Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти занони фарбеҳ дар Тоҷикистон


Tajikistan --- Tajik women are sewing national closes, Shahrtuz, region in southern Tajikistan, 2006
Tajikistan --- Tajik women are sewing national closes, Shahrtuz, region in southern Tajikistan, 2006

Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари бонувони тоҷик баъд аз издивоҷ ва сисолагӣ вазни худро ба якборагӣ тағйир медиҳанд ва фарбеҳ мешаванд. Сабаби аслии фарбеҳшавии ҷавонон худдорӣ аз варзиш ва машқи бадан унвон мешавад.

Ба гуфтаи табибон, фарбеҳӣ дар натиҷаи истеъмолӣ аз меъёр беши таомҳои равғанӣ, хамирӣ ва ҳамчунин камҳаракатӣ ва ё фишорҳои сахти равонӣ ба миён меояд.

Зебуннисо Рустамова, камонвари маъруфи тоҷик, ки дар синни панҷоҳ тавонистааст симои ҷавони худро ҳифз кунад, низ мегӯяд, истеъмоли хӯроки серғизо ва худдорӣ аз машқҳои ҷисмониро сабаби фарбеҳӣ мешавад.

Пайомади пурхӯрӣ

Дар ҷомеаи Тоҷикистон аксари занони ҷавон фарбеҳиро мушкили ҷиддӣ намедонанд. Аммо як бахше аз онҳо барои харобшавӣ аз парҳезу доруҳои махсус истифода мекунанд, ки дар аксари ҳолатҳо баръакс боиси бемориҳои дигар мешавад.

Ҳамсӯҳбати мо хонум Муҳаббат 40 сол дорад. Вазни ӯ дар тӯли даҳ сол аз 55 ба 103 кило расидааст. Вай мегӯяд, асосан ғизоҳои гӯштӣ ва хамирӣ истеъмол мекунад. Хонум Муҳаббат дар яке аз бозорҳои пойтахт ба фурӯши ширинӣ машғул аст ва мегӯяд, фарбеҳӣ барояш мушкил эҷод мекунад:

«Ман ҳатто дар хона худам ҷуробамро пӯшида наметавонам, келину духтарам кӯмак мекунанд. Мехоҳам машқро сар кунам ва худамро хароб кунам. Либосҳои миллӣ мепӯшам. Мехоҳам, ки 45 кило шавам.»

Зебуннисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, мегӯяд, мушкили занони тоҷик ин аст, ки варзишро айб медонанд
Шарми занон аз варзиш


Зебуннисо Рустамова мегӯяд, омили аслии худдории занон аз варзиш шарм доштан аз машқи бадан аст: «Бисёр хуб мебуд агар барои занҳо ягон марказҳои махсуси варзишӣ ташкил мешуд. Ҳамаи мо бояд ба машқи бадан машғул шавем. Ин асоси зиндагии мо аст.»

Ин варзишгарзани тоҷик таъкид мекунад, ки сарфи 20 дақиқа барои машқи бадан беҳтару осонтар аз он аст, ки баъдан маблағҳои зиёд барои табобат сарф карда шавад.

Фарбеҳӣ ва вазни зиёд барои занони тоҷик як мушкили дигарро дар пай дорад. Аксари занони мусоҳиби мо мегӯянд, ки дар ёфтани либоси шинаму мувофиқ ба қаду басташон азият мекашанд, зеро аксари либосҳои замонавӣ барои занони хушқаду қомат духта мешавад.

Аз ин рӯ заноне, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд, баройи машқи бадан ба фитнесклубҳои занона мераванд. Ахиран теъдоди чунин марказҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе афзудааст.

Беэътиноӣ ба дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ

Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон муҳаббат ба варзиш аз кӯдакӣ тарғиб мешуд. Дар тамоми мактабҳо дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ гузаронида мешуд ва кӯдакон ҳамчунин ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ва варзиши сабук машғул мешуданд. Аммо ҳоло тарбияи ҷисмонӣ дар аксари мактабҳо дарси озод аст.

Мунира Раҷабова, омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт, мегӯяд, имрӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарбияи ҷисмонӣ зоҳир намешавад ва омӯзгорони ин соҳа низ хеле каманд. Ба гуфтаи ӯ, маъмулан духтарҳо аз иштирок дар дарсҳои варзиш худдорӣ мекунанд.

Табибон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад. Аммо нигоҳ доштани вазни мӯътадил осон ба даст намеояд ва заҳматталаб аст.

Зебоишиноси тоҷик Малика Ҷӯрабекова мегӯяд, варзиш асоси зебоист ва бояд аз боғча то мактаб дар байни кӯдакону ҷавонон ташвиқ шавад. Ба гуфтаи ӯ, пеш бурдани тарзи ҳаёти солим метавонад дар зиндагӣ ва бунёду ҳифзи оила низ нақши бузург дошта бошад.
XS
SM
MD
LG