Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 ҳазор ҳектор замини бекор


Наздик ба 20 ҳазор ҳектор замини обии қаламрави вилояти Хатлон амалан бекор хобида, кишти дубораи маҳсулоти ғизоӣ дар он сурат нагирифтааст.

Ба иттилои мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон, имсол қарор аст, ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ ва афзоиши истеҳсоли гандум, беш аз 100 ҳазор ҳектор замини обии минтақа дубора кишт шавад, аммо ҳамоно садҳо ҳектор замин дастнохӯрда боқӣ мондааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши қимати маводи озуқа, аз ҷумла орду гандум дар бозори ҷаҳонию минтақаӣ, кишоварзон талош мекунанд, ҳар ваҷаб замини корамро кишт кунанд, аммо мушкили аслӣ ин аст, ки онҳо барои анҷоми кишти такрорӣ маблағи кофӣ рӯйи даст надоранд.

Афзоиши қарзҳои бонкӣ


Муҳаммадраҳим Абдуллоев, роҳбари хоҷагии деҳқонии "Маҳмадзоҳир"-и ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ҳарчанд деҳқонон аз супурдани молиёт барои истеҳсоли маводи кишоварзӣ озод шудаанд, ҳамоно афзоиши қарзҳои бонкӣ ва андоз ба бисёре аз кишоварзон имкон намедиҳад, бо "дасту дили гарм" дар замин кор кунанд:

«Ин ҷо ҳар як шахс ба манфиати худ ва хонаводаи худ кор мекунад. Аммо бояд кишоварзон кӯшиш кунанд, ки замине, ки холӣ хоб аст, дубора мавриди кишт қарор диҳанд. Баҳори имсол баои бисёре аз кишоварзон пурталаф буд. Имсол ҳосил камтар мешавад. Гузашта аз он, аз бонкҳо маблағи қарз дарёфт кардан душвор шудааст. Аз ҳамин сабаб, бояд имтиёзҳои бештар ба деҳқонон дода шавад, аз ҷумла аз пардохти молиёт, то бо майлу рағбат дар замин кор кунанд…»

Ва аммо гуфта мешавад даҳҳо ва шояд садҳо ҳектор замини корами ноҳияи Ёвон маҳз ба сабаби қарздории деҳқонон ҳоло бекор хобидааст. Имомназар Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Ёвон, дар ин иртибот мегӯяд:

«Ҳастанд хоҷагиҳои деҳқоние, ки оид ба гузаронидани кишти такрории маводи кишоварзӣ саҳлангорӣ мекунанд, талош надоранд, ки барои ду соли оянда озуқаро захира кунанд. Ин пеш аз ҳама, барои беҳсозии рӯзгори худи онҳост. Аммо ҳамин зумра хоҷагиҳое, ки кишти такрорӣ накардаанд, мунтазам андозҳои маҳаллии иҷтимоиро низ саривақт пардохт намекунанд…»

Кишти такрории иҷборӣ

Масъулони идораи кишоварзии Хатлон мегӯянд, ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мақомот омодаанд, аз ҳама роҳҳои қонунӣ кишоварзонро ба кишти такрорӣ водор кунанд. Қурбон Назаров, яке аз масъулони идораи кишоварзии минтақа, мегӯяд:

«Мо чанд дафъа вазифадор кардем, ки кишти такрорӣ анҷом диҳанд. Ба ҳар як хоҷагии деҳқонӣ ҳамин ҳушдорро додем. Агар ҳамин ҳушдор ҳам асар накунад, кишти такрорӣ накунанд, фаъолияти ин хоҷагиҳо қатъ карда хоҳанд шуд…»

Ва аммо коршиносон бар ин андешаанд, ки мушкил бо ин роҳ ҳалли худро пайдо нахоҳад кард. Бар асоси иттилои манобеъи наздик ба ҳукумат, бахши аъзами заминҳои обӣ ва қобили кишт дар ҷануби кишварро афроди мансабдору сарватманд соҳибӣ мекунанд ва водор кардани онҳо ба кишти такрорӣ берун аз имкон ба назар мерасад. Ҷаҳонбек Юсуфов, муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон, бо тасдиқи ин иддао мегӯяд:

«Баъзе хоҷагиҳои деҳқоние дар мо сабтином шудаанд, ки замин гирифтаанд, мавзеъҳои хуб аст. Аммо дар пайдо кардани соҳибмулкони аслии он баъзан вақт мушкил дорем. Лекин баъзе хоҷагидорон дар сатҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон кор мекунанд, онҳо аслан истиқматкунанда, сокини ноҳияи мо нестанд. Мо бисёр вақт мушкилӣ мекашем, ки зироати асосӣ коррида, онҳо дубора кишт анҷом намедиҳанд, замин холӣ мемонад. Хоҷагиҳои калонтарин, ба монанди «Ҳолдинг ганҷ», «Сомониён», муфтиёти ҷумҳурӣ ва бисёре дигар, заминҳои васеъ гирифта, аммо бисёр вақт заминашон бекор хобидааст. Ғалларо як бор мекоранд, баъди ҷамъоварӣ, садҳо ҳектор замин холӣ ва дастнохӯрда бо қӣ мемонад…»

Ҳамакнун кишоварзон ва деҳқонон дар вилояти Хатлон бо назардошти дубора кишт нашудани замини гандум, аз эҳтимоли камчинии орду гандум ва болоравии нархи он дар бозор ҳарф мезананд. Ба иддаои коршиносон, имсол он рекорди як миллионтоннаии истеҳсоли гандум, мисли соли гузашта, ба даст нахоҳад омад. Таъсири ин вазъият аллакай дар бозорҳо мушоҳида мешавад. Ба унвони мисол, қимати як халта орд дар фурӯшгоҳҳои Қӯрғонтеппа ҳоло мувофиқ ба навъаш аз 110 то 120 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо чанд ҳафтаи пеш наздики 8, илло 10 доллари амрикоӣ боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG