Гулнора Бойсаломова, корманди дафтари матбуоти додситонии шаҳри Алмаато, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумлаи боздоштшудагон ду шаҳрванди Тоҷикистон Турсунбой Сулаймонови 34-сола аз шаҳри Хуҷанд ва Акмалҷон Шодиеви 33-сола аз ноҳияи Панҷакент низ ҳастанд, ки онҳоро низ ниҳоди амниятии Ӯзбакистон ҷустуҷӯ доштанд.
Иттиҳом ба терроризм
Ба гуфтаи хонум Бойсаломова, шаҳрвандони боздоштшудаи хориҷӣ, ки ағлабашон шаҳрвандони Ӯзбакистонанд, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони кумитаи амнияти миллӣ ва кормандони ниҳоди интизомӣ боздошт гардиданд.
Вай изҳор кард, ки ниҳодҳои интизомии Ӯзбакистон онҳоро ба терроризм, куштор, созмондиҳӣ ва ширкат дар созмонҳои мазҳабии ифротгаро ва дигар созмонҳои мамнӯъ муттаҳам медонанд.
Корманди дафтари матбуоти додситонии шаҳри Алмаато афзуд, тибқи тавофуқномаҳои байналмилалӣ ва қонуни кишвар, додситонии шаҳр дар робита ба шаҳрвандони боздоштшудаи хориҷӣ тадобири мушаххас меандешад ва баъдан онҳоро бо ҳукми додгоҳ имкон дорад ба Ӯзбакистон хоҳад фиристод.
Сарнавишти норавшани шаҳрванди дигари Тоҷикистон
Лозим ба ёдоварист, ки ба ҷуз ду шаҳрванди Тоҷикистон тақрибан як моҳ қабл низ шаҳрванди дигари ин кишвар Умаралӣ Абдураҳмонов дар шаҳри Тароз аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Қазоқистон боздошт шуда буд ва ӯро низ ҷониби Ӯзбакистон ба терроризму амалҳои ифротгароёна муттаҳам медонанд ва тақозои истирдоди ӯро кардаанд.
Вале тавре дар сӯҳбати телефонӣ ба родиои Озодӣ Руслан Холидов, муҳофизи ҳуқуқи инсон дар вилояти Ҷамбул, гуфт, Умаралӣ Абдураҳмонов ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Тароз нигоҳдорӣ мешавад ва алъон асноди ӯ ба ихтиёри ниҳоди муҳоҷирати Қазоқистон супорида шудааст ва онҳо масъалаи ба ӯ додани мақоми паноҳандаро, ки ӯ ҷӯёаш аст, рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳанд кард.