Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wikileaks ва ифшои розҳои пинҳони Тоҷикистон


Ҷулиан Ассанже, бунёдгузори Викиликз, дар нишасти матбуотӣ
Ҷулиан Ассанже, бунёдгузори Викиликз, дар нишасти матбуотӣ

Нашри гузоришҳои махфии Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанги Афғонистон дар торнамои ифшогари Викиликз.орг баҳси мувозанати байни журнализм, амнияти миллӣ ва ҳаққи ҷомеа ба донистани ҳақиқатро дубора доғ кард. Бархе аз коршиносон фаъолияти ин сомонаро "оғози журнализми нав" номиданд, вале бархи дигар онро "зиёдаравии хатарнок" шумурданд. Воқеан, хатти мувозанат дар куҷост?

Ин ҳафта торнамои Викиликз зиёда аз 90 ҳазор санади марбут ба ҷанги Афғонистонро дар ихтиёри рӯзномаҳои "Ню Йорк Тайс"- и Амрико, "Гардиян"-и Бритониё ва маҷаллаи "Шпигел"-и Олмон қарор дода, шарт гузошт, ки онҳо набояд пештар аз 25-уми июл ба чоп расанд.

Нашри ҳамзамони ин аснод ба таркиши як бомбаи иттилоотӣ монанд буд, ки ними дунёро такон дод.

Мақомоти давлатии Амрико аз ифшои маълумоти махфӣ эътироз карданд, вакилони Конгресс аз ҳар ду ҳизб ба шӯр омаданд, нукоти ҳассоси ин иттилоъ ба садҳо ҳазор рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ кӯчид, муносибатҳои байни Афғонистон ва Покистон ба сардии бештар гароид, масъалаи миллиардҳо доллар кӯмаки Вошингтон ба Исломобод зери суол рафт ва ҳатто раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, маҷбур шуд, нохушнудии худро аз нашри ин маълумот баён дорад.

Интиқоди шадиди ИМА аз Wikileaks

Филип Кроулӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико
Пеш аз ӯ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Филип Кроулӣ гуфт, ин иттилоъ амнияти ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида ва муваффақияти амалиёти зидди Ал-Қоида ва Толибонро зери хатар мегузорад:

"Вазорати умури хориҷӣ ҳамроҳи Кохи сафед ва вазорати дифоъ ифшои маълумоти махфиро аз тарафи Викиликз маҳкум мекунад. Ҳарчанд дар асл аксари ин аснод аз чанд сол пешанд, нигаронии мо аз хатарҳо ба амнияти миллии мо зимни ин амал камтар намешавад."

Вазорати дифои Амрико мегӯяд, барои пайдо кардани манбаи ин маълумот парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба он мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Викиликз дар бораи онҳо чӣ чизҳое нашр кардааст. Зимнан, дар бораи Тоҷикистон дар ин сафҳа 5 санад мунташир шудааст.

Викиликз.орг (вики, яъне зуд ва ликз, яъне ифшо) як торнамоест, ки ҳадаф дорад, маълумоти сиррии ҳукуматҳои ҷаҳонро дастраси ҷомеа кунад. Ҷулиан Асанже, бунёдгузори Викиликз, ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, низомеро ислоҳ кунад, ки дар он мақомоти давлатӣ нуқсу кӯтоҳӣ ва хилофкориҳои худро зери мӯҳри "асноди махфӣ" пинҳон медоранд ва намегузоранд, маълумоти аз лиҳози сиёсӣ ҳассос ба дасти мардум биафтад.

Асанже гуфт: "Ҳадаф дарвоқеъ ҳамон ҳадафи қадимист. Барои тасмими оқилона бояд ҳақиқати воқеии корро донист. Барои тасмими одилона бояд дарк кард, ки чӣ хилофкориҳо ё нақшаи хилофкориҳо мавҷуд аст. Ҳамчун муҳаққиқ, мо метавонем, бубинем, ки ислоҳи бузург замоне мумкин мешавад, ки ҷомеа ва раҳбарон ҳақиқати бепардаро бубинанд."

Рӯзномаи "Вошингтон пост" рӯзи 28-уми июл навишт, ифшогарии Викиликз метавонад, сабаби тағйири сиёсатҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон шавад. Вале мақомоти Амрико мегӯянд, гузоришҳои нашршуда ҳарфи тозае надоранд ва бино бар навоқиси мавҷуда буд, ки ҳукумати Обама сиёсатҳои худро дар Афғонистон ва Покистон тағйир дода, стартегияи наверо роҳандозӣ кард.

Вокуниши Кобул ва Исломобод ба гузоришҳо дар Викиликз комилан хилофи ҳам буд. Ҳукумати президент Карзай дар матолибе, ки гуфта мешавад, ҳарбиёни амрикоӣ аксаран ҳалокати афроди осоиштаро пинҳон медоштанд, тасдиқи даъвоҳои гузаштаи худро пайдо кард. Мақомоти покистонӣ "бозии дугона" дар ҷанги Афғонистон ва ҳамдастии кормандони хадамоти махфии худро бо ошӯбгарон рад намуданд.

Ифшогариҳои Wikileaks дар мавриди Тоҷикистон

Торнамои Викиликз барои тоҷикон то андозае сомонаи русии Компромат.ру-ро ба хотир меорад. Дар он дар солҳои гуногун наздик ба 350 матлаб нашр шуда, ки ба мавзӯъҳои мухталифи Тоҷикистон рабт мегиранд. Аммо агар дар ин сафҳа асосан матолиби матбуоти расмӣ мунташир шуда бошад, дар Викиликз пажӯҳишҳои махсусе аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон барои Конгресси Амрико, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, равобити хориҷии Душанбе ва ғайра интишор ёфтаанд.

Викиликз паёмҳои Сафорати Амрико дар Душанберо нашр кардааст, ки дар яке аз онҳо тафсилоти мулоқоти 90-дақиқаии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ва вазири тиҷорати Амрико, Карлос Гутйерез дар моҳи майи соли 2007, инъикос ёфта, гуфта мешавад, Раҳмон онро истифода кард, то "кӯмак ва сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаро барои барномаҳои иловагии зербиноӣ берун кашад, сиёсати хориҷӣ ва фазои соҳибкории созгори Тоҷикистонро таъриф ва дар ҳаққи Узбакистон сергапӣ ва тундҳарфӣ кунад."

Дар моҳи июни соли 2007 Сафорати Амрико дар Душанбе равобити Тоҷикистон ва Эронро таҳлил карда, гуфтааст, ҳарчанд худи Тоҷикистон ин муносибатҳоро соф иқтисодӣ мешуморад, дар асл робитаҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар ҳоли афзоишанд. Ин равиш бо кишваре, ки аз ошӯби мазҳабӣ дар як кишвари ҳамсоя ҳимоят мекунад, як бозии хатарноки Тоҷикистон унвон шуда, аммо дар поёни матн омадааст, ки Тоҷикистон пуле мехоҳад ва Эрон дӯсте.

Дар маводи марбут ба Афғонистон дар бораи тоҷикони Афғонистон ва ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳои тундрав, ҳамчунин рӯйдодҳои манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон иттилоъ мавҷуд аст. Барои намуна, дар яке аз онҳо сухан аз ҳавопаймои бехалабони амрикоӣ меравад, ки иртиботи он бо маркази идорааш дар Амрико аз тариқи моҳвора дар ҳоле гусаста мешавад, ки ҳавопаймо бо 227 килограмм бомбаҳои марговар ба тарафи Тоҷикистон парвоз мекунад. Ба ҳарбиёни амрикоӣ муяссар мешавад, ки ҳавопайморо қабл аз вурудаш ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон суқут диҳанд. Ҳамин гуна бахши аъзаме аз гузоришҳо ба нуқсу иштибоҳҳои ҳарбиёни Амрико рабт мегиранд.

Розҳои ногуфтаи Тоҷикистон

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, бисёре аз масоили доғи Тоҷикистон ҳануз пушти пардаи асрор боқӣ мемонад
Ба қавли сардабири ҳафтаномаи "Азия-Плюс", Марат Мамадшоев фаъолияти торнамои Викиликз ба эҷоди шаффофияти бештар нигаронида шудааст ва шояд тамаркузи он ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба маротиб муҳимтар буда метавонад:

"Агар дар Амрико фақат баъзе бахшҳои хурд ношаффоф бошанд, дар ин ҷо чаппа аст. Тарафи торик ба маротиб бузургтар аст. Масалан, соҳиби ширкати Инновайтив Роуд Солюшнз кист? Ё дар додгоҳи Талко ва Русия, Талко ва Ансол чӣ санадҳо ба миён омад. Ин номгӯй хеле дароз аст."

Намунаҳое, ки Мамадшоев зикр кард, масъалаҳои доғи рӯз дар Тоҷикистонанд. Аммо журналистони тоҷик борҳо паси пардаи асрор боқӣ мондани рӯйдодҳое, монанди марги мармузи генерал Мирзо Зиёев, созишҳои иловагӣ ва номаълуми марбут ба таъсиси пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ба Чин дода шудани порчае аз қаламрави кишвар, мансубияти ширкатҳои марбут ба судури алюмини тоҷик, қазияи истифодаи ғайримақсади 1 миллиард доллар аз тарафи раиси пешини Бонки миллӣ ва ҳоло ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардонов ва падидаҳое монанди инро тазаккур додаанд.

Сардабири ҳафтаномаи "Пайкон", Ҷумъабой Толибов, ки муҳокимаи парвандаи нашрияаш баъд аз шикояти корхонаи "Тоҷикстандарт" дар додгоҳ идома дорад, мегӯяд, на танҳо ин масъалаҳо, балки дарёфти оддитарин санад барои озмоиши нусхаҳои дастрасшудаи он ё пайгирии шикояти мардум ба монеаҳои бузург бармехӯрад:

"Саддҳои сунъӣ намегузоранд, ки мо он чизеро, ки ҳаст ба мардум пешкаш кунем. Баъзе чизҳое ҳастанд, ки бигзор махфӣ бошанд, бигзор ҳамчун сир боқӣ монанд, лекин мо сирри давлатӣ гуфта, ҳама он чизеро ки ҳаст, чунин тамға часпонем, ба фикрам, ба манфиати ҷомеа нест."

Саркӯбгари режимҳои диктатурӣ?

Дар ҳоле ки журналистони Тоҷикистон аз зуҳури торнамое монанди Викиликз истиқбол мекунанд, хостори инанд, ки сомонаи нав ба масъалаҳои кишвари онҳо низ тамаркуз кунад. Журналисти амрикоӣ ва блогнависи мустақил, Кристофер Швортс мегӯяд, зоҳиран бархе аз коршиносон низ аз Викиликз даъват кардаанд, бештар режимҳои саркӯбгарро зери заррабин қарор диҳад. Вай мегӯяд:

"Ба фикри ман, арзиши торнамое мисли Викиликз барои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон фавқулода азим аст. Зеро дар ин ҷомеаҳо шаффофият кам аст ва бартарии Викиликз дар он аст, ки дарҳоро боз мекунад ва имкон медиҳад, мардум ҳақиқатро бубинанд. Аммо умедворам, на танҳо дар ҳукумат, балки дар ширкатҳои бузурги ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ."

Дар пайванд ба Викиликз Швартс ба ин нукта низ ишора мекунад, ки ҷанбаи ахлоқии ифшои асрор аст ва пайомадҳои эҳтимолии он аст. Вай мегӯяд, Викиликз дар ҳоле мехоҳад, бо пинҳонгароӣ ва ношаффофӣ мубориза кунад, ки худ низ паси пардаи торик аст. Ҳайати кормандони он, буҷа, манобеи иттилоъ ва чизҳое мисли ин маълум нест, гузоришу номаҳо бо рамзҳо фиристода мешаванд ва ғайра. Албатта, сабаби асосӣ ин аст, ки Викиликз намехоҳад, манобеи он ошкор шуда, ҳадафи таъқиби ҳукуматҳо қарор гиранд. Ҳарчанд Асанже мегӯяд, ду иитилоърасони ӯ дар Кения фош ва кушта шуданд.

Бо вуҷуди таҳдидҳои ба додгоҳ кашондани Викиликз, ҳанӯз ҳамчунин воқеае сар назадааст, аммо дар посух ба пурсиши ман, муовини аввали сардидораи ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон, Усмон Авазов гуфт:

"Ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамин қонун дар бораи маълумотҳои махфишаванда қабул шудагӣ аст. Он ҷо номгӯи пурра ҳаст. Шумо дар Тоҷикистон бошед ё бо Тоҷикистон сари кор дошта бошед, албатта, бояд эътироф кунед, ки фақат дар Тоҷикистон не, дар тамоми давлатҳои дигар ҳам чунин талабот вуҷуд дорад. Ба ғайр аз ин кодекси мурофиавӣ ҳаст, кодекси ҷиноӣ ҳаст, кодекси маъмурӣ ҳаст. Ва инро тафтишот муайян мекунад, ки вай бадсақдона кард ё нофаҳмида ва манбаъ куҷост. Меъёру талаботи худаш ҳаст ва ҳамаашро метавон муайян кард."

Сирри гумшавии сармояи Қатар дар Душанбе

Аммо Швартс мегӯяд, дар қарни интернет ва бо низоми кори Викиликз татбиқи чунин қонун тақрибан номумкин аст. То ин дам ва дар ҳоле ки Викиликз ҳамчун як мошини нашри асрори давлатӣ муаррифӣ нашуда буд, аз доираҳои гуногун дар Тоҷикистон иттилои муайяне берун рехта буд. Ба монанди тирандозии Рустам, писари президент Эмомалӣ Раҳмон ба тағояш, раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллоҳзода, ки ба қавли чандин сомонаи интернетӣ дар манзили раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста, бар асари он Асадуллоҳзода се моҳ дар хориҷ аз кишвар муолиҷа шудааст.

Берунрехти иттилоъ дар бораи гум шудани сармояҳои кишвари Қатар дар бунёди маркази азими исломӣ дар шаҳри Душанбе сабаби талошҳои мақомоти давлатӣ ба дарёфти ин сармояи бузург шуд. Пайванд додани номи домоди президент, ноиби вазири молияи Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев ба ширкате, ки бо чидани пул дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст, бо вуҷуди раддияи ӯ, метавонад, як берунрехти дигар ва шояд амдии иттилоъ бошад. Ҷолиб аст, ки аксари онҳо ба масъалаҳои пулу мол дахл мекунанд. Таҳлилгари тоҷик, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, Давлати Усмон инро барои кишвар як ҳолати табиӣ мешуморад:

"Дар кишварҳое, ки иқтисод касод ва заиф аст, ҳама вақт фикри мардум дар масоили молист. Дар Тоҷикистон мардум бештар бар сари пулу сарват фикр мекунанд, чунки баъзеҳо ба тариқи фантастик пулдору доро мешаванд ва баъзеҳо ба тариқи фантастик бечораву камбағал мешаванд, албатта, масъалаи пулию молӣ дар марҳилаи аввал аст."

Сарчашмаҳои иттилооти Викиликз

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки рақобатҳо дар дохили ҳукумат заминаи берун рафтани иттилои махсус мешавад
Ҷаноби Усмон мегӯяд, аз сӯе ҳам рақобатҳо дар дохили ҳукумат метавонанд, заминаи афзоиши берун рафтани иттилои махсус гардад. Швортс низ ин эҳтимолро тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, дар он ҳолат сифати чунин маълумот зери суол хоҳад рафт.

"Дар Тоҷикистон, албатта, рангорангӣ, ихтилофот ва гурӯҳҳо зиёданд. Аз як сӯ ин имконияти бештари нашри иттилоъро ба миён меорад, аммо аз сӯи дигар шубҳаи сабабҳои бурунрехти маълумотро. Бо вуҷуди ин, дар кул, чунин мошини нашри розҳои махфӣ барои кишваре чун Тоҷикистон бисёр муҳим хоҳад буд."

Ҳамин ақидаи коршиноси хориҷиро таҳлилгари тоҷик Давлат Усмон тақвият медиҳад:

"Рақобат дар дохили худи ҳокимият ҳама вақт вуҷуд дошт ва хоҳад дошт ва гурӯҳҳое дар дохили низоми яккаҳокимиятӣ метавонанд, аз чунин силоҳ истифода баранд."

Ба назари Усмон бозтар шудани фазои сиёсӣ ба афзоиши ин раванд мусоидат мекунад ва баракс ин раванд фазои сиёсиро бозтару фаҳмотар, аммо муборизаҳои қудратро тундтар хоҳад кард. Ҳамзамон ин ҳолат ҳам вуҷуд дорад, ки кишварҳои рақиб, шабеҳи ҳолати феълии байни Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд, бо истифода аз расонаҳое монанди Викиликз ба манфиати худ истифода кунанд.

Таърихнигор ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, истифода аз нашри маълумоти махфӣ бо аҳдофи муайян дар ҳамаи кишварҳои Шӯравии собиқ ҳанӯз аз давраи "мактаби коммунистӣ" ба мерос монда, акнун шеваҳои бориктар касб мекунад, аммо ҳаргиз мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст:

"Равандҳое мисли бозӣ бо афкори ҷамъиятӣ ё фанноварии сиёсӣ ва симосозӣ ҳарчанд илмҳои махсусе ҳастанд, барои Тоҷикистон номаълум боқӣ мондаанд. Ба ҳар сурат, ман тӯли ин ҳама сол чизеро дар бораи роҳкор ё таъсири ин равандҳо вонахӯрдаам."

Равандҳое, ки омӯхта нашудаанд, табъан ҳарос ва осеби бештар дошта метавонанд. Ва дар ҳоле ки нашри гузоришҳои махфӣ дар Викиликз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мақомоти Покистону Чину Афғонистонро нигарон кардааст, густариши фаъолияти он дар нимаи дигари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои шӯравии пешин, метавонад, сабаби рӯйдоду падидаҳое бештар аз нигаронӣ шавад.
XS
SM
MD
LG