Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афсари муттаҳам ба ришватхорӣ


Ду афсари вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз таъқиби зиёд аз ҷониби кормандони ожонсии зиддифасоди вилояти Хатлон, дар марзи Узбакистон, воқеъ дар ноҳияи Носири Хусрав, боздошт шуданд.

Нозимҷон Қодиров, муфаттиши аршад аз Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи вилояти Хатлон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба ин ду афсари вазорати умури дохилӣ бо иттиҳоми ришватситонӣ ва сӯйистифода аз мақоми хидматӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст.

Ҷаноби Қодиров афзуд, кормандони масъули шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Носири Хусрав Носир Боев ва Бахтиёр Бозоров шаҳрвандеро ба пардохти 600 доллари амрикоӣ ришва маҷбур кардаанд. Афсарони милиса таҳдид кардаанд, ки дар акси ҳол, ӯро дар содир намудани ҷинояти сангин муттаҳам намуда, ба ҳабс хоҳанд гирифт:

Нозимҷон Қодиров, намояндаи Оҷонси мубориза бо фасод
«Лейтенанти калон, муфаттиши ШКД-и ноҳияи Носири Хусрав Носир Боев ва ходими дигари милисаи ноҳия Бахтиёр Бозоров як шаҳрвандро, ки бо мошинаш аз ноҳия берун мерафт ва дар он як мусофирзан дошт, дар роҳ боздошта, ҳуҷҷатҳои хидматиашонро нишон додаанд. Ба вай таҳдид кардаанд, ки гӯё бо ин зан алоқаи ҷисмонӣ доштааст ва агар як миқдор маблағ надиҳад, дар пеши оила ва ҷамъият шарманда мекунанд. Ҳамон рӯз аз вай 370 сомонӣ, баъдан 2000 рубли русӣ гирифтаанд. Бо ин ҳам қонеъ нашуда, 300 доллари дигар тамаъ кардаанд. Баъди гирифтани ин маблағ, онҳо аз ҷойи ҳодиса фирор карданд, аммо зимни як амалиёти мушкилу давомдор, дар баъди таъқиб ба дарозои 42 километр, дар дохили посгоҳи сарҳадбонӣ дар марзи Узбакистон дастгир шудаанд».


Талоши фирор ба кишвари ҳамсоя


Муфаттиши парванда аз ожонсии зиддифасоди Хатлон ҳамчунин гуфт, ҳоло таҳқиқи ин масъала идома дорад, ки афсарони милиса ба самти Узбакистон оё қасдан фирор мекарданд ё хайр.

Ва аммо талошҳои мо барои дарёфти назари вакилони мудофеъи афсарони боздоштшудаи милиса бидуни натиҷа анҷом ёфтанд. Носир Боев ва Бахтиёр Бозоров феълан дар маҳкамаи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд, зимнан, анҷоми сӯҳбат ва пурсидани мавқеъи онҳо нисбат ба ин парванда низ ғайриимкон мебошад.

Дар соли ҷорӣ ин якумин парвандаи ҷиноӣ алайҳи ходимони Вазорати корҳои дохилӣ дар қаламрави вилояти Хатлон аст, ки хусусияти коррупсионӣ дорад.

Ҷӯрахон Маъдиев, сардори ситоди раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳайати раҳбарии хадамоти пулиси минтақа аз ҳодисаи ришватситонӣ ва сӯйистифода аз мақоми хидматӣ намудани кормандони милиса дар ноҳияи Носири Хусрав нигарон буда, ҳама гуна ҷиноёт ва амалкардҳои хилофи қонунро аз ҷониби ходимони милиса маҳкум мекунад.

Ришватхорӣ дар миёни кормандони милиса

Ҷурахон Маъдиев, сардори ситоди раёсати корҳои дохилии Хатлон
Ба иқрори ҷаноби Маъдиев, масъулони идораи интихоб ва қабули кормандон ба мақомоти милиса, на ҳамеша мутахассисони шоиста ва тозакору бовиҷдонро ба кор қабул мекунанд:

«Кормандони милиса низ аз ҳамин ҷомеа ҳастанд, онҳо аз ҳамин ҷамъият интихоб ва ба мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда мешаванд. Мутаассифона, баъзе сифату характерҳои пасту номақбули баъзе кормандон дар вақти ҷудо карда гирифтан ба кор пура омӯхта намешаванд ва дар вақти фаъолияти хидматӣ баъзеи онҳо аз сустиродагӣ ва дигар омилҳо даст ба ҷиноят мезананд. Аммо набояд бо 1-2 корманди нопоки милиса ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳо дод, ба шаффофии кори мо ё кормандони милиса набояд шубҳа кард. Дар маҷмӯъ, корманди милиса ин як мутахассиси боинтизом, қонундон, ҳуқуқшинос ва бо халқ кор карда метавонистагӣ аст. Ин раво нест, ки ходими милиса даст ба ҷиноят занад».

Маоши нокофӣ - далели ришватситонӣ?

Ва аммо ба иддаои бархе аз коршиносон, маоши нокофӣ ва рӯзгори пурмушкил дар аксар вақт кормандони милисаро ба гирифтани ришва ё содир намудани дигар анвоъи ҷиноят таҳрик медиҳад. Маоши як ходими пулиси Хатлон ба ҳисоби миёна ҳоло ҳудудан 400-450 сомонӣ, муодили қариб 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки полковник Ҷӯрахон Маъдиев, сардори ситоди раёсати корҳои дохилии Хатлон, ки ҳақмузди моҳонааш баробар ба 800 сомонӣ будааст, мегӯяд, маоши нокофӣ ба ҳеҷ ба корманди пулис ҳақ намедиҳад, ки даст ба ҷиноят бизанад.

Ҷаноби Маъдиев афзуд, танҳо дар соли ҷорӣ 25 корманди шӯъбаҳои умури дохила дар вилояти Хатлон бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё иснод овардан ба шаъну эътибори милиса, аз ниҳодҳои тобеъи вазорати корҳои дохилии кишвар хориҷ карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG