Ҷаноби Назаров афзуд, падару модарон дар ҷараёни мурофиа гуноҳи худро иқрор кардаанд. Зимнан, додгоҳ ҳар яке аз онҳоро ба пардохти севуним ҳазор сомонӣ, муодили қариб 800 доллари амрикоӣ ҷарима маҳкум намуд.
Волидон аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд
Додраси парванда ҳамчунин гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ маълум шудааст, ки волидон аз сабаби мушкили молӣ ва нодорӣ фарзандони хурдсоли худро аз рафтан ба таълимгоҳ манъ кардаанд:
«Асосан бинобар шароити вазнини зиндагӣ, надоштани маблағи кофӣ барои харидории сару либоси мактабӣ садди роҳи таҳсили ин духтаракон шудааст. Маълум шуд, ки онҳо аз моҳи сентябри соли 2009 то апрели соли 2010 умуман ба мактаб нарафтаанд. Падару модарашон расман бекор будаанд, ҷое кор. намекардаанд. Бо ин вуҷуд, онҳо ба андозаи 100(як нишондиҳанда баробар ба 35 сомонӣ аст) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима карда шудаанд…»
Ин дар ҳолест, ки яке аз волидони маҳкумшуда, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест, чун пардохти сеюним ҳазор сомонӣ ҷарима барои ӯ, ки ҷойи кор ва манбаъҳои даромади молӣ надорад, ғайри имкон аст.
Вай афзуд, ба таҳсили духтараш дар мактаб мухолиф нест, аммо бинобар дасткӯтаҳӣ хароҷоти таҳсили ӯро пӯшиш дода наметавонад.
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, алайҳи волидоне, ки ба таҳсили фарзандони аз 7 то 16-солаи худ монеъ шудаанд, бар асоси даъвоҳои макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва масъулони шӯъбаи маорифи шаҳр парванда кушодаанд.
Маҳмадсаид Насимов, муовини додситони Қӯрғонтеппа, мегӯяд, иддаои нодорию шароити сангини зиндагии ин афрод тасдиқ нашудааст:
«Аксарияти волидайн шароити зиндагиро сабаб оварданд. Аммо дар натиҷаи таҳқиқу арзёбиҳо муайян кардем ва ҳамсояҳояшон ҳам тасдиқ карданд, ки шароити зиндагии онҳо ба он андоза бад нест, ки натавонанд як сарулибоси мактабӣ барои фарзандашон харидорӣ кунанд. Барои ҳамин, парвандаи ҷиноиро нисбат ба ҳамон афроде, ки дидаву дониста, қасдан намемонанд ба дарс рафтан, оғоз кардем. Кӯдакони онҳое, ки монеъ ба таҳсилашон мешуданд, хурдсол буданд, то синфи 9 буданд. Сарқонун ҳам мегӯяд, ки таҳсил то синфи 9 дар мактабҳо ҳатмист. Аммо баъди ифтитоҳи парванда онҳо фарзандашонро ба мактаб гусел карданд ва аз мактаб ҳам маълумотнома оварданд, ки дар воқеъ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд…».
Афзоиши шумораи кӯдакон дар Қурғонтеппа
мақомоти маҳаллӣ мегуянд, бинобар захтии рӯзгор теъдоде аз аҳолии вилоят аз рустоҳо ба шаҳр кӯч бастаанд. Ин амал ба афзоиши шумори бачаҳои мактабхон дар минтақа боис шудааст. Раҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон мегӯянд, на ҳамеша ба он муваффақ мешаванд, ки волидайни муҳассилонро ба зарурати таҳсили фарзандашон итминон диҳанд ва кӯдакони аз таълим канормондаро ба дабистон баргардонанд.
Исмон Ҷӯраев, сарнозири шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар соли таҳсили гузашта 44 мавриди канор мондани ноболиғон аз таҳсил ё монеъ шудани волидон аз таҳсили бачаҳо,сабт ва барои ҷалби иҷбории кӯдакон ба таълим аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак дархост шудааст.
«Ин шумора 44 нафарро ташкил медод. Аз он миён дар ҳамкорӣ ва мусоидати мақомоти милиса ва прокуратура бахши аъзами кӯдаконро ба мактаб баргардондем ва ин шумораро ба 6-7 нафар фаровардем. Ҳодисаҳои ба мактаб ҷалб ншудани кӯдакон, мутаассифона, ҳоло ҳам дар бисёре аз мактабҳои Қӯрғонтеппа ба мушоҳида мерасад. Гап сари ин аст, ки теъдоди аҳолии шаҳр рӯ ба афзоиш мебошад. Аз ҳар ноҳия рӯзона то 20-25 кӯдак ҳамроҳи волидон ба Қӯрғонтеппа меоянд ва тибқи муқаррарот, онҳо бояд дар мактабҳои маҳаллӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. Гузашта аз ин, ҳоло дар мактабҳои мо 900 кӯдак аз ноҳияҳои атроф таҳсил карда истоданд. Ба ҳар ҳол, мо бояд тамоми тадбирҳоро андешем, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷавон дар боби ба таҳсил фаро гирифтан ва дарёфти маълумоти миёнаи умумӣ (асосӣ, синфи 9) поймол нашавад…»
Нодорӣ- омили аслии нарафтан ба мактаб
Дар чолҳои ахир шумораи кӯдаконе, ки ба сабаби камбизоатӣ ва дасткӯтаҳии волидони худ аз таҳсил дар мактаб канор мемонанд рӯ ба афзоиш овардааст.
Малика Қурбонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки вай дар ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ё хусусӣ кор намекунад ва рӯзгорашро бо корҳои хурду реза, аз қабили дуд додани сипанд мегузаронад.
Вай се кӯдак дорад ва омода кардани онҳо ба соли нави таҳсил барояш осон нест. Ҳоло хонум Малика барои духтари 9-солааш аз бозор ба таври нася ба қимати 20 сомонӣ як пойафзол харида, аммо пули онро ҳам якбора дода натавонистааст:
«Оҳиста-оҳиста медиҳам пулашро. Ҳамин туфлиро барои духтарам харидам, 20 сомонӣ буд, 3 сомониашро додам, боз бояд 17 сомонӣ диҳам. Насиб бошад, дар 5-6 рӯзи дигар, агар нағз кор кунам, медиҳам пулашро. Дар ҳамин бозор, ки кор мекунам, маро тоҷирон мешиносанд, бовар мекунанд. Аммо имсол ба духтарам сарулибос намехарам, порсола либосаш ҳаст. Танҳо ба 12 сомонӣ сумка харидам барояш. Охир осон нест, ман дар рӯз то 15, гоҳе 20 сомонӣ кор мекунам ва бояд шавҳари маъюбамро нигоҳубин кунам, фарзандонро хононаму хӯронам. Мо камбизоатем, агар зӯр ояд, шояд дигар духтарамро ба мактаб рафтан намонам, илоҷ нест…»
Бо ин ҳама, масъулони шӯъбаи маорифи Қӯрғонтеппа мегӯянд, ба хотири ҷалби ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таълим, имсол дар назар аст, ки аз ҳисоби созмонҳои хайриявӣ ва афроди саховатпеша ба фарзандони оилаҳои камбизоат кӯмакҳои моддӣ, назири сару либоси мактабӣ, қаламу дафтар ва адабиёти таълимӣ расонида шавад.
Ҳамоно омори дақиқ дар бораи аз таълим канор мондани кӯдакони синни мактабӣ дар Хатлон рӯи даст нест. Аммо гуфта мешавад, дар соли таҳсили 2009-2010 дар вилояти Хатлон қариб сеюним ҳазор духтар пас аз хатми синфи 9 аз идомаи таҳсил даст кашидаанд. Ва умдатан, волидонашон монеъи идомаи таҳсили онҳо шудаанд.