Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲХДТ - ҳизби ҷадид, ё меросхӯри Ҳизби коммунист?


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки ҳамчунин ба унвони ҳизби ҳоким маъруф аст, беш аз 15 сол аст дар саҳнаи сиёсии кишвар фаъолият дорад. Бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ва иҷтимоӣ, ки аз ҳадафҳои аслии ҳукумати Тоҷикистон номбар мешаванд, ба шиорҳои аслии ҳизби ҳоким табдил ёфтаанд.

Ин аст, ки дар раъси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад ва аксарияти масъулони давлатӣ аз аъзои ин ҳизб ҳастанд, ки аз имконот ва захоири кофӣ бархӯрдор аст.

Аммо коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, бо ин ҳама имконот, ҲХДТ як ҳизби кӯҳнагарост, ки на танҳо сохтори он мероси ҳизби коммунисти даврони шӯравӣ аст, балки саҳми муносибе дар пешрафти ҷомеа надорад. Аз сӯи дигар мӯҳр ба лаб гузоштани ин ҳизб дар бештари масоили доғи ҷомеа нигарониҳоеро ба бор овардааст.

Таърихчаи ҲХДТ

Аслан Ҳизби халқӣ—демократии Тоҷикистон дар заминаи Ҳҳизби халқӣ, ки соли 1994 дар аёми ҷанги дохилии кишвар таъсис шуда буд, ба саҳнаи сиёсии ин кишвар ворид шудааст.

Ба эътиқоди Сайфулло Сафаров, аз аввалин ташаббускорони ин ҳизб ва ҳамакнун муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ, ҲХДТ нахустин ташаккули сиёсии миллӣ дар оғози даҳаи 1990 мелодӣ буд:

«Ҳизби халқии Тоҷикистон як ҳизби бениҳоят барои Тоҷикистон ҷадид ва ҳамзамон миллӣ буд. Зеро идеологияи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дошт. Албатта наметавонем гӯем, ки ин ҳизби этникӣ буд, зеро тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он ҷамъ оварда будем. Ғояи аслии ин ҳизб низ он буд, ки тамоми шаҳрвандон барои таҳкими давлатдории миллии хеш кӯшиш намоянд ва қувваи пешбарандаи ҳамин ғоя бояд ҳамин ҳизб бошад. Ҳизб вазифаи аслии худашро иҷро намуд. Дар ҳамон давра ҳарчи, ки лозим буд, ин ҳизб кард ва ҳамин тариқ ҳизби пешрави ҷомеа, ҳизби пурқувват ва ҳизби ҳокими ҷомеа шуд».

Меросбари Ҳизби коммунист?

Аммо Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, Ҳизби халқӣ-демократиро наметавон як ҳизби нав дар ҷомеаи пасошӯравӣ номид. Зебо, ба таъкиди ҷаноби Қосиддинов, «ҲХДТ аз он ҳизбҳои ҷадидуннавҳ, мисли Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиал—демократ ва ё Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон баромад, нест. Зеро ин ҳизб бозмонда ва давомдиҳандаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар даврони Шӯравии пешин аст. Аксарияти аъзои кулли ин ҳизб коммунистони пешин ҳастанд ва ҳатто ҳизбро низ собиқ коммунистҳо, ба хусус ташаббускори он - Достиев, ки дар гузашта коммунист буд, асос гузоштанд. Яъне коммунистҳои собиқ пӯсти худро дигар карданд, то ба мардум ҳизби наверо муаррифӣ кунанд».

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҷаноби Қосиддинов бар ин назар аст, ки ҲХДТ-ро на ҳизби нав, балки ҳизби кӯҳнагаро дар майдони сиёсиии кишвар метавон ном бурд.

Ҳизби ҳоким

Ҷурахон Буриев, раиси дафтари ҲХДТ, низ мегӯяд, ки бо таъсиси ин ҳизб чунин иддаоҳо бештар ба гӯш мерасид, аммо ин ҳизб комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст:

«Оинномае, ки ҳизб дорад, ҳеҷ монандие ба барнома ва оинномаи Ҳизби коммунист надорад. Албатта дар оғози ташкилшавии ҲХДТ шахсоне пайдо шуда буданд, ки мегуфтанд, ин нусхабардорӣ аз ҳизби коммунисти Шӯравӣ аст. Вале ин чиз комилан нодуруст аст. Чун ҳизби мо равияи хоси худро дорад».

Дар воқеъ, масъулони ҲХДТ эътироф мекунанд, ки барнома ва стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст. Чун дар раъси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарор дорад. Президент Раҳмон, дар соли 1998 ҳангоме ба раёсати ин ҳизб розӣ шуд, ки аъзоёни он пешниҳоди ӯро барои ҲХДТ ном гирифтани ин ташаккули сиёсӣ пазируфтанд. Ва ҳамакнун беш аз 12 сол аст, ки вай раёсати ин ҳизбро бар дӯш дорад.

«Шеваи кӯҳнагароӣ»-и ҲХДТ


Ин дар ҳолест, ки Амнияти Абдуназар, коршиноси масоили сиёсӣ, маҳз дар мақоми раҳбари ҳизб қарор доштани президенти Тоҷикистонро аз аслитарин шеваи кӯҳнагароии он, ба хусус марбут ба замони Шӯравӣ, ки раҳбари Ҳизби коммунист, шахси аввал буд, медонад:

«Ин ҳизб ҳизби мардумӣ нест ва ҳеҷ тафовуте аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ надорад. Ва қудрати ин ҳизб то он замоне аст, ки ҷаноби раисиҷумҳур онро сарварӣ дорад. Ва агар ҷаноби раисиҷумҳур ҳамчун ҳомии Конститутсия ва ҳамчун Сарфармондеҳ ҳизбро тарк кунад, ҳизб ҳамон рӯз метавонад коҳиш ёбад. Кулли мардуме, ки имрӯз ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ доранд, на ба хотири идеология, балки ба хотире, ки ин ҳизб манфиат дорад. Агар фарде аъзои ин ҳизб бошад, ӯ метавонад пагоҳ соҳиби мансаб шавад. Ун манбаи ягонаи даромад ва эҳтиром аст».

Ҷаноби Абдуназар мегӯяд кор ба ҷое расидааст, ки то чанд соли ахир куллияи раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо ҳамзамон раҳбари созмонҳои Ҳизби халқӣ—демократиро бар ӯҳда доштанд ва ҳамакнун низ ин шева ба мушоҳида мерасад ва дар тамоми идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ танҳо намонядагони ҲХДТ фаъолият мекунанд, ки принсипи кӯҳнагароии ҳизби ҳокимро бештар ҷилва мебахшад.

Раиси дафтари ҲХДТ: "Дари ҳизби мо баро ҳама кушода аст"

Аммо масъулони ҲХДТ ба ин гуфтаҳо шак доранд. Ҷӯрахон Буриев, раиси дафтари ҲХДТ, мегӯяд, «барои ҳама дари ҳизби мо кушода аст. Ҳеҷ гоҳ барои мансаб шуда, он гуна, ки дар давраи Шӯравӣ барои вазифа шуда ба ҳизби коммунист шаҳрвандонро ба ҳизб қабул мекарданд, ин хел равия дар мо нест. Мо он одамонеро ба ҳизб қабул мекунем, ки тарафдори сиёсати имрӯзаи давлат ҳастанд ва дар инкишофи давлатдорӣ саҳми худро бигзорад. Аммо дар сохторҳои давлатӣ, яъне вазорату идораҳо, дастгоҳи президент, ҳукумат ва мақомати иҷроия ҳудуди 20 дарсад аз аъзои ҳизби мо фаъолият мекунанду халос».

Аз сӯи дигар Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, фаъолият кардани Оқил Оқилов дар мақоми нахуствазир, ки аъзои Ҳизби коммунист аст ва Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар симмати вазири нақлиёт ва коммуникатсияро баёнгарӣ сиёсати ҳамкории баробари ҲХДТ бо дигар аҳзоби сиёсии кишвар дар ҳукумат арзёбӣ мекунад.

Яккатозии Ҳизби халқӣ-демократӣ

Аммо коршиносон мавридҳои танг кардани доираи фаъолияти намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, тавассути Ҳизби ҳокими халқӣ—демократӣ, дар раванди баргузории интихоботҳо ва таъину интихоби аксарияти намояндагони Маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоӣ ва 90 дарсади вакилони Маҷлиси Намояндагони порлумон аз ҳисоби аъзои ҲХДТ-ро хоси ҳизби сиёсии мудерн намедонанд.

Онҳо мегӯянд, кор ба ҷое расидааст, ки дар порлумони кишвар танҳо ин ҳизб дорои фраксиюни ҳизбӣ аст, бақия чаҳор ҳизби дигар аз ин ҳақ бархӯрдор нестанд. Ба таъкиди коршиносон бо ин ҳама имконот, аъзои Ҳизби халқӣ—демкорат бидуни иҷозаи раҳбарияти хеш аз ибрози назар дар масоили доғи ҷомеа дар порлумон ва дигар ниҳодҳо маҳрум ҳастанд.

Натоиҷи 15 соли кори ҲХДТ

Дар ҳоле, ки бақия аҳзоби сиёсӣ, ба хусус ҳизбҳои мухолиф ба сиёсати давлат, эътирозу шикоятҳоеро дар нисбати муҳимтарин масоил, назири пулакӣ шудани роҳи Душанбе -Чаноқ ва, ба истилоҳ, «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон тавассути Узбакистон» аз тариқи боздошти вагонҳои бору колои Тоҷикистон муддати чаҳор моҳи ахир ва мухолифатҳои кишвари ҳамсоя ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва ғайра анҷом медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор гирифтааст. Пас, ба гуфтаи ин коршиносон, ҲХДТ бидуни раисиҷумҳур ҳеҷ нақше дар пешбурди давлату миллат надорад.

Вале ба таъкиди соҳибназарон, он чи шояд дастоварди ин ҳизб бошад, ки ҳизб дар муддати зиёда аз 15 соли фаъолияташ 3,5 ҳазор созмони ибтидоӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ҳатто дар ҳама маҳаллаву кӯчаҳо, ҷамоатҳо ва мактабу бемористонҳоро дорад ва беш аз 100 ҳазор нафарро дар сафҳои хеш гирди ҳам овардааст.
XS
SM
MD
LG