Додгоҳи шаҳри Норак панҷ ҷавони аз 18 то 23-солаи сокини ин шаҳрро бо иттиҳоми дуздии чанд мағоза ва дорухонаҳо гунаҳкор дониста, аз панҷуним то шашсолӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Додгоҳ: Гуноҳи айбдорон собитшуда аст
Раиси мурофиаи додгоҳии ин ҷавонон Шамсуллоҳ Аҳёев зимни хондани ҳукми додгоҳ гуфт, ин нафарон бар асоси далелҳои шайъӣ муҷозот шудаанд. Аммо эътирозгарон ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ ва ноодилона меноманд.
Бино ба хабарҳо, пас аз содир шудани ҳукми додгоҳ эътирозгарон ба сӯи дару тирезаҳои додгоҳ сангпартоӣ карда, панҷараҳоро шикастаанд. Кормандони милисаи маҳаллӣ барои ба боздоштгоҳ бурдани маҳбусон маҷбур шудаанд нерӯи иловагӣ даъват кунанд. Ба гуфтаи бархе аз шоҳидон, ба ёрии милисаи маҳаллӣ аз ноҳияҳои Ёвон ва Данғара нерӯҳои интизомӣ омадаанд. Вале мақомоти расмӣ ин хабарро таъйид накардаанд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, кормандони милиса барои пароканда кардани эътирозгарон аз оби мошинҳои оташнишонӣ истифода кардаанд.
"Писари ман гуноҳ надорад"
Модари Сулаймон, яке аз ҷавонони маҳкумшуда, мегӯяд, вақте ин ҷиноят содир шуд, писари вай дар дар шаҳри Душанбе ба сар мебурд. Аммо кормандони милиса дар пайи ҷустуҷӯи Сулаймон хонаашро бе огоҳӣ ва бидуни ҳузури ӯ кофтукоб ва худи ӯро таҳқир кардаанд.
Пайвандони маҳкумшудагон иддао мекунанд, ки фарзандони онҳо гуноҳ надоранд ва дуздони воқеӣ дар озодӣ ба сар мебаранд. Зеро, мегӯянд онҳо, пас аз боздошти ин ҷавонон низ ҳодисаҳои дуздии дӯконҳо ва дорухонаҳо дар шаҳри Норак борҳо сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол Ашуралӣ Қарахонов, вакили мудофеи ин ҷавонони маҳкумшуда, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «теъдоди бору колое, ки тайи 3 соат дар як шаб қариб аз 10 мағоза ва дорухона гӯё аз ҷониби ин панҷ ҷавон ғорат шудааст, бори як мошини Камаз аст. Вале ҳангоми тафтишот ва кофтукоби манзили ин ҷавонон ягон асаре аз ин бору коло пайдо нашудааст. Додгоҳ наметавонад бе далелҳои шайъӣ ин ҷавононро маҳкум кунад.».
Нақли шоҳидон
Шоҳидони айнӣ бовар доранд, ки маҳкумшудагон дар боздоштгоҳ латтукӯб шудаанд ва зери фишор ба гуноҳ иқрор кардаанд. Яке аз шоҳидон мегӯяд: «Ҳамон рӯзе, ки ин бачаҳоро ба мағоза ооварданд, ман дидам, ки сару рӯяшон сиёҳу варрамида буд. Хусусан тамоми рӯи Сулаймон сиёҳу кабуд буд. Як ҷавони дигар, ки шояд ба пойҳояш зада буданд, натавонист аз зинаҳои мағоза боло шавад».
Коршиносон мегӯянд, норизоятиҳои мардум аз ҳукмҳои додгоҳҳо дар Тоҷикистон ва арзу шикоятҳо ба мақомоти додгоҳӣ ва дидситонӣ як амри муъмулӣ шудааст. Аммо эътирози густарда дар пайи ҳукми додгоҳ тайи қариб 20 соли ахир дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки сурат мегирад.