Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши содироти пахта ва мушкилоти корхонаҳо


Тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ беш аз 50 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содир кардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳоло нархи як тонна нахи пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ду ҳазору сад доллар расидааст.

Барои Тоҷикистон, ки пахта яке аз маҳсулоти аслии содиротии кишвар маҳсуб мешавад, болоравии қиммати нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ фоли нек унвон мешавад.

70 миллион даромад аз фурӯши пахта

Бар асоси гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон, фоидае, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз фурӯш ё содироти нахи пахта ба даст омадааст, 70 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар нимаи нахусти соли ҷорӣ нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор тонна бештар нахи пахта содир шудааст ва таҳлили кумитаи омор ҳокист, ки ин мизони содироти нахи пахта, барои Тоҷикистон як баробар суди молӣ овардааст.

Аммо ин вазъ рӯи фаъолияти корхонаҳои нассоҷӣ асар гузоштааст. Ба таъкиди Содиқ Исмоилзода, як масъули раёсати саноати сабуки вазорати энергетика ва саноат мушкилоти молии ин корхона бештар сабаби ин амр шудааст:

«Албатта содироти нахи пахта таъсирашро ба фаъолияти корхонаҳо мегузорад. Чунки фурӯши пахта озод аст ва фурӯши он дар дохил ва дар хориҷ тавассути биржаи молу ашёи Тоҷикистон сурат мегирад. Албатта бо нархҳои биржаи пахтаи Ливерпули Лондон. Агар корхонаҳои ватанӣ тавони харидории ашёи хомро дошта бошанд ва бозори фурӯши маҳсулотро таъмин карда бошанд, онҳо метавонанд аз биржаи Лондон, пешакӣ дар ин ҷо брон кунанд, пахтаро харидорӣ кунанд ва дар анборҳои худ захира кунанд ва тайи сол коркард кунанд. Азбаски корхонаҳои ватанӣ тавони молӣ надоранд, наметавонанд харидорӣ кунанд, ба ин далел ба истилоҳ деҳқон пахтаи худро ба он касе мефурӯшад, ки ба ӯ пул медиҳад».

Дар Тоҷикистон 23 корхонаи нассоҷӣ фаъол аст ва дар онҳо ҳамагӣ 10 дарсади пахтаи тавлидшуда коркард мешавад
Нотавонии корхонаҳои нассоҷӣ


Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 23 корхонаи нассоҷӣ мавҷуд аст ва ба гуфтаи ҷаноби Исмоилзода, ин корхонаҳо солона имкони коркарди 75 ҳазор тонна нахи пахтаро доранд. Ҳол он ки тибқи таҳлили ин вазорат ҳоло дар ин корхонаҳо танҳо ҳудуди 10 дарсади нахи пахтаи тавлидшуда коркард мешавад.

«Кулоб-текстайлз» дар ҷануб ва «Ришта» дар ғарби пойтахт аз корхонаҳои нассоҷие ҳастанд, ки ҳамакнун ба иллати камбуди ашёи хом аз фаъолияти истеҳсолӣ мондаанд. Аз сӯи дигар бино ба иттилои вазорати саноат ва энергетика, ба ҳамин сабаб бархеи дигар аз корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон низ истеҳсолотро коҳиш дода ва интизор меравад дар сурати идомаи камбуди ашёи хоми нахи пахта аз фаъолият хоҳанд монд.

Ҳарчанд масъулони вазорати саноат ва энергетика мегӯянд, давлат ҷонибдорӣ коркард ва ба истеҳсолот равона шудани нахи пахта дар дохили кишвар аст, аммо ба гуфтаи ин масъулон, худи корхонаҳои нассоҷиро лозим аст, то дар заминаи дарёфти ашёи хом худашон талош кунанд. Зеро ба таъкиди Содиқ Исмоилзода, яке аз масъулони раёсати саноати сабуки ин вазорат, давлат вазифадор нест, то ин корхонаҷотро бо ашёи хом таъмин кунад.

Пешниҳоди коҳиши содироти пахта

Аммо бо вуҷуди он, ки корхонаҳои нассоҷӣ танҳо ба истеҳсоли ришта машғул ҳастанд ва ин суди чашмгире ҳам намедиҳад, вале вазорати саноат ва энергетика ба манзури густариш додани истеҳсолоти ватанӣ ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки содироти нахи пахтаро коҳиш бидиҳад ва ҳудуди 40 дарсади пахтаи тавлидии кишварро барои истеҳсолоти дохилӣ равона созад.

Аммо таҳлилҳо ҳокист, ки сол аз сол коҳиш ёфтани майдони кишти пахта ва истеҳсоли ин маҳсул ва ҷои онро гирифтани кишти гандум ва дигар маҳсулоти ғалладона низ ба вазъи сангин дучор шудани корхонаҳои нассоҷӣ ва дигар заводҳои пахтатозакунӣ овардааст.

Лашкарӣ Мирзоев, раиси корхонаи пахтатозакунии заводи «Пахтаи Кӯлоб» дар ин бора мегӯяд, «соли гузашта мо танҳо 3,5 ҳазор тонна пахтаро коркард кардем. Дар ҳоле, ки соли пеш 5 ҳазор тонна пахтаро коркард карда будем. Охир ҳамаро гирифтанд ғаллаву сабзавот карданд, пахтаро бе аҳамият карданд. Локин ин ба манфиати хоҷагиҳо нест. Чунки барои ғалла он хароҷотеро, ки хоҷагиҳо карданд, напӯшонд. Баъзе хоҷагиҳо 50 дарсади заминҳошонро ғалла шинонданд, баъд пахта аз куҷо мешавад. Ба ҳамин 50 дар сади шинондагиашон ҳам ба зарар рафта кор карданд».

Гандум ба ҷои пахта?


Бартарӣ додан ба дигар маҳсулот, ба хусус гандум, сиёсати марбут ба таъмини амнияти ғизоист, ки ҳукумат аз ин роҳ мехоҳад то мардум сер ва мушкилоти камбизоатӣ, ки беш аз 50 дарсади ҷамиятро фаро гирифтааст, рафъ шавад. Ин сиёсат дар соли гузашта кора кард ва барои нахустин бор пас аз истиқлол, Тоҷикистон ба рекорди тавлиди беш аз 1 миллион тонна маҳсулоти ғалладона даст ёфт.

Аммо мисле, ки имсол кишоварзони тоҷик ба ин дастовард ноил нахоҳанд шуд. Зеро бар асоси гузориши вазорати кишоварзӣ, истеҳсоли гандум дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар муқоиса ба соли пеш, ду баробар камтар аст.

Бо вуҷуди он ки дар чанд соли ахир ҳукумат майдони кишти пахтаро кам кард, аммо вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба ин бовар аст, ки пахта ҷойгоҳи худро аз даст нахоҳад дод. Муҳаммадӣ Ормонов, мутахасиси раёсати растанипарварии ин вазорат гуфт:

«Албатта пахта ҳамчун ашёи стратегӣ ва содиротӣ боқӣ мемонад ва Барномаи давлатии рушди пахта барои то соли 2014 ҳаст. Оянда ин соҳа дастгирӣ меёбад, хусусан пахтаи навъи маҳиннах зиёд кишт карда мешавад. Зеро ҳам сифаташ ва ҳам нархаш дар бозори ҷаҳонӣ баланд аст. Дуруст аст, ки майдони пахта кам шуда истодааст, локин мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳосилнокӣ зиёд шавад. Аз ҳисоби ҳосилнокӣ камии майдони пахта пӯшонда мешавад».

Коршиносон: Тавлиди ҳам пахта ва ҳам гандум зарур аст

Дар муддати чанд соли ахир майдони кишти пахта аз 300 ҳазор ба 162 ҳазор гектар коҳиш ёфтааст ва ҳамин тавр истеҳсоли маҳсули он дар соли гузашта 290 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна пахта ҷамоварӣ мешуд. Ҳамакнун Тоҷикистон дар дуроҳа қарор дорад, майдони кишти пахтаро дубора афзоиш бидиҳад ва ё ба тавлиди гандум бартарӣ диҳад?

Фирӯз Саидов, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро лозим аст, то бозорҳои ҷаҳониро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад: «Истеҳсоли пахта ва маҳсулоти ғалладона бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ мувофиқ шавад. Яъне мо бояд пешгӯӣ кунем, ки имсол истеҳсоли пахта фоида меорад ё не? Нархи бозори ҷаҳонӣ муайян карда метавонад, ки чӣ қадар пахта истеҳсол кардан даркор аст. Дар шароити гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ин амри зарурист. Ҳама давлатҳо ба ҳамин роҳ пеш мераванд. Парер сол пахтаи зиёдтар истеҳсол кардем, нархаш дар бозори ҷаҳонӣ пойин шуд ва мо зарар дидем. Имсол мо метавонем кам истеҳсол кунем, лекин нархаш боло меравад. Мутаассифона, дар мо мониторинг, омӯхтани бозор вуҷуд надорад».

Дар шароити поёну боло рафтани қимматҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ иддаи аз соҳибназарон бар ин назаранд, ки кишту тавлиди ҳам пахта ва ҳам гандум барои Тоҷикистон зарурист. Зеро ба таъкиди ин соҳибназарон дар сурати боло рафтани қиммати нахи пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистон фоида ба даст хоҳад овард ва дар сурати поён шудани қимматҳо, ақаллан корхонаҷоти нассоҷии кишвар бо ашёи хом таъмин хоҳанд шуд. Ба қавле «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад».
XS
SM
MD
LG