Имрӯз вақте сухан аз мушкилоту камбудиҳои ҷавонон меравад, аксаран омили аслиро боз ҳам ба ҷанги дохилӣ рабт медиҳанд. Ва дар барномаи навбатии "Ояндасоз" якҷо ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтем, ки оё дар воқеъ ин ҷанг ба ҳаёти насли ҷавони имрӯз, ки дар айни ҷӯшу хурӯши низоъҳо тавваллуд шуда ё ба воя расидаанд, чӣ таъсиру пайомадҳое гузошт?
Ҷавонони имрӯз, ки шоҳидони хурдсолу навраси нобасомониҳо буданд, ин воқеаҳоро то ба ҳол дар хотир доранд ва мегӯянд, эҳсоси гуруснагӣ ва соатҳо дар паҳлӯи модаронашон дар навбати нон истоданро ҳеҷ аз хотир намебароранд.
Ҳарчанд албатта аксари намояндаҳои ин насл, аз асли воқеаҳои ҷанг иттилои дақиқ надоранд ва дақиқ намедонанд, кӣ бо кӣ ҷангиду барои чӣ. Аммо таъсири онро дар ҳаёти худ рӯшан эҳсос мекунанд.
Хулоса бо мо биёед имрӯз аз қиссаҳои дардолуди ҷавононе, ки ин нобасомониҳои кишвар онҳоро аз даврони ширини тифливу наврасӣ маҳрум кардаву барои як умр зиндагиашонро тағйир дод, сӯҳбат кунем.
Ин гуфторро метавонед бо пахши ишораи аудио дар тарафи рости саҳифа гӯш кунед.