварии кишвар озод мешавад.
Ба гуфтаи аҳли назар, бори нахуст дар таърихи кишварҳои минтақа раисиҷумҳур соҳиби унвони расмии пешвои миллат мегардад ва он ҳам дар кишваре, ки сарвари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст.
Танҳо чанд сол қабл Сафармурод Ниёзов , раисиҷумҳури Туркманистонро дар кишвар якумрӣ раисиҷумҳур эълон карда буданд, вале умр ба ӯ вафо накард. Нурсултон Назарбоев бошад акнун мақомеро соҳиб шуд, ки тавре сиёсатшинос Досим Сатпаев таъкид мекунад, ҳатто болотар аз мақоми раисиҷумҳур аст.
Муҳтарам президент, Елбасӣ, ...
Ағлаби таҳлилгарон чунин тасмими парлумон ва сенати кишварро гоми наве барои парастиши шахсияти Нурсултон Назарбоев медонанд.
Сиёсатмадор Балташ Турсунбоев бошад ин тасмими парлумонро як амали хушомадгӯёнае ҷониби депутатҳо медонад. Сиёсатмадор мегӯяд, «мо аслан парлумон надорем ва онҳое, ки дар он ҷо нишастаанд, хушомадгӯёнанд ва онҳо бо ҳам дар хушомадгӯӣ мусобиқа мекунанд ва фақат дар чунин андешаҳо ҳастанд. Ва онҳо ҳеч дар андешаи хостаҳои мардум ва барои онҳо омода кардани қонунҳои зарурӣ нестанд».
Тибқи қонун «Дар бораи пешвои миллат», акнун шаҳрвандони Қазоқистон ҳангоми ном бурдан аз Нурсултон Назарбоев баробари зикри мансабаш бояд ба он «Елбасӣ», яъне «Пешвои миллат»-ро низ зам кунанд.