Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум ҷонибдори сулҳу субот аст


Коршиносон мегӯянд, ноамниҳо дар водии Рашт ҳанӯз далели кофӣ барои дилсардии мардум аз қудратмандии ҳукумати Тоҷикистон буда наметавонанд. Онҳо мегӯянд, ҳамчунин барои ҳукумати Тоҷикистон ин интихоб, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ноамнӣ дар кишвар бо нерӯҳои сиёсӣ ҳамкорӣ кунад, пеш наомадааст.


"Ноамниҳо далели дилсардии мардум аз қудратмандии ҳукумат нест"

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, барои густариши ноамниҳои Рашт ба саросари кишвар ва рӯҳафтодагии мардум шароит вуҷуд надорад, зеро сокинони Тоҷикистон суботи сиёсиро аз ҳама волотар мегузоранд:

«Вазъ ба он дараҷа нарасидааст, ки мардум дар баробари ноамниҳо бетафовут бошад. Албатта, мардум аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд, зеро танҳо он метавонад суботи сиёсӣ дар кишварро таъмин кунад. Онҳое ҳам шояд ҳастанд, ки бетафовут ва нозири ҳол ҳастанд, аммо аксарияти мардум ҷонибдори сулҳу субот аст»

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси дигар, бо ишора ба норӯшанӣ ва набуди таҳлили воқеии вазъ дар шарқи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло барои ҳукумати Тоҷикистон ба даст овардани ҳамкорӣ ва ҷонибдории ягон нерӯи сиёсӣ, ё мардуми оддӣ на дар миқёси кишвар, балки дар худи Рашт муҳим аст:

«Кӣ мехоҳад, ки дар дари хонааш ноамнӣ бошад? Аз ин хотир мардуми Рашт беш аз пеш майл ба субот доранд ва омодаанд ба ин хотир бо ҳукумат ҳамкорӣ кунад. Инро бояд истифода кард»

Иддае аз коршиносон, ҳаводиси Раштро ба сиёсатҳои ахири ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи мазҳабиён, гурӯҳҳои фаъолияташон дар кишвар мамнуъ рабт медиҳанд ва ҳамлаи мусаллаҳона ба нерӯҳои амниятиро кори дасти як гурӯҳи норизои тундравони мазҳабӣ унвон мекунанд.

Рахна бар равобити ҳукумат ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ

Бархе аз коршиносон бо назардошти такон хӯрдани субот дар кишвар, афзоиши фишорҳои ҳукумат рӯи аҳзоби сиёсӣ ва матбуоти озодро соқит намекунанд. Бархе ҳам бо ишора ба боздошти Ҳусниддин Давлатов, узви Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ситезаҷуй, аз рахна дар равобити ин ҳизб бо ҳукумат сӯхбат мекунанд.

Аммо Муҳаммадалии Ҳаит, муовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳизби онҳо барвақтар аз ин ҳодисаҳо, баъд аз интихоботи парлумонии моҳи феврал, пайваста зери фишори ҳукумат қарор доштааст ва се узви ҳизб бо баҳонаҳои ночиз ба додгоҳ кашида шудаанд.

Ӯ гуфт, охирин боздошти узви ҳизб — Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, ба қавли мақомот, раҳбари гурӯҳи ҳамлавар ба нерӯҳои амниятии кишвар, ки 25 кушта ба миён гузошт, бар нигарониҳои ҳизб афзудааст. Вай афзуд:

«Ҳоло ҳукумат бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки нерӯҳои солими ҷомеаро даври ҳам орад. Аз он зӯргӯиву эйфория — баландпарвозиҳое, ки дар собиқ доштанд, то ба имрӯз дигаронро нодида мегирифтанд, худро ҳукумат меҳисобиданду аз мардум канор мегирифтанд, бояд канор раванд. Фарҳанги муколамаро дар кишвар ҷорӣ кунанд ва бо тамоми ақшори ҷомеа, бахусус аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, нерӯҳои солими сиёсии кишвар муколимаву гуфтушунид ба роҳ андозанд, ба хотири сулҳу субот ва дифоъ аз манофеъи миллӣ кор кунанд»

Матбуоти озод ягона дӯсти ҳукумат аст

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» имкони фишор бар матбуоти озодро баъид медонад ва мегӯяд, бо вуҷуди интиқоди заъфҳои ҳукумат, матбуоти озод ягона дӯсти ҳукумат аст, ки табарвор мегӯяд, вале нияти баде надорад:

«Метавон гуфт, ки мо аллакай бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунем, зеро мо ба аҳолӣ маълумот медиҳем. Ба аҳолӣ ва ҳатто худи ҳукумат мо манзараи воқеии ҳаводисро пешкаш мекунем. Худи мақомот баъзан манзараи воқеиро ба хотири пӯшидани миқёси мушкил таҳриф мекунанд»

Расонаҳои Русия, ки дар баррасии вазъи ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон, маъмулан аз мавқеъи Кремлин гузориш медиҳанд, дар заминаи қазовати ҳодисаи Камароб, ба заиф будани нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон ва зарур будани дахолати Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба қазия тамаркуз кардаанд.

Аммо, Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ мегӯяд, ки Тоҷикистон барои дифоъи якпорчагӣ ва истиқлолияти худ нерӯи кофӣ дорад

XS
SM
MD
LG