Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Gallup: Кишварҳои камбағал бештар тақводоранд


Пажӯҳишгоҳи маъруфи афкори умум Gallup бар ин назар аст, ки тоату ибодат дар кишварҳои камбағали олам дар муқоиса бо кишварҳои сарватманд хеле бештар аст. Аммо дар ИМА, ки яке кишварҳои ғанитарини олам аст, мизони пайравӣ ба дин ва эътибори он баланд мебошад.

Дар ҷараёни назархоҳии пажӯҳишгоҳи Gallup дар соли 2009-ум, ки дар 114 кишвари олам доир шудааст, аксари ширкаткунандагон дар гӯшаҳои мухталифи олам изҳор намуданд, ки дин дар ҳаёти онҳо нақши муҳим дорад. Ба навиштаи ин маркази амрикоии омӯзиши афкори умум дар саросари дунё тахминан 84 дарсади мардуми калонсол мегӯянд, ки дин дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо нақши муҳим дорад.

Кишварҳои «тақводор»

Дар даҳ кишваре, ки ҷои аввалро ишғол намудаанд, яъне Бангладеш, Нигер, Яман, Индонезия, Малавӣ, Шриланка, Сомалӣ, Ҷибутӣ, Мавритания ва Бурундӣ беш аз 98 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки мақоми дин дар ҳаёти онҳо хеле муҳим аст.

Gallup ёдовар мешавад, ки аксари кишварҳои, ба истилоҳ, "диндор" нисбатан камбағал буда, даромади солонаи нохолиси миллӣ ба ҳар фарди сокини он камтар аз 5000 долларро ташкил медиҳад. Муаллифони гузориш зикр намудаанд, дар қашшоқтарин кишварҳои олам, ки даромади нохолиси миллии он ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 2000 долларро ташкил медиҳад, тахминан 95% аҳолӣ динро дар ҳаёти худ муҳим мешуморанд.

Таваҷҷӯҳи хоси амрикоиҳо ба дин


Ба ақидаи ҳамин пажӯҳишгоҳ, баръакси он дар мамолики сарватманди олам, ки даромади нохолиси миллии он ба ҳар сари аҳолӣ бештар аз 25 ҳазор доллар аст, ҳамагӣ 47% пурсидашудагон гуфтаанд, ки дин дар ҳаёти онҳо мақоми муҳим дорад.

Аз ин байн ИМА-ро метавон ёд кард, ки сарфи назар аз сарватмандӣ ба дин таваҷҷӯҳи хос дорад. Дар ин кишвар беш аз 65% аҳолӣ мегӯянд, ки дин дар ҳаёти онҳо муҳим аст.

Мизони диндорӣ дар Тоҷикистон

Gallup Тоҷикистонро дар ҷои 56-ум қарор додааст. Аснои пурсши соли 2009-ум дар ин ҷумҳурӣ 84% пурсидашудагон тасдиқ кардаанд, ки дин дар ҳаёти онҳо муҳим аст ва 12% иброз доштаанд, ки дин дар ҳаёти онҳо ҳеҷ мақоме надорад.
Ҳамин тариқ ба ақидаи пажӯҳишгоҳи Gallup мардуми Тоҷикистон на танҳо дар миёни ҷамоҳири собиқ шӯравӣ, балки дар байни тамоми кишварҳои собиқ коммунистӣ ба дин мақоми баландтаре қоил аст.

Ҷои ёдоварист, ки ҷумҳурии дигари собиқ шӯравӣ-Эстония дар пурсиши мазкур ҷои охиринро ишғол намудааст. Дар ин кишвар 16 % пурсидашудагон таъкид кардаанд, ки дин дар ҳаёти онҳо муҳим аст, вале 78% иброз доштаанд, ки дин дар ҳаёти онҳо нақше надорад.

Баҳсҳои мазҳабӣ


Gallup хотирнишон мекунад, ки дар ҳар яке аз 114 кишвари мавриди назархоҳӣ тахминан 1000 нафарро ба воситаи телефон ва ё гуфтугӯи рӯ ба рӯ мусоҳиб шудааст.

Шореҳон ба сархатти мақолаҳои хабарсози ҷаҳон ишора намуда, яке баҳси бунёди масҷид дар канори макони ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001-ум дар Нюйорк, дигаре манъи пӯшидани ниқобу бурқа дар Фаронса, севумӣ ҷанҷол дар калисои католик ва ғайраву ҳоказоро нишондиҳандаи таъсиру нуфузи дин дар ҳаёти рӯзмарраи мардум меноманд.

Агар ба мавзӯъҳои рӯз дар Тоҷикистон ҳам назар афканем, вазъ ҳамин аст: пайравони фалон гурӯҳи исломӣ боздошт ва ё ҳабс шудаанд, президент аз волидайн хостааст, ки фарзандонашонро аз мадрасаҳои хориҷии исломӣ ба ватан баргардонанд ва ғайра. Аммо назархоҳии Gallup аз он шаҳодат медиҳад, ки дар паси ин ҳама сархатҳову кашмакашҳо миллиардҳо нафар мардуми гӯшаҳои гуногуни олам бо хомӯшиву фурӯтанӣ ҳаёташонро бар асоси пояҳои дину оинашон тарҳрезӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG