Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши зан дар ҷомеъаи мардсолори Русия


Шояд ҳам баъди пошхӯрии коммунизм дар Русия, бисёр чиз тағйир карда бошад. Аммо ҳамоно масъалаҳое ҳаст, ки ба ин зудӣ тағйир нахоҳад кард. Ҳарчанд имрӯз занҳо дар Русия бештар аз ҳар вақти дигар мардсифаттар шудаанд, аммо аён аст, ки нақши онҳо дар ҷомеа дуюмдараҷа боқӣ мемонад

Шояд яке аз аёнтарин пешрафтҳое, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ дар ҷомеаи Русия базудӣ ба чашм мехӯрад, ин зани ронанда мебошад.

Занони рус мардсифаттар мешаванд

Ҳоло шояд ҳар мошини дуюмро дар ин кишвар занон ронандагӣ мекунанд. Лера Лабзина яке аз онҳост. Вай мегӯяд:
«Ман қариб ду сол аст, ки ронандагӣ мекунам ва аз ин хеле шодам”.

Вай мегӯяд, ки ронандагӣ муҳимтарин қадам барои дастёбӣ ба истиқлолияти шахсии ӯ шудааст:

“Ба фикри ман, ин як қадами дигар ба самти мустақилияти зан аз мард аст. Аз ин рӯ, зан бояд ронандагиро омӯзад”

Баробар бо шумори қобили мулоҳизаи занони мошинсавор дар хиёбонҳои Русия, ҷомеаи ин кишвар бо таҳаввулоти ҷиддии хеле зиёд рӯбарӯ шуд ва ҳоло занҳои зиёдро мешавад машғули корҳое дид, ки қаблан танҳо хоси мардон буд.

Ҳоло, масалан дар Русия занҳои вакили дифоъ, соҳибкор, раҳбари корхонаро бисёр дучор шудан мумкин аст. Вале баъзе мардон бо ин розӣ нестанд. Мисли Николай Мухин, ки мегӯяд, дар сари чанбар бояд фақат ва фақат мардон бишинанд:

“Вақте ман дар чароғак интизори ҳаракат мемонам, як чашмам ҳамеша ба он аст. Вале занҳо чӣ тавр рафтор мекунаданд? Онҳо лаби худро ранг мекунанд. Барои онҳо хондани маҷаллае сари чанбари мошин кори оддӣ аст. Вале ин як ҳолати хатарнок аст”.

Русия ҷомеъаи падарсолор аст

Бояд гуфт, дар як ҷомеаи падарсолоре мисли Русия ин андеша хеле маъмулӣ аст. Мутахассиси улуми ҷинсият Елена Здравомислова мегӯяд, ки ҳатто дар ин давраи авҷи капитализм зане, ки соҳиби оилаву фарзанд аст, наметавонанд мустақилона тасмим бигирад, ки кай ва дар куҷо кор кунад.

“Занҳо бо машғулиятҳои анъанавии мардҳо сару кор доранд, онҳо ронандагӣ, тиҷорат мекунанд. Вале дар айни замон, баҳсҳо сари тафовутҳои равониву ҷисмонии занҳо зиёд аст. Ва дар натиҷа, онҳо аз мақоми баробар бо мардон дар ҷомеа маҳрум ҳастанд”.

Мисолҳои табъйизи ҷинсӣ дидани занон дар кору машғулиятҳои дигар, хеле зиёд аст. Олга Алленова, хабарнигори нашрияи “Коммерсант”, ки масоили Қафқозро баррасӣ мекунад мегӯяд, ки дар фаъолияти хабарнигории худ бо чунин маҳдудиятҳо зиёд рӯбарӯ шудааст.
“Ман аллакай тарзи бархӯрд бо ингуна ҳолатҳоро ёд гирифтам. Ҳолатҳое буд, ки ба ҷое роҳ намедоданд ё ба сафарҳое, ки журналистонро даъват мекарданд, намемонданд ё мегуфтанд, ки занҳоро ба дохили чархболи низомӣ иҷозат намедиҳем, ки ворид шаванд”.

Ингуна бархӯрдҳо хоси ҷомеаҳои падарсолорист, ки одат доранд ҳама тасмимҳоро аз забони марди хона бишнаванд. Вале айни замон, дар аҳди шӯравӣ мавқеи хизматгору ёрирасони мард будани зан андак таҳрир шуд ва ҳукумати шуравӣ таблиғгари баробарии ҷинсиятӣ гардид.

Аҳди шӯравӣ чаҳорчӯбаҳои мардсолориро то ҳаде шикаст

Бахусус баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занҳоро ташвиқ мекарданд, ки ҷои шавҳару падарҳои худро гирифта нақши ҳам падару модар ва ҳам коргарро ифо кунанд.

Ирина Михайловская, сардабири нашрияи русизабони "Forbes Style" мегӯяд, аз ин лиҳоз ба андешаи ӯ занони шӯравӣ дорои ҳама ҳуқуқ буданд:
“Занҳо дар Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ чунон корҳои сахти зиёдро дар баробари мардон иҷро мекарданд, ки ба назари ман дигар ҳеҷ ниёз ба дастёбӣ ба ҳуқуқи аз ин зиёд намонда буд”.

Мунаққидон мегӯянд, ки дар вазифаҳои бомасъулияти давлатӣ замони шӯравӣ мардонро таъйин мекарданд. Аммо бо ин вуҷуд, тадриҷан дар марказҳову шаҳрҳо, мисли Маскав мардум одат карданд занҳоро дар баробари мардҳо бубинанд.

Вале на дар ҳама ҳолатҳо. Лера Лабзина мегӯяд, мардҳо ҳамоно ба сахтӣ занро ба ҳайси ронандаи мошин қабул мекунанд:
“Мардҳо ҳеҷ вақт занро сари чанбари мошин дуруст қабул намекарданд ва нахоҳанд кард. Аммо айни замон, мардоне ҳам ҳастанд, ки дуруст ронандагӣ карда наметавонанд”.

Коршиносон мегӯянд, ки ингуна масъалаҳоро намешавад ҷудо аз масъалаҳои дигари вобаста ба риояи ҳуқуқи инсон ва рафтори дигари иҷтимоӣ дар ҷомеа баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG