Камерон Байли, яке аз раҳбарони ин рӯйдоди фарҳангӣ ба хабарнигорон гуфт, ки “ба мавзӯъи нақзи ҳуқуқи инсон рӯ овардани корбардорони филмҳои ҳуҷҷатӣ як чизи маъмулист, аммо соли ҷорӣ мо инчунин шоҳиди ба ин мавзӯъ бахшида шудани филмҳои ҳаҷвӣ шудаем.”
Ҷашнвора бо ҳузури ситораҳои синамои ҷаҳон
Ба ақидаи ӯ, коргардонони филмҳои ҳаҷвӣ дар арсаи ҳимояи ҳуқуқи башар талошҳои шоиста анҷом додаанд.
Соли ҷорӣ дар ҷашнвораи Торонто, маҳсули кории наворбардорон аз 59 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Эрон, Ироқ, Қирғизистон ва Русия намоиш дода мешавад. Дар умум, доварони ҷашнвора бояд ба 258 филми ҳаҷвӣ ва 81 филми ҳуҷҷатӣ баҳо диҳад.
Қарор аст, ки дар ҷаҳорчуби ҷашнвора, тамошобинон ва дӯстдорони синамо бо Майкл Мур-наворбардори филмҳои ҳуҷҷатӣ, Бил Гейтс- таъсисдиҳандаи ширкати Майкрософт, Стив Неш- ситораи баскетбол ва Брюс Спрингстен -овозхони маъруфи рок вохӯрда мавзӯҳои мухталифро мавриди баҳс қарор диҳанд.
Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи тантанавии ҷашнвораи Торонто, бузургтарин ситораҳои Ҳоливуд ва синамои Аврупову ҷаҳон назири Никол Кидман, Роберт Де Ниро, Эдвард Нортон, Катрин Денёф, Кевин Спейси, Мет Дамон, Майкл Шин, Микки Рурк, Бил Мюрей, Вил Феррел, Меган Фокс, Ума Турман ва Оливия Нютон Ҷон ширкат кунанд.
Баъд аз танаффуси даҳсола, ба ҷашнвораи Торонто ду барҷастатарин шахсияти синамои ҷаҳон Клинт Иствуд ва Роберт Редфорд бармегарданд. Онҳо филмҳои нави худ “Аз ин ба баъд” ва “Дасисакор”-ро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард.
Филмсозони ҷавон дар ҷашнвора
Дар баробари ин бузургони синамо, дастовардҳои филмсозони ҷавон ва ҳанӯз ношинохта низ намоиш дода хоҳад шуд. Коргардони эронӣ Рафи Пит, навори худ “Шикорчӣ”-ро дар ин ҷашнвора муаррифӣ мекунад. Ин достон дар бораи Алӣ ном ҷавони эрониест, ки ба тозагӣ аз маҳбас озод шуда ва дар хонаводааш мусибат рух медиҳад.
Дар тирпарронӣ миёни ҷинояткорон ва полис ҳамсараш кушта ва духтрачааш нопадид мешавад. Алӣ бо қасди интиқом, камони дурбиндорашро гирифта ба теппаҳои атрофи шаҳр меравад. Аммо намедонад, кӣ аз қасос гирад.
Филми хандаовари коргардони қирғиз Актан Арин Кубат “Свет ака” ном дорад. Ин достон дар бораи ҳаёти деҳаи дурдасти қирғизӣ нақл мекунад.
Электрики ин деҳа бо лақаби Свет ака ба аҳолӣ ёрдам медиҳад, ки ҳисоби барқашон камтар шавад ё ба таъбири дигар барқро медуздад.
Вай орзу дорад, ки дар назди деҳа, нерӯгоҳи барқ бо истифода аз нерӯи шамол бунёд карда ҳамдеҳагонашро бо нерӯи арзони барқ таъмин кунад.
Русияро дар ҷашнвора се филм намояндагӣ мекунад. Навори филбардор Алексей Попогребский “Ман ин тобистонро чи гуна гузаронидаам”, филми Алексей Учител “Бар” ва “Арвоҳони бесадои” Алексей Федорченко.
Ҷашнвора то 19 сентябр идома хоҳад кард ва дар он 112 филми нав бори нахустин намоиш дода хоҳад шуд.