Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи рақси миллии қазоқӣ


Дар Қазокистон рақси миллиии «Қара журга», яъне дави сиёҳ эҳё мегардад. Сешанбеи 21-уми сентябр, дар дар шаҳри Остона бо пуштибонии Донишгохи улуми иҷтимоиву хукукшиносии Қазокистон бештар аз хазор нафар ин ракси миллии фаромӯшгардидаро ичро карданд.

Ин барномаи зебои хунариро хама шабакахои телевизионии кишвар намоиш доданд.

Мақсуд Норикбоев, раиси Донишгохи улуми иҷтимоӣ ва хуқуқшиносии Қазоқистон , ки ҳамроҳи дигарон рақс кард, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин тадобири фарҳангӣ тавассути рақс мусоидат ба рушди забон ва рӯҳи миллии қазоқон аст.

Қазоқҳо рақси миллиашонро эҳё мекунанд

Ӯ мегӯяд, дар ин рақс нерӯе ниҳон аст, ки он қазоқонро рӯҳбаланд месозад ва қалби онҳоро бедор мекунад.

Ба гуфтаи Мақсуд Норикбоев, қаблан дар маҳфилхо қазоқон бештар рақсхои миллии дигар халқҳоро иҷро мекарданд ва акнун ҷойи он рақсҳоро рақси миллиашон «Қара ҷурга» хоҳад гирифт ва акнун дар ҷашну махфилхои гуногун ба ҷойи раксҳои дигар миллатҳоро иҷро кардан рақси миллии худамонро иҷро кунем чи қадар мезебад.

Дос Кошим, сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тағдири» ё тақдири миллат низ ин гуфтаро чонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, ки ин барномаи роҳандозишуда бесобиқа аст ва қаблан дар Қазоқистон ҳеч шабеҳи ин маҳфиле доир нашуда буд.

Ӯ гуфт, Қара журга аз як сӯ варзиши хубе бошад, аз сӯи дигар рақсест, ки рӯҳи миллиро боло мебардорад ва миллатро муттаҳид мекунад. Чунин рақсхои миллиро баъзе миллатҳо доранд ва дар Қазоқистон аз нав эхё гардидани он басо кори хайрест .

Рақси қазоқӣ ба китоби Гиннес дохил карда мешавад?

Ин рақс, ба гуфтаи Айнаш Сеитова ховаршиноси қазок, дар даврони шӯравӣ дар Қазоқистон комилан фаромӯш гардида буд ва ба шарофати қазоқхои Чин, ки ба сарзамини обоиашон кӯчида омаданд, дубора эҳё гардид.

Дар ин маҳфили рақс асосан донишҷӯёну муаллимони Донишгоҳи улуми иҷтимоӣ ва ҳуқуқшиносии Қазоқистон ширкат карданд. Акнун ба таъкиди Мақсуд Норикбоев-- раиси ин донишгоҳ, дигар донишгоҳҳо ва ҳокимони шаҳру вилоятҳоро лозим аст, ки барои оммавӣ гардидани ин рақси миллӣ талош намоянд.

Ба ин барномаи рақсӣ, созмондиҳандагон намояндагони дар Қазоқистон будаи китоби рекордҳои Гиннесро низ даъват карда буданд, то рақсашонро ба ин китоб дохил кунанд.

Вале соле қабл «Қаражурга»-ро дар вилояти Шинҷони Чин, ки ин рақс ба шарофати онон эҳё гардид, 30 ҳазор нафар иҷро карда буданд.
XS
SM
MD
LG