Саймурод Сафаров, сокини солманди деҳаи Оқмазори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, мегӯяд, даҳҳо хонаводаи маҳаллӣ аз ҳукумати ноҳия борҳо хостори ҳалли мушкили беобӣ шуда, аммо ҳамоно оби софи нӯшиданӣ орзуи қадимаи пиру барнои ин деҳ боқӣ мондааст:
«Азоби мо аз ин зиёд мешавад магар?! Ман ба 75-солагӣ расидам, аз як-якуним километр роҳ ба ҳамин ҷо меоям, 2-3 соат навбат мепоям дар ҳамин офтоби гармӣ, баъд ду-се сатил об мегирам. Ҳар рӯз ду дафъа ба ин ҷо меоям. Худо хайри мардони деҳро диҳад, ки ҳамин обро ҳам аз зери тепа бо шланг ин ҷо наздиктар оварданд, вагарна, ҳоламон бисёр табоҳ буд. Баъзан вақт зӯрам меояд обкашонӣ, аз Худо мехоҳам, ки ҷонамро гираду аз ҳамин азоби беобӣ раҳо хӯрам. Охир ман одами советиам, пеш шароит беҳтар буд, бо мошинҳо ҳар рӯз ба мо об меоварданд, наход имрӯз ҳукумат ғами ҳамин мардуми бечораву камбағалро накунад?! Мо ягон бор чеҳраи раиси ноҳияро надидем, аз мо касе мувозибат намекунад, ба дидани аҳволи мо намеоянд…»
Вай меафзояд, дар деҳаи мазкур беш аз 60 хонавода бар сар мебаранд ва аз норасоии оби нӯшиданӣ, валангории роҳҳо ва набуди бунгоҳи тиббию пизишкон азият мекашанд.
Бобои Саймурод сарфи назар аз кӯҳансолиаш рӯзе ду дафъа тавассути хару аробааш аз масофаи беш аз ҳазор метр ба манзилаш об мекашонад ва мегӯяд, обкашонӣ шуғли аслии бахши аъзами сокинони қобили кори деҳа мебошад.
«Бозии обкашии кӯдакон»
Дар баробари бобои Саймуроди 75-сола, ҳамчунин Меҳроҷи шашсоларо дар лаби оби дур аз деҳа мебинам, ки бушкаҳои холӣ ба даст интизори навбати обгирии худ истод буд. Меҳроҷ мегӯяд, вай низ ҳамарӯза ҳамроҳи модараш ба обкашонӣ меояд, зеро падар ва бародари бузургаш ҳоло дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишваранду вай ягона дастёри модар мондааст:
«Ман об мекашонам, дар ҳамин ду баклашка. Бо ин об дар хона дасту рӯ мешӯем, лекин на ҳар рӯз оббозӣ мекунем, об намерасад. Аз ҳамон поёни деҳа меоем обгирӣ, дур ҳам бошад, одат кардам дигар. Дар як рӯз се бор омада меравем. Лекин одам монда мешавад, ба бозӣ кардан ҳам вақт намемонад…»
Оқмазор деҳаи дурдасте дар ноҳияи Вахш буда, дар баландӣ, мавзеъе монанд ба биёбон қарор дорад. Заминҳои ин ҷо ғайриқобили кишт буда, об дар ин маҳал ғизои камчину нодир мебошад.
Хайрӣ Қаландарова, сокини маҳаллӣ, мегӯяд, аксари мардуми деҳа нодору камбизоат буда, агар бихоҳанд ҳам, ночор, наметавонанд ба қасди деҳаҳои обод, тарки зодгоҳи худ кунанд:
«Буҷет надорем, ки дар ягон ҷойи обод порчае замин бихарему кӯч бандем, хеле монда шудем аз ҳамин тарзи зиндагӣ, аммо илоҷ нест. Одамоне, ки каму беш пул доранд, ё фарзандонашон дар Русия мардикорӣ карда маблағ ҷамъ мекунанд, аввал мераванд дар ҷойҳои обдор замин харида, хона месозанд ва аз ин ҷо мекӯчанд. Чанд рӯз пеш ҳоҷӣ Рустам, ҳамсояи мо ҳам, ки шароити зиндагиаш каме хубтар буд, ба шаҳри Қӯрғонтеппа кӯчид, он ҷо замин гирифта, хона сохт. Ҳар касе ки аз ин ҷо меравад, барои набудани об меравад, вагарна ин ҷо ватани бобоии мост, худамон, падару модарамон ҳамин ҷо зода шудаанд. Аммо ҳар ҷо ки об ҳаст, ободӣ ҳаст. Шароит шавад, аз баҳри ин маҳал мебароему мекӯчем…»
Хонум Қаландарова меафзояд, обе, ки сокинони Оқмазор аз он истифода мекунанд, низ чандон соф нест ва мавориде шуда, ки бар асари истеъмли оби ноҷӯшонида одамон бемор шудаанд:
«Касал ҳам мешаванд, мо медпункт ҳам надорем, мо аз ҳама чиз маҳрумем. Агар фарзандомон бемор шуданд, маҷбурем, ки ё ба бемористонҳои шаҳри Сарбанд равем ё ба Данғара. Аз Худо тавалло мекунем, ки беморамон дар ин роҳҳои валангор, то расидан ба беморхона ҷон ба ҷаббор насупоранд. Таваккал ба Худо мекунем…»
Харобиҳои деҳи Оқмазор, набуди об, пизишкон ва мактаби хуби таҳсилоти ҳамагонӣ, аксари ҷавононро барои идомаи зиндагӣ дар ин русто дилсард кардааст.
Оқмазор муаллиму духтур низ надорад
Аммо Саидмуҳиддин Сабзалиев, як ҷавони 18-солаи деҳи Оқмазор мегӯяд, ҳарчанд вай танҳо то синфи 9-ум дар мактаб хондааст, бисёр мехоҳад, ки дар сурати пайдо шудани имкони молӣ, таҳсилашро дар донишгоҳи тиббӣ идома дода, ҳамчун пизишк барои ҳамдеҳаҳои азиятдидаи худ хидмат кунад:
«Мо ба ҳамин гуна флагҳои калони 20-литра об мекашем. Ҳар чи ки ҳамин харҳо ҳастанд, вагарна, ин мардуми мо бе хар мисли бе даступоянд. Ба хар ҳамин гуна 2-3 бушкаи калонро мебандему ба хонаҳо об мекашем. Албатта, бисёре аз ҷавонон, ҳамсолони ман намехоҳанд дар ин деҳи нообод зиндагӣ кунанд, касе имконият дорад, меравад ба шаҳрҳо. Ҳар боре хоб мебинам, ки ин деҳаи мо обод шудаву об омадааст, мактаби хубе дорему бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст, роҳҳоямон ҳам асфалтпӯш шуда, одамон шод зиндагӣ мекунанд. Дил мехоҳад ба ҷамин хел ҷойҳои обод равем. Лекин дар асл проблемаҳоямон бисёр. Бисёри ҷавонон нохонда мемонанд. Агар шароити молиявиамон хуб мешуд, мехостам духтур шавам, ё ақаллан муаллим, муаллимон ҳам дар мо намерасанд. Агар ҳама кӯч бандем, мардуми қашшоқи деҳаро кӣ нигоҳубин мекунад?!»
Чунин ба назар мерасад, ки аксари сокинони деҳи Оқмазор фарорасии мавсими сарморо бо беқарорӣ интизорӣ мекашанд. Ҳарчанд, ҷодаҳо бар асари бориши барфу борон лойолуду хароб мегарданд, аммо дар зимистон дар ин деҳ асосан оби борон истеъмол мекунанду ташвиши обкашонӣ аз садҳо метр дурии роҳ камтар мешавад.
Аммо агар бориш зиёд нашуд, одамон водор мешавад, ки оби мошинҳои обкаш ҳоро бихаранд. Як мошин обро бар ивази то 100 сомонӣ харидорӣ мекунанд, ки барои бахши аъзами сокинони деҳи Оқмазор ин маблағи ҳангуфт ҳисоб мешавад.