Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти як сарбоз ва аъзои ноболиғи гурӯҳи ӯ


Ҳайати низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон як аскари вазорати мудофиа ва 8 узви гурӯҳи ӯро, ки аксаран ноболиғ ҳастанд ва дар роҳзанӣ, сӯйиқасд ба ҷони инсон ва дуздии моликияти шаҳрвандон даст доштаанд, аз 7 то 24 сол ба зиндон маҳкум кард.

Ҳайати ҳарбии Додгоҳи Олии Тоҷикистон зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми август як гурӯҳи 9-нафарии аксаран ноболиғонро ба муҷозот кашид.

Раҳбари ин гурӯҳ ба 24 соли зиндон, се ноболиғ 7-солӣ ва се ноболиғи дигар ба ҷазоҳои шартӣ маҳкум шуданд. Эълони ҳукми додгоҳ мавҷи эътирозу садобаландкуниҳои пайвандони афроди маҳкумшударо ба бор овард.


Намудҳои гуногуни ҷазо барои гунаҳкорон


Мурофиаи мазкур дар толори додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда, парвандаи Зафар Сатторов, аскари яке аз воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва аз ҷумла 6 ноболиғи аз 14 то 17-соларо мавриди баррасӣ қарор дод.

Шараф Пӯлодов, додраси мурофиа аз ҳайати низомии Додгоҳи олии кишвар, зимни эъломи ҳукм гуфт, гуноҳи афроди муттаҳам дар додгоҳ собит шуда, хизматчии низомии вазорати мудофиа Зафар Сатторов ба 24 соли маҳрумият аз озодӣ ва теъдоде аз ноболиғон барои аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Додгоҳ танҳо нисбат ба се ноболиғ ҷазои шартӣ, яъне аз 160 соати корҳои маҷбурии ислоҳӣ то 1 сол маҳдуд кардани озодӣ, ё ба истилоҳ «ҳабси хонагӣ» таъин кард.

Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа ва ҳамзамон айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи мазкур, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аскари вазорати дифоъ Зафар Сатторов баъд аз фирор аз қисми ҳарбӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа як гурӯҳи ноболиғонро ҷиҳати анҷоми корҳои ғайриқонунӣ ҷалб кардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Нуров, ин афрод аз ҷумла дар роҳзанӣ, сӯиқасд ба ҷони инсон, дуздии моликияти шаҳрвандон муттаҳам дониста шудаанд:

«Худи Саторов Зафар ду дафъа аз қисми ҳарбии 16573-и Вазорати мудофиа бо мақсади тарки ҷойи хизмат ва барнагаштан ба он фирор кард. Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда буд. Аммо вай ба Қӯрғонтеппа омада, дар яке аз тарабхонаҳои маҳаллӣ ҷойи кор пайдо кард ва ҳамон ҷо ба ҷалби ноболиғон барои анҷоми амалҳои ғайриқонунӣ машғул шуд. Бо онҳо нақшаи ҷиноятҳо ва роҳзаниҳояшонро тарҳрезӣ кард. Моҳи феврали имсол Сатторов ҳамроҳи чанд ноболиғи дигар бо кордҳо мусалаҳ шуда, аз назди бозори марказии Қрғонтеппа ронандаи яке аз таксиҳои маҳаллиро киро карда, ба маҳалаи совхози Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар бурданд ва дар он ҷо ба ронанда дарафтода, бо корд ба ноҳияи гарданаш заданд, то ӯро кушта, соҳиби мошинаш шаванд. Аммо, хушбахтона, ронанда тавонист аз он маҳал фирор кунад, вале мошини сабукравашро ҷинояткорони наврас бо худ бурданд. Ба ғайр аз ин, чандин ҳолати дуздию роҳзании ин ноболиғон дар ҷараёни тафтиши парванда ошкор гардид, ки моликияти шаҳрвандонро дар Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Хуросон, Бохтар ва Ҷалолуддини Румӣ рабудаанд…»

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ тақозо карда буд, ки Зафар Сатторов, роҳбари ин гурӯҳро, ки аскари Вазорати мудофиа будааст, ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кунанд. Аммо додситонии ҳарбӣ аз ҳукми додгоҳ қонеъ шудааст.

Норизоятии пайвандон аз ҳукми додгоҳ


Ин ҳама дар ҳолест, ки пайвандони афроди маҳкумшуда ва вакилони мудофеъи ҳуқуқи онҳо ҳукми додгоҳро ғайриодилона хонда, мегӯянд, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд бурд. Нурулло Ашӯров, вакили мудофеъи се ноболиғи маҳкумшуда, гуфт, додгоҳ нафарони таҳти ҳимояташро барои 7 сол равонаи зиндон кард:

«Нафарони таҳти ҳимоятам ноболиғ буданд ва бо назардошти бегуноҳӣ ва ноболиғ буданашон аз додгоҳ хоста будам, ки онҳо сафед карда шаванд. Аммо, чун ҳамеша, чунин нашуд. Акнун азм дорем, ки шикояти кассатсионӣ нависем ба Суди олӣ…»

Махфират, модари яке аз ноболиғоне, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, бо машаққати тамом фарзандашонро ба воя расонидааст, аммо вай қурбони фиреб ва бозиҳои ҳамнишинонаш шудааст:

«Фарзанди маро дар ноҳияи Бохтар дар пеши худам маҷбур карда, ҳама айбҳоро ба сараш бастанд. Муфаттиш ба Қуръони Шариф қасам хӯрдааст, ки ҳамин нишондодҳоро ба калла гирӣ, ҳозир туро ҷавоб медиҳам, ба хонаат меравӣ. Дурӯғ гуфта, кӯдаконро фиреб кардааст. Гуфтааст, ки фалон ноболиғ омада, ба нишондодҳояш имзо кард, ӯро ҷавоб додем. Писарам ҳам ноилоҷ имзо кард, ӯро, ки ҳамагӣ 15 сол дошт ва дар боздоштгоҳ ба 16-солагӣ расид, парванда кушоданд нисбаташ, ҳоло 7 сол доданд. Ин чӣ беадолатист, додгоҳҳои мо ҳам одил нестанд…»

Яке аз пайвандони ноболиғи 15-сола Сафархони Ҳалим мегӯяд, низ ба ҳукми додгоҳ ризо нест. Ба гуфтаи ӯ, Сафархон ҷинояте содир накарда, танҳо зери фишори равонии муфаттишон гӯё гунаҳкор будани худро тасдиқ кардааст:

«Инҳо ҳама кӯдаканд, чи медонанд, ки ҷиноят чист. Магар ҳамин адолат аст, ки 10 солу 15 сол ин кӯдаконро ба зиндон равон кунанд?! Бояд барои ислоҳ шуданашон шанс медоданд, онҳоро тарбия кардан даркор, на аз озодӣ маҳрум намудан. Ин адвокатҳои мо ҳам, бечораҳо, гапашона касе гӯш намедиҳад, инҳо барои мақомот як одамони беарзиш ҳисоб мешаванд, кӯмак карда натавонистанд…»

Бародари Максим Шушуи 15-сола ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бегуноҳии Максим дар додгоҳ собит шуд, аммо бо вуҷуди он ҳам ба ӯ ҷазои шартӣ таъин карда шуд.

Абдулқодир Нуров-додситони ҳарбии минтақа
Додситони ҳарбӣ:дурӣ аз таълиму тарбия ба ҷинояткорӣ мебарад


Қариб ҳама ноболиғони маҳкумшуда толибилмони макотиби ҳамагонии шаҳри Қӯрғонтеппа буда, дар оилаҳои нопурра тарбият ёфтаанд. Яъне масъулияти тарбият ва таъмини ҳамаи онҳо танҳо ба дӯши модаронашон будааст. Абдуқодир Нуров, додситони ҳарбии минтақа, мегӯяд, як иллати аслии аз таълиму тарбия канор мондан ва даст ба ҷиноят задани онҳо ҳам маҳз ҳамин будааст:

«Маҳз аз ҷониби ноболиғон содир кардани чунин ҷиноятҳои вазнин ва дараҷаи миёна, гумон мекунам, дараҷаи хавфнокии содир кардани ин ҷиноятҳоро якчанд маротиба меафзояд. Зеро ояндаи мо маҳз дар дасти ҳамин ноболиғону ҷавононе аст, ки ҳоло дар паси мизи мактабу донишгоҳ нишастаанд. Ва вақте, ки аз овони наврасӣ онҳо даст ба ҷиноят мезананд, ин дар оянда ба некӣ оварда намерасонад…»

Бад-ин тартиб, афроди муттаҳам ва вакилони мудофеъи ҳуқуқи онҳо қасд доранд, ки дар зарфи даҳ рӯзи оянда, то замони нерӯи қонуни гирифтани ҳукми додгоҳ, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд.
XS
SM
MD
LG